Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:46

БМ: Таварум дар соли равон 9 фоиз пешбинӣ шудааст

4 январ 2013, 05:27

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2013 сатҳи таваррумро дар кишвар дар доираи 9,0 фоиз арзёбӣ кард.

Тавре аз ин ниҳоди молиявӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ин омор бо дарназардошти вазъи номӯътадили фаъолияти бозорҳои молиявӣ, ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бӯҳрони молиявии навбатӣ дар як қатор кишварҳои  Аврупо ва таъсири омилҳои хусусияти мавсимӣ ва маъмурӣ дошта пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ афзуд, нишондиҳандаҳои даврие, ки барои расидан ба мақсади асосӣ дар раванди мазкур мусоидат менамоянд, ин ҳаҷми пулҳои захиравӣ, захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои софи дохилӣ ва дороиҳои умумии хориҷӣ мебошанд, ки танҳо дар натиҷаи истифодаи бомаврид ва саривақтии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ онҳоро метавон дар доираи барномаи пулию қарзӣ иҷро намуд.

Сарчашмаи хабар илова кард, ки мақсади асосӣ аз ин тасмим, танзими сиёсати пулию қарзии Бонки милли Тоҷикистон дар соли 2013 ба нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо, рушди  боэътидоли ҳаҷми пул, таъмини фаъолияти сол ва устувор низоми бонкии кишвар мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!