Бахшҳо

Гул Шералӣ дар ҳузури президенти Туркманистон

Масоили марбут ба ҳамкории иқтисодӣ, энергетика ва саноат дар шаҳри Ашқобод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ доданд.Бино ба қавли манбаъ, рӯзҳои 8-ум ва 9-уми июни соли равон дар пойтахти Туркманистон ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор шуда, зимнан    ҳайатҳои ду ҷониб бо роҳбарии ҳамраисони комиссияи номбурда Гул Шералӣ - вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ёрмуҳаммад Оразгулиев - вазири энергетика ва саноати Туркманистон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар доираи ҷаласаи мазкур тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангро баррасӣ намуда, оид ба натиҷаҳои он ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд.Ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо аз тамоми имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи чунин раванди мусбати равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳошияи ҷаласаи зикргардида президенти  Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов роҳбари ҳайати Тоҷикистон Гул Шералиро ба ҳузур пазируфт.Дар ин мулоқот сафири  Тоҷикистон дар Туркманистон Абдураҳим Ашӯр низ ширкат дошт.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)