Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:35

Туркманистон ҳамкории энергетикиро бо Душанбе тақвият мебахшад

31 январ 2013, 07:02

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон бо Айна Гурбанова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Туркманистон мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин мулоқот  масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, соҳаҳои саноати сабук, маводи сохтмон, саноати хӯрокворӣ, ҳолати кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, вазири саноати кишвар дар рафти суханронии худ аз 20-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ёдоварӣ намуда, изҳори итминон намуд, ки муносибатҳои бародаронаи ҳарду кишвар, аз ҷумла дар доираи фаъолияти комиссияи мазкур минбаъд низ дар самтҳои гуногун густариш хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ дар ин мулоқот Чинор Рустамова , сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар  Тоҷикистон низ иштирок намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!