Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Беш аз 200 ҳазор сокини Суғд ба хориҷа сафар кардаанд

17 декабр 2012, 09:31

Дар ин бора ба Озодагон дар Хадамоти муҳоҷирати вилоят иттилоъ доданд.

 

Бино ба қавли Зайнура Шарипова, сардори ниҳоди мазкур дар  вилоят, аз шумори умумии шаҳрвандони сафари кишвари хориҷиро ихтиёркарда 179 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 34 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Теъдоди умумии онҳо бошад, 213 ҳазору 110 нафарро дар бар мегирад. Бону Шарипова афзуд: “Дар ҳоле, ки сокинон барои дарёфти кор қаламрави вилоятро тарк мекунанд, шаҳрвандони кишварҳои дигар барои кор ба вилояти Суғд меоянд”

-Аз оғози соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 669 нафар шаҳрвандони хориҷӣ соҳиби ҷойи корӣ шуданд, ки миёни онҳо 557 нафар шаҳрвандони Чин, 31 нафар шаҳрвандони Ӯзбакистон, 10 нафар шаҳрвандони Молдова, 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 7 шаҳрванди Эрон, 9 шаҳрванди Қазоқистон, 4 шаҳрванди Украина, 3 нафарӣ шаҳрвандони Русияву ИМА ва Афғонистон, 2 нафарӣ шаҳрвандони Ҳиндустону Озарбойҷон ва Кореяву Туркия ва 1 нафарӣ шаҳрвандони Австралияву Покистон ва Сурияву Туркманистон ҳастанд, - афзуд номбурда.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!