Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:20

Кӯлоб: боздошти як нафар бо ҷурми куштор

14 ноябр 2012, 11:31

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ пас аз 3 моҳи амалиёт  аз бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии «Сайёд»-и ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон аз дохили оғилхона ҷасади зани шахсияташ номаълумро, ки синаш тахминан 30-35-сола аст, дарёфт карданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ҷасади мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ (зарбаи олоти тези буранда дар рӯй ва тарафи чапи сар) пайдо карда шуд.

Манбаъ афзӯд, дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ  Аловуддин Куганови 27 сола, сокини деҳаи Сари-мазори ноҳияи Балҷувон ҳамчун гумонбар дар ин куштор дастгир карда шуд.

Бино ба иттилоъи манбаъ, Аловуддин Куганов рӯзи 18-уми августи соли равон аз хусумати пешакӣ модарандараш Зумратбӣ Шариповаи 34 соларо ба воситаи каланд ба косахонаи сар ва рӯяш мезанад, ки дар натиҷа Зумратбӣ Шарипова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ба гуфтаи сарчашмаи хабар Зумратбӣ Шарипова аз рӯзи 27-уми август  аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун бедарак, гумшуда ба қайд гирифта шуда буд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!