Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:05

Қатъи алоқа бо Хоруғ бозори «Тоҷиктелеком» - ро гарм кардаст

10 август 2012, 06:14

«Тир»-и ба сими алоқа дар Бадахшон расида, иртиботи ширкатҳои мобилии хусусиро қатъ карда, тиҷорати ширкати давлатиро суръат бахшидаст.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, дар ҳоле, ки алоқа тавассути ширкатҳои хусусии мобилӣ дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он қатъ аст, талабот ба хизматрасонии ширкати давлатии «Тоҷиктелеком», ба маротиб афзоиш ёфтаст.  Асрор, як сокини ноҳияи Шуғнон мегӯяд, мардум бо хариди карта тавассути хизматрасонии ширкати «Тоҷиктелеком» бо хешовандонашон дар тамос шуда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, талаботи зиёд боис шудаст, ки дар нуқтаҳои тамос баъзан навбатҳои дароз ташкил меёбад.
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба суоли рӯзноманигорон дар бораи сабабҳои қатъи алоқа бо Хорӯғ чанд далелу фарзияро пеш овард, ки бовар кардан ба онҳо номумкин аст.
Дар ҳамин ҳол, 18 рӯз боз алоқа бо телефони мобилӣ бо Хоруғ қатъ гардида, сокинони шаҳр барои гуфтугӯ ва огаҳ шудан аз вазъи саломатии пайвандонашон ё аз телефонҳои хонагӣ истифода мекунанд, ё масофаи дарозро тай карда ба Рӯшон меоянд ва тамос мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!