Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Озмун барои фурӯшгоҳоҳи гузаргоҳи «Саховат» ва Рӯдакӣ

12 декабр 2012, 06:32

Дар нуқтаҳои фурӯши гузаргоҳи назди бозори «Саховат» ва хиёбони Рӯдакӣ ба фурӯш гузоштани ҳама гуна маҳсулот мумкин нест.

Пас аз ба итмом расоидани гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат» ва азнавсозии гузаргоҳи зеризаминӣ дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ф.Ниёзӣ нуқтаҳои фурӯши чунин гузаргоҳҳо тариқи озмун ба соҳибкорон дода хоҳанд шуд.

Шафқат Сайидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар иртибот ба қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба иҷора гирифтани нуқтаҳои савдо чунин ҷойҳо аз рӯи таъинот танҳо барои фурӯши маводи чопию конселярӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ихтисос дода шудааст.

Бояд зикр намуд, қаблан масъулин иброз намуда буданд, ки дар назар аст то моҳи январи соли 2013 гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат»-ро сохта ба истифода медиҳанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!