Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:47

Боздошти сокини Восеъ бо чор кило героин

28 ноябр 2012, 09:34

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз мошини тамғаи «Дэу Нексия», ки аз ҷониби сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон идора мешуд, 4 кило героин ва ҳашиш мусодира намуданд.

Бобоҷон Шафиев, корманди агентии мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки амалиёт дар доираи чорабиниҳои «Кӯкнор-2012»  дар қаламрави ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози ВМКБ роҳандозӣ шуд ва ҳамроҳ бо ронанда мусофири он- сокини 26-солаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ки дар Душанбе зиндагӣ мекард, боздошт гардид: « Тафтишоти аввалия собит кардааст, ки ронанда қаблан дар Русия бо моддаи 228-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар барои дарёфт, нигаҳдорӣ, интиқоли воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ суд шуда будааст».

Мухаддиротро саги хидматии «Рики» дар дохили чархи эҳтиётии мошин кашф кардааст ва баъди кушодани он аз дохили чарх 7 баста маводи сабзранг ва 1 халтаи селофанӣ маводи хокамонанди рангаш рушани дорои бӯи махсус берун оварда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, лабораторияи ташхиси судӣ тайид кардааст, ки маводи мусодирашуда ҳашиш ва героин буда, вазни умумии онҳо 4 килоро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигоҳ дошта мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!