Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:36

Ҳушдори вазир аз қонунвайронкуниҳои ҳисоби нафақа

18 январ 2013, 12:11

Дар Тоҷикистон маблағи нафақаи миёна барои нафақахурон дар соли гузашта ба 180, 1 сомонӣ ва нафақаи аз ҳама баланд ба 20 000 сомонӣ расид, ки ин нишондод нисбати соли 2011-ум 18, 5% афзудааст.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, феълан  дар кишвар теъдоди умумии нафақагирон 596 ҳазору 285 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 3 нафараш нафақаи сатҳи баланд, яъне 20 000 ҳазор  сомонӣ мегиранд.

Ба қавли номбурда талабот барои пардохти нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар ин давра 1 миллиарду 321 миллиону 309 ҳазор сомонӣ буда, аз ҷониби вазорат пурра маблағгузорӣ карда шуд: “Зимни амалиёт дар ин давра 780 ҳолат ба масъалаҳои нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ  қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд, ки чунин қонунвайрокуниҳо  дар натиҷаи зиёд  ҳисоб кардани нафақа ба амал омадааст.”

Маҳмадамин Маҳмадаминов мегӯяд, бархе аз кормандон  худро маъюб гузарониданд ва ба ин васила то  10-12 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд, аммо афроде, ки воқеан маъюб ҳастанду ба маблағ ниёз доранд ҳатто 800 сомонӣ намегиран.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!