Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

Теъдоди гирандагони стипендияи президентӣ ба 300 нафар расид

28 декабр 2012, 09:50

Дар ин бора ба Озодагон аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.

Манбаъ мегӯяд, агар дар соли 2005 ҳамагӣ 100 нафар хонанда аз стипендияи президентӣ бархурдор буд, имрӯз 300 нафар аз он баҳравар аст: “Хонандагоне, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд сазовори стипендияи президентӣ мегарданд”.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки ду рӯз қабл мутобиқи квотаи муайяншуда диплом ва маблағҳои 30 нафар барандагони стипендияи президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои шаҳри Душанбе дар толори мактаби таҳсилоти умумии №56-и ноҳияи Синои пойтахт аз ҷониби раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуд:“Маблағи стипендияи президентӣ 315 сомониро ташкил медиҳад. Он бо мақсади фаъолгардонии насли ҷавон аз ҷониби собиқ Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати  ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо фармони президент аз 26-уми феврали соли 1998 таҳти рақами 949  дар бораи таъсис додани стипендияи  президентӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шудааст”  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!