Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:59

Танҳо 30-35% бозори маводи сӯзишворӣ аз они мост

10 июн 2011, 04:03

Болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз монополия шудани ин навъи тиҷорат дарак медиҳад. Ин нуктаро бархе аз иштирокдорони мизи гирд, ки ба мавзӯи «Бӯҳрони маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он» рабт дошт, изҳор карданд.

Аммо ин иддаоро сарвари ширкати «Газпромнефти Тоҷикистон»-и Русия Фарҳод Мирзоев рад карда гуфт, корхонаи мо арзиши сӯзишвориро вобаста ба нархи аслияш дар бозор ба фурӯш мегузорад.Ӯ мегӯяд, ширкати мазкур танҳо 30-35%-и бозори сӯзишвориро дар Тоҷикистон таъмин мекунад, на беш аз ин. Маврид ба ёдоварист, пардохти давлатии муайяннамудаи Русия дар содироти маҳсулоти нафтӣ ҳамакнун ба 415 доллари амрикоӣ расидааст. Аз ин рӯ ҳар як тонна бензини аз Русия ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 1 ҳазору 400 доллар қимат дорад.Нархи бензин бошад вобаста ба маркаҳои он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе аз 5 сомону 90 дирам то 6 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад.

Зимнан, коршиносон таъкид доштанд, ки болоравии нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон кори дасти ҳукумати Русия буда, ин кишвар ба ҳар васила фишорҳои иқтисодиву сиёсиро болои ҷумҳурии мо таҳмил мекунад.Аммо намояндаи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Хуршед Сафаров гуфт, дар бораи бекор кардани боҷи давлатӣ аз сӯи Русия соли гузашта давлати мо ба президенти ФР Медведев ва сарвазир Путин муроҷиат карда буд. Вале то ба ҳол ин масъала ҳал нашудааст ва дар гуфтугӯҳо низ бар ивази лағв чизеро напурсидаанд ва мо ин масъаларо масъалаи сиёсӣ намеҳисобем.»

Аммо суоли боз ҳамоно ин боқӣ монд, ки Тоҷикистон аз куҷо ва бо чӣ шарту шароит маводи сӯзишвории арзон дастрас кунад ва агар Русия боҷи гумрукиро барои содироти маводи нафтӣ дар ростои ҷумҳурии мо коҳиш диҳад, пас метавон фақат  аз ин кишвар бензини арзон ворид кард.{jathumbnail off}

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!