Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:19

Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Шуғнону Хоруғи ВМКБ дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд

29 август 2012, 05:15

Таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ҳукумати Тоҷикистон сурат пазируфт.

Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимни нишаст нахуст ҳисоботи Вазири мелиоратсия ва захираҳои об дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2010-2014» шунида шуд.Тибқи ин қарор дар солҳои 2010-2014 бо харҷи 34,3 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ бояд ҳолати мелиоративии 49 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар карда шавад. Дар солҳои 2010-2011 бо харҷи зиёда аз 17 миллион сомонӣ ҳолати наздики 23300 га замини обӣ беҳтар гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда бештар мебошад.
Ҳамзамон, раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Ҳукумати ҶТ доир ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ҳисобот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки 85% маблағгузории буҷети ноҳияи Шуғнон, ки дар ҳаҷми 13,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби субвенсияи ҷумҳуриявӣ мебошад. Ғайр аз ин танҳо ҳамин сол барои сохтмони иншооти нави ноҳияи Шуғнон 20 миллион сомонӣ мабағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ равона гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти кӯчондани маркази ин ноҳия аз шаҳри Хоруғ ба шаҳраки Ваҳдат ба ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки биноҳои мақомоти маҳаллии худро дар маркази нави маъмурии ин ноҳия ҳарчи зудтар бунёд намуда, дар ободонии он саҳми намоён гузоранд.   



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!