Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:41

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кэтрин Эштон

29 ноябр 2012, 11:38

Имрӯз, 29-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятиро ба ҳузур пазируфт.

Аз Хадамоти матбуотии президент ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот маҷмӯи васеи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, иқтисод ва тиҷорат, илму техника ва рушди ҷомеаи демократӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020-ро  изҳор дошт: « Мо албатта манфиатдори қабули Стратегияи нави Иттиҳод ва дар чаҳорчӯби он ба роҳ мондани механизмҳои нави ҳамкорӣ аз қабили «Муколама оид ба амният» ҳастем».

Дар вохӯрии мазкур таваҷҷӯҳи бештар ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва амалӣ намудани чораҳои муштараки амниятӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир карда шуд.

Гуфта мешавад, татбиқи босамари лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва рушди тиҷорат дар ҷараёни сӯҳбати ҷонибҳо муҳим шуморида шуд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст қайд гардид, ки имрӯз Иттиҳоди Аврупо аз рӯи нишондодҳои гардиши мутақобилаи мол дар қатори панҷ шарики аввали тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!