Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Қоҳир Расулзода: Корҳои сохтмонӣ дар Қасри Арбоб сари вақт анҷом шавад

23 октябр 2012, 09:29

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд аз муассисаи давлатии Қасри фарҳанги Арбоб ва сохтмони чойхонаи миллӣ, ки ба муносибати 20 солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бунёд мегардад, боздид намуд.

Таъмиру тармими Қасри Арбоб бо маблағузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуда, алҳол марҳилаи охирини корҳо дар иншоот идома дорад.

Дар худи бинои асосии қаср корҳои азнавбарқароркунӣ ба итмом расида, корҳои таҷҳизонидани осорхона ва омодагӣ ба қабули меҳмонон ҷараён дорад. Ҳамзамон маҷмааи фаввораҳо барқарор гардида, роҳравҳои саҳни қаср сафолакбандӣ, нишастгоҳҳо насб ва майдонҳои миёни роҳравҳо сабзу гулзор шудаанд.

Дар чойхонаи миллӣ ҳам корҳои сохтмонӣ давом мекунад. Ин ҷо бомпӯшкунии чойхона, ҳамчунин корҳои кандакорӣ ва гаҷкорӣ, пардоз ва ободонии толорҳои асосӣ ва ёрирасон сурат мегирад. Дар иншоот беш аз 470 бинокор дар басти рӯзона ва 150 нафар дар басти шабона фаъолият мебаранд.

Раиси вилоят нисбати ташкили самараноки кор ба масъулин дастуру супоришҳо дод, ки аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, дар мӯҳлати муайянгашта корҳои сохтмониро ба сомон расонанд.
Қасри Арбоб дар арафаи ҷашни 20 солагии иҷлосия мавриди истифода қарор дода шуда, ба яке аз ҷойҳои тамошобоб ва фароғативу истироҳатии мардум табдил хоҳад ёфт.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!