Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:29

Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги Абдуҳакимов шуд

26 ноябр 2012, 10:01

Се садамаи нақлиётие, ки дирӯз дар кишвар ба вуқӯъ омад,  дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расид ва 2 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Маҳмадшариф Шамсов аз Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар  ноҳияи балҷувони вилояти Хатлаон  воситаи нақлиёти тамғаи «УВАЗ 452а» таҳди идораи ронанда Баҳром Абдуҳакимов ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди деҳаи Оғбулок аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии 15 метр чапа мешавад, ки дар натиҷа ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар макони ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Садамаи дигари нақлётӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, соати 12-00 ба амал омадааст, ки дар натиҷа ду нафар ҷарҳат бардоштаанд: « Сироҷиддин Холбоеви 20 сола аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи «Дэу Сиело» ронандааш Аҳмад Шарипови 25 сола бар мехурад, ки дар натиҷа ҳарду ронандагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!