Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:48

Президент қонуни манъи фарзандхониро имзо кард

28 декабр 2012, 10:56

Владимир Путин қонуни манъи фарзандхониикӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро ба тасвиб расонид.

Ин қонунро аксуламал ба қонуни Магнитский арзёбӣ мекунанд, ки ахиран қонунгузорони ИМА ба тасвиб расонида буданд. Бар асоси қонуни Магнитский мансабдорони русе, ки дар марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитский ва поймол намудани ҳуқуқи башар саҳм доранд, мавриди таҳрими ИМА қарор мегиранд. Ҳамкорони Магнитский мегӯянд, ӯ як идда мансабдорони Русияро бо фасод муттаҳам кард, вале ӯро ба зиндон андохта тавассути зарбу лат ва хунукназарии нозирони мабҳас ба ҳалокат расондаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ иброз доштаанд, ки қонуни манъи фарзандхонии амрикоиҳо ятимони Русияро аз имкони дарфёти ҳаёти беҳтар маҳрум мекунад.  Қонун сар аз якуми январи соли 2013-ум ба ҳукми иҷро медарояд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!