Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

Сабти суханронии Муҳиддин Кабирӣ ба суд пешниҳод шуд

17 январ 2013, 10:04

Мурофиаи додгоҳии шаҳрдории Душанбе бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони Тоҷикистон 21-уми январи соли равон, расо соати 10:00 ба вақти маҳалӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ,  ки аз Муҳиддин Кабирӣ дар ин қазия дифоъ мекунад, зимни як сӯҳбати телефонӣ дар ин бора ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.

Ба қавли адвокат, қаблан ҳукумати Душанбе ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе нисбати вакили МН- Муҳиддин Кабирӣ дар бораи он, ки гуё баромаде, ки Кабирӣ дар парламент кардааст, шаъну шарафу эътибори кории онҳоро паст кардааст ва аз вакил ба воситаи суд хоҳиш карданд, ки аз онҳо расман узр пурсад. Аммо вакили Маҷлиси намояндагон дар навбати худ ҳам Раёсати ҳифзи муҳити зист ва ҳам ҳукумати шаҳри Душанберо барои дахлнопазирии вакилро вайрон кардан ва барои шаъну шарафи вакилро паст кардан оиди руёнидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 миллион сомонӣ ба суд муроҷиат кард”.

Ҷаноби Ёров ҳамзамон афзуд, тавре қаблан гуфта будам, ин маблағ барои беҳбуди вазъи зистмуҳитӣ ё экологии пойтахт, ки баҳси додгоҳӣ аз ин масъала сарчашма гирифтааст, сарф хоҳад шуд.  

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеъ дар мавриди ба додгоҳ рафтани зерҳимояш иброз дошт, ки вақте додгоҳ Кабириро даъват кард, ӯ аз рӯи мурофиаи ҳуқуқи гражданӣ дар ҳақиқат ҳуқуқ дошт, ки хоҳад равад ва нахоҳад наравад: “Лекин Кабирӣ дар рӯзи аввали мурофиаи судӣ гуфта буданд, ки ман ба хотири эҳтироми арзишҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҳурмату эҳтироми суд, даъвати додгоҳро рад накардам”.

Зимнан, адвокати Кабирӣ гуфт, вақте мо сабти суханронии Кабириро (аз парламенти кишвар) дастрас намудем, ба ин хулоса расидем, ки онро ба тариқи аслӣ ба додгоҳ пешниҳод намоем.

Ёдрас менамоем, шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати шаҳр баъди ду моҳи нашри як гузориш аз рафти ҷаласаи МН дар сомонаи TojNews изҳори нигаронии Муҳиддин Кабириро дар ҳамин расона бо нашри як ҷавоб рад карда буд.Пас аз гузашти чанд муддат, онҳо ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурда, талаб карданд, ки вакили парлумон аз шаҳрдорӣ узр пурсад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!