Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Маҳмадсаид Убайдуллоев: Тоҷирон, анборҳои ордро қулф назанед!

8 август 2012, 04:57

Раиси шаҳри Душанбе ба тоҷироне, ки ба воридоту фурӯши орд машғуланд гуфт, дар моҳи Шарифи Рамазон амборҳоро қулф назада, захираҳои мавҷударо ба фурӯш гузоранд.

Мири пойтахт таъкид дошт, ки тоҷирон дар ин моҳи мубораки Рамазон бояд дар як рӯз 100 тонна ордро дар пойтахт ба фурӯш гузоранд: «Ҳар як тоҷир агар 10 тоннаӣ барорад дар як рӯз имкони 100 тонна ордро ба фурӯш гузоштан аст».
Бархе аз тоҷирон иброз намуданд, ки ҳамагӣ 5-6 тонна захираи орд доранд, ки аммо райиси шаҳр ба ҳарфи онҳо чандон эътимод накард. Убайдуллоев ба масъулин супориш дод, ки аз ин гурӯҳ тоҷирон (ордфурӯшон) касе ҳаққи пардохти хизматрасонӣ талаб накунад.
Ҳамзамон, тоҷирон ҳам дар назди Маҳмадсаид Убайдуллоев ваъда доданд, ки баҳри таъмини мардуми пойтахт ба орд ва коҳиш додани нархи он дар бозорҳо захираҳои худро ба фурӯш мегузоранд. Убайдуллоев илова намуд, ки талаботи солонаи пойтахт ба орд 93 ҳазору 500 тонна буда, то нимсолаи аввали соли равон 81 ҳазор тонна орд ба Душанбе ворид шудааст. Тибқи қарори шаҳрдорӣ дар моҳи Шарифи Рамазон дар бозорҳои пойтахт як халта орди «Шамалған»-и Қазоқистон 110 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!