Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

ЮНИДО ба Тоҷикистон 1 миллион доллари ИМА медиҳад

23 ноябр 2012, 10:20

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон зимни сафари кории худ ба Австрия бо Кандэ Юмкелла, директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) мулоқот намуд.

Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо зимни ин вохӯрӣ масъалаҳои энергетика ва саноат, иқдомоти СММ таҳти унвони «Энергетикаи устувор барои ҳама»-ро баррасӣ намуданд.

Вазири энергетика ва саноат ҷиҳати минбаъда густариш додани ҳамкориҳо оид ба барномаҳои энергетикӣ ва саноатӣ дар Тоҷикистон бо ЮНИДО таклифҳо ба миён гузоштааст.

Зимни ин нишаст гуфта шудааст, ки ЮНИДО ба наздикӣ бо мақсади рушди саноати хурокворӣ, бухусус коркарди меваи хушк дар Тоҷикистон 1 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд.

Манбаъ мегӯяд, аз моҳи июли соли 2013 ваколатҳои ҷаноби К.Юмкелла чун сарвари бахши энергетикаи СММ оғоз мешавад, вобаста ба он ҷаноби вазир доир ба тавсиаи ҳамкориҳо дар масъалаи CASA -1000 ва дигар лоиҳаҳои энергетикӣ таклиф пешниҳодҳоеро ироа намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!