Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

КБМ ба Тоҷикистон беш аз 42 миллион доллари ИМА ҷудо намуд

8 январ 2013, 04:24

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Димитрис Ситсирагос, ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявиро (КБМ) ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуотии президент, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, зимни ин нишаст аз афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2012, ки ба 7,5 фоиз расид ва таваррум, ки дар сатҳи 6.8 фоиз қарор гирифт, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Манбаъ мегӯяд, ба фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд ва зикр гардид, ки танҳо дар се соли охир аз ҷониби ин муассиса беш аз 42 миллион доллари америкоӣ маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва рушди низоми идорӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ, рушди инфрасохтор ва мусоидат ба сохторҳои молиявию ҳуқуқӣ барои беҳсозии пайвастаи фазои сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар  Тоҷикистон дар бахши тиҷорати кишоварзӣ як қатор лоиҳаҳо дар марҳилаи амалишавӣ қарор дошта самтҳои асосии раванди ҳамкориҳо ба таъмини амнияти озӯқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва азхудкунии захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нигаронида шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!