Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Дастури президент барои бунёди мактаб-интернат

27 декабр 2012, 11:31

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафари худ ба шаҳри Турсунзода бо шароити хонаи кӯдакони бепарастори ин шаҳр шинос шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии президент, аз ҷониби сарвари давлат дастур дода шуд, ки дар ҳудуди ҳамин муассиса, ки дар майдони 3 гектар ҷой гирифтааст, давоми 2 сол барои 640 хонанда мактаб-интернат барои хонандагони ятиму бепарастор бо тамоми шароити муосири таълимӣ ва будубоши шаборӯзӣ бунёд ёбад.

Гуфта мешавад, дар ин хонаи кӯдакон тамоми ҳуҷраҳо бо асбобу анҷоми таълимӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, компютер, тахтаи синфӣ, рахти хоб, роҳаткурсиҳо, ҷевони либос, телевизор ва ғайра муҷаҳҳаз шудааст.

Дар хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода ба 173 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат 31 нафар омӯзгорон таълиму тарбият медиҳанд.

57 нафари тарбиятгирандагон духтар ва 116 писар мебошад. 7 нафари онҳо ятимони бепадару модар, 57 кас бепадар, 19 нафар бемодар ва боқимонда аз оилаҳои камбизоат ё бемор ва волидони ҳабсшуда мебошанд.

Бинои асосии Хонаи кӯдакон иборат аз 50 ҳуҷра мебошад, ки танҳо барои шабакаи гармидиҳӣ, ки технологияи олмонӣ аст, наздики 300 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!