Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:34

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

15 декабр 2012, 06:09

Субҳи имрӯз, 15-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба Туркия сафар намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти кишвар, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркия Абдулло Гул, Сарвазири он Реҷеп Тайип Эрдоган, раиси парлумони Туркия Ҷемил Чичек ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқотҳо анҷом дода, масоили ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни муносиботҳои Тоҷикистону Туркия ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, иштирок дар маросими Шаби Арӯс, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад ва боздид аз Донишгоҳи ба номи Мавлоно дар назар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!