Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

Кӯлоб: Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ «Инсоф» ба кор даромад

11 сентябр 2012, 06:34

Ин корхона барои коркарди пахта пешбинӣ шуда, дар ду баст зарфияти коркарди 100 кип, ё ҳудуди 30 тонна пунбаро дорад.

Хабарнигори маҳаллии Озодагон мегӯяд, ин муассиа бо таҷҳизоти наву сохти украинӣ бунёд гардида, мошинолотро аз шаҳри Днепропетровск ба Тоҷикистон ворид кардаанд. Бобохон Раҳмонов, соҳибмулки корхона ба ин назар аст, ки таҷҳизоти украинӣ дар нисбат ба дастгоҳҳои хитоӣ,ки усулан дар ҳамаи корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ истифода мешаванд, дар мавриди сифат ва фаъолияти зиёд  бартарӣ доранд: «Инчунин дорои махсусияти сарфа намудани нерӯи барқ ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ мебошанд. Гузашта аз ин, сифати коркарди пахта низ аз таҷҳизоти сохти чиноӣ фарқкунанда мебошад».

Манбаъ афзуд, корхона ҶДММ «Инсоф» унвон гашта, масъулин кӯшиши онро доранд, ки аз адлу инсоф ва сифату самара истифода намоянд.Ин ширкати тозабунёд бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома ба имзо расондааст, ки тибқи он барои коркарди ҳар тонна нахи пахта аз хоҷагидорон ҳамагӣ 220 доллари амрикоӣ ҳақмузд ситонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, дигар корхонаҳои пунбатозакунӣ барои ҳамин амалиёт то 280 доллар маблағ мерӯёнанд.  

Дар ҳоли ҳозир 12 хоҷагии пахтакор бо ширкати «Инсоф» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, нияти беш аз 2 ҳазор тона пахтаро интиқол додан доранд.
Ба гуфти роҳбари корхона, онҳо мақсад доранд, дар ояндаи наздик дар заминаи ин корхона корхонаҳои хурди равғанбарорӣ ва истеҳсоли карбосро, ки талаботи ҳамарӯзаи аҳолӣ мебошад, ба роҳ монанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!