Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Суғд: Райиси вилоят дар водии Зарафшон

14 сентябр 2012, 09:54

Ахиран райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Панҷакент омад.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, ҷаноби Расулзода дар деҳаи Некноти Нови ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ дар расми кушоди мактаби замонавӣ, ки бо маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон сохта шудааст, иштирок намуд. Райиси вилоят пардаро аз рӯи лавҳаи хотиравии Абдунабӣ Бойматов, ки назди мактаб гузошта шудааст, гирифта, афзуд, ки Бойматов тӯли 12 сол чун мудири шӯъбаи маорифи шаҳр  фаъолият намуда, барои меҳнатҳои шоистааш бо пешниҳоди мардуми деҳа мактаби нави таҳсилоти умумии асосии № 7-ум ба номи ӯ гузошта мешавад. Расулзода кушодашавии мактаби нави замонавиро ба мардуми маҳал иқдоми нек арзёбӣ кард ва ду компютерро ба мактаб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфа намуд.
Ҳамзамон, раиси вилоят дар идомаи боздидаш ба хоҷагии деҳқонии «Андар» ташриф овард. Ин хоҷагӣ соли 1998 таъсис ёфта, 260 аъзо дорад, замини он ҳудуди 167 гектарро ташкил медиҳад. Раиси хоҷагӣ Бобомурод Ҷӯраев изҳор дошт, ки хоҷагӣ асосан бо боғу токпарварӣ машғул буда, ҳамнчунин кишти картошка, ҷаву гандум ва офтобпарастро ба роҳ мондааст.
Инчунин, Қоҳир Расулзода аз кӯчаҳои нав мумфаршшудаи ба номи Лоиқ Шералӣ, Саъдӣ Шерозӣ ва Абурайҳони Берунии марказии шаҳри Панҷакент дидан намуд.  Бояд қайд кард, ки ин кӯчаҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ асфалтпӯш  шуданд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!