Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Фурудгоҳи байналмилалӣ ба зимистон омода аст?

13 декабр 2012, 11:54

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе азназаргузаронии техника, механизм ва мошинҳо сурат гирифт.

Мақсади асосии санҷиши навбатӣ дар ин фурудгоҳ бори дигар омодагӣ дидани фурудгоҳ ба фасли зимистон ва ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Аз фурудгоҳи мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки фаъол нигоҳ доштани фурудгоҳ дар фасли зимистон техникаи коршоям ва маҳорату кордонии мутахассисонро тақозо менамояд.

Гуфта мешвад, тамоми техника, таҷҳизот, мошин ва механизмҳои хадамоти хизматрасонии руизаминӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҳолати омодабошии ҳайати корӣ санҷида шуд.

Манбаъ мегӯяд, мошинҳои барфрӯб, шустушӯи ҳавопаймоҳо, ядакҳо, таҷҳизоти махсуси борбардор ва борфарор, мошинҳои сӯхторнишонӣ, техникаи хизматрасонии перронӣ, аз ҷумла зинаҳои худкор, автобусҳо, лентаҳои гарданда, мошинолоти махсуси хизматрасон мавриди санҷиш қарор гирифт: «Кормандон, мутахассисон ва ҳайати корӣ дар давраҳои муайян аз курсҳои махсуси бозомӯзӣ гузашта, идора намудани техника, хусусан мошин, механизм ва таҷҳизоти нав харидорӣ шударо омӯхтаанд».

Ноёбшо Мизробов, сардори хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ қайд кардааст, ки тайи чаҳор соли охир парки техникии фурудгоҳ пурра нав карда шуда, тарзи истифодабарии аксари техникаҳое, ки тоза харидорӣ шудаанд ба кормандон омӯзонда шуд.

Баъди азназаргузаронӣ, роҳбарияти фурудгоҳ ба омодагии хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ, дастаи сӯхторнишонӣ ва фаъолияти хадамоти аэродром баҳои баланд додааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!