Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Созмони Ҳамкории Исломӣ аз Тоҷикистон пуштибонӣ менамояд

10 октябр 2012, 12:11

28-умин иҷлоси Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истамбул ба кори худ оғоз намуд.

Хабарнигори Озодагон аз Туркия иттилоъ медиҳад, ки ин нишаст то рӯзи 11-уми октябри дома карда, вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин созмон иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир 57 кишвари чаҳон бо аҳолии 1,5 млрд нафар аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ (баъд аз Созмони Миллали Муттаҳид) мебошад.

 

Дар оғози ҳамойиш, дабиркулли СҲИ- Акмалиддин Эхсоноғлу меҳмононро хайрамақдам гуфта, пас аз тиловати порае аз Қуръони карим кори иҷлосия шуруъ шуд. Гурӯҳҳои корӣ дар бахшҳои мухталифи ҳамкории ин созмон, аз ҷумла табодули мол байни кишварҳои аъзо, рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ (ривоҷи пахтакорӣ), бахши туризм, ташкили фонди вижа барои ҳолатҳои фавқулодда, дастгирии сектори хусусӣ ва ғайраро мавриди баррасиву баҳс қарор медиҳанд. Дар ин мунозираҳо кишварҳои Арабистони Саудӣ, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Малайзия, Ироқ, Кувайт, Қазоқистон ва Тоҷикистон бисёр фаъол буданд.

Маврид ба ёдоварист, намояндаи Туркия зимни баромадаш пешниҳоди кӯмакҳои молӣ ва техникии ин созмонро ба Тоҷикистон ва Афғонистон зарур ва саривақтӣ унвон кард. Зимнан, ҷониби Қазоқистон хостори таъсиси офиси ҷадиди барномаи хӯрокворӣ дар пойтахти кишвари худ шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!