Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Амрико аз эъмоли таҳримҳои нав алайҳи Эрон истиқбол кард

16 октябр 2012, 05:24

Вашингтон аз эълони таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Эрон аз сӯи Иттиҳоди Аврупо истиқбол кард.

Ҷей Карни, намояндаи Қасри сафед изҳор дошт, ки инзивои Эрон дар робита ба барномаи ҳастаияш, ки ба қавли кишварҳои Ғарб барои тавлиди силоҳи ядроӣ равона шудааст, барои Вашингтон авлавият дорад. Ба қавли Карни феълан Теҳрон аз ҳар вақти дигар дида бештар зери фишор қарор дорад.

 

Мавриди тазаккур аст, ки рӯзи душанбе Иттиҳоди Аврупо эълон дошт, ки бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримоти нав эъмол кард. Бар асоси таҳримоти нави Иттиҳодияи Аврупо моликияти 34 муассиса ва як фарди алоҳидаи эронӣ масдуд мешавад ва онҳо ҳаққи сафар ба кишварҳои узви иттиҳодро нахоҳанд дошт. Ҳамчунин, хариди гази Эрон ва муомилот бо бонкҳои ин кишвар мамнӯъ мешавад, ба истиснои муомилот барои кӯмакҳои башарӣ, хариди маводи ғизоӣ ва доруворӣ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!