Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

Вазъи саломатии корманди БДА-и Конибодом рӯ ба беҳбудӣ дорад

18 январ 2013, 06:39

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ба аёдати нозири БДА-и шаҳри Конибодом Акбар Турсунов, ки қаблан дар як ҳамлаи террористон захм бардошта буд, ба беморхонаи ноҳиявӣ рафт.

Ҳамзамон, духутурони беморхона ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки Акбар Турсунов аз китфи чап захм бардоштааст. Ва ҳоло баъди ҷарроҳии таъҷилӣ дар дасти ӯ дастгоҳи тиббии махсуси фишурдасозӣ, маъруф бо номи таҷҳизоти Илизаров насб карда шудааст.   Ба қавли хабарнигори маҳаллии Озодагон, табибон вазъи саломатии Акбар Турсуновро ба давраи  баъди ҷарроҳӣ мутобиқ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки  ба саломатии ӯ хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад.

Бино ба ин иттилоъ Акбар Турсунов ҳамоно дар шӯъбаи эҳёи беморхона боқӣ мемонад.

Қоҳир Расулзода ҳангоми ин сафар инчунин ба хешовандони Акбар Турсунов мулоқот кард ва барои ӯ сиҳатии комилро орзу намуд. Раиси вилоят аз табибон тақозо намуд, ки барои ҳар чӣ зудтар табобат ёфтан ва барқарор намудани саломатии Акбар Турсунов тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Маврид ёдоварист, ки дар таърихи 14-уми январи соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи БДА –и шаҳри Конибодом кормандони милитсия автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел-Астра»-ро боздошт намуда, аз ронанда ҳуҷҷатҳои лозимаро мепурсанд. Аммо ронандаи мошин ва ҳамроҳонаш ба нозирони милиса муқобилият нишон дода, тир мекушоянд.

Дар натиҷа як нозири милиса дар ҷойи ҳодиса ҷон дода ва як нафар захмӣ мешаванд.

-Алъон, шахсияти ҳамлагарон ба нозирони роҳ муайян шуда, зимни роҳандозии як амалиёти махсус, як нафари онҳо нобуд ва дигарӣ фирор кардааст.Аз онҳо 2 адад туфангча, муҳимоти ҷангӣ ва адабиёти динӣ мусодира шудааст,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!