Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Кавазович ба ҷои Алиспахич. Дар тими мунтахаби футболи Тоҷикистон

29 октябр 2012, 10:46

Никола Кавазович, мутахассиси сербиягӣ ва сармураббии феълии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъйин шуд.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми октябр зимни як нишасти матбуотӣ дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бо иштироки сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон ва хабарнигорон зикр карда шуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ин замина миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Никола Кавазович қарордод имзо шудааст.  

Ҳамин тариқ Никола Кавазович ба ҷои Камол Алиспахич, мутахассиси босниягӣ нишаст. Камол Алиспахич, ки муддати ду моҳ ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон фаъолият кард, ҳоло сармурабии дастаи «Реван»-и Озарбойҷон таъйин шудааст.

Тибқи қарордоди имзошуда Никола Кавазович ба муддати 6 моҳ дар ин мақом ифои вазифа карда, пас аз поёни ин давра мавзӯъи тамдиди шартномаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон матраҳ хоҳад шуд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!