Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:12

Тоҷикстандарт: Бе супориши ҳукумат кормандонро ба нафақа гусел намудем

11 январ 2013, 10:50

Бахтиёр Шукуров , директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон дар ин бора иброз дошт.

Ба қавли ӯ, Тоҷикстандарт бе ягон супориши ҳукумат, балки дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар он нафаронеро, ки синнашон ба нафақа (яъне мардҳо ба 63 ва занҳо ба 58-солагӣ расида буданд) ба нафақа гусел кард  

Ҷаноби Шукуров, ки аз натоиҷи ҷамъбасти фаъолияти солонаи агнетӣ маълумот медод, қайд кард, ки то имрӯз 147 ҳазор ҳисобкунакҳои электронӣ дар шаҳри Душанбе насб гардидаанд,ки асосан аз давлати Чин вориди Тоҷикистон шудаанд: “Насб кардани ҳисобкунакҳо аз соли 2010 оғоз шудааст. Параметраҳои ин ҳисобкунакҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷахонианд. Ман муҳандис ҳастам, ба он корхонаҳое, ки ба истеҳсоли ҳисобкунакҳо машғул аст, сафар кардаам. Бо техноголгияи истеҳсоли ин ҳисобкунакҳо ошно шудам. Дар шароити  имрӯза насби ин ҳисобкунакҳо барои мо хуб аст, вале нозирон ва ё контролёрҳо бо тарзи кори ин технология хуб ошно нестанд”.

- Аз соли 2013 сар карда ин барнома дар шаҳри Хуҷанд низ ҷорӣ хохад шуд .Тибқи нақша он дар соли 2015 пурра амалӣ мегардад,-афзуд Шукуров.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!