Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:13

Кодикология барои олимон ва мутахассисони ҷавон. Дар пойтахт

4 декабр 2012, 10:04

Аз 11-ум то 18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе курси махсуси кӯтоҳмуддати кодикология (нусхашиносӣ) баргузор мегардад.

Тавре Гуландом Набиева, ҳамоҳангсози барномаҳои «Фарҳанг ва ҳунар»-и Иститути «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад  ба Озодагон хабар дод,    кодикология илмест, ки усулҳои муайян кардани давраи навишт, ҷойи навишт ва коғази дастхатро меомӯзад, то минбаъд барои гурӯҳбандӣ, тармиму нигоҳдорӣ ва омӯзиши арзиши илмиву бадеии дастхат истифода шавад.

Феълан, дар ягон макотиби олии Тоҷикистон, ки шарқшинос ва ё санъатшинос тайёр мекунанд, кодикология омӯзонида намешавад. Ин нуктаро ба назар гирифта, Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва дастхатҳои Академияи улуми ҶТ дар ҳамшарикии Китобхонаи миллии Фаронса ва Иститути «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи махсусро таҳия карданд, ки омӯзиши мутахассисони ҷавонро фаро мегирад. Курси мазкурро мудири шӯъбаи дастхатҳои Китобхонаи миллии Фаронса, директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи  Марказии Фаронса, доктор Франсис Ришар мегузаронад.

-Дар ин бозомӯзӣ кормандони Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва дастхатҳои АУ ҶТ ва мутахассисони институту муассисаҳое, ки бо дастхатҳо кор мекунанд, иштирок мекунанд,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!