Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:14

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон бо Русия ба тавофуқ нарасиданд

21 ноябр 2012, 12:00

Масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, дар мавриди лоиҳаи Созишнома  оид ба ворид намудани маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Русия ҳанӯз ҷонибҳо ба ду банди он ба мувофиқа наомадаанд.

Тавре ба Озодагон аз ин вазорат хабар доданд, баъди мулоқоте, ки онҳо бо намояндагони Вазорати энегетикаи Русия доштанд, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои тарафҳо, созишнома муккамал карда шуд ва феълан ҷонибҳо оид ба ду банди созишнома ба мувофиқа нарасиданд: «Айни замон барои ҳалли онҳо гуфтушунид рафта истодааст.

Мақсади ин созишнома муайян намудани шартҳои ҳамкории тарафҳо оид ба ворид намудани маҳсулотҳои нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон буда, мақоми ваколатдори ҳамоҳангсоз фаъолияти назорати иҷрои созишнома, ҳаҷм, вақти омода ва ҳамоҳанг намудани тавозуни интерактивии маҳсулоти нафтӣ, ҳалли баҳсҳо ва мўҳлати дар амал татбиқ намудани онро муайян менамояд».

Маврид ба тазаккур аст, ки лоиҳаи Созишнома бо намояндагони вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Хадамоти гумрук, омода карда шудааст. Ин санад дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи октябри ҳамин сол зимни сафари ахири раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ба имзо расида буд,  вале ҳанӯз ин созишнома амалӣ нашудааст ва ҷонибҳо сари он гутушунид доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!