Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:14

Баҳси дастрасии аҳолии Тоҷикистон ба энергияи устувор дар Ню₋Йорк

5 октябр 2012, 10:40

Дар шаҳри Ню₋Йорки Амрико муколама дар мавзӯи энергияи устувор дар Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки мақсад аз баргузории ин нишаст- баҳси масъалаҳои мубрами дастрасӣ ба захираҳои устувори энергетикӣ бо тамаркуз ба манотиқи Аврупои Шарқӣ ва ИДМ буд ва дар он намояндагони кишварҳои минтақаҳои номбурда ширкат карданд.

Дар ин ҳамоиш гуфта шудааст, ки Тоҷикистон яке аз панҷ кишвар дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва ИДМ мебошад, ки дар он тадбиқи ташаббуси мазкур, яъне масъалаҳои мубрами дастрасӣ ба захираҳои устувори энергетикӣ озмоиш мешавад.

Манбаъ мегӯяд, қисмати асосии ин чорабинӣ ба гузориши Тоҷикистон роҷеъ ба тадбиқи барномаҳо оид ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба энергияи устувор бахшида шудааст.
Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ иштирокчиёнро бо вазъ ва мушкилоти аҳолии кишвар бо нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, инчунин иқдоми ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими амнияти энергетикӣ шинос кардааст.

Ба таъкиди номбурда, барои таъмини рушди устувор Тоҷикистон ба инкишофи соҳаи обу энергетика эҳтиёҷ дорад, зеро кишвар захираҳои кофии намудҳои дигари энергия, аз қабили нафт ва газро надорад, аз ин рӯ ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ Тоҷикистон як силсила барномаву лоиҳаҳои барои соҳа зарурро қабул кардааст.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки ин  ҳамоиш дар ҷорчӯби иқдоми Дабири кулли СММ «Энергияи устувор барои ҳама» (Sustainable Energy for All, SE4ALL), ки соли 2011 шурӯъ шуд, сурат гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!