Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:05

Бекорӣ ва мушкилоти «кор» дар Тоҷикистон

18 октябр 2011, 06:42

Ба ифтихори омадани Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб корхонаи пойафзолбарории кайҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро аз нав эҳё карданду президент аз он дидан карда, шоҳиди кори 300-нафар аз бонувон гашт, ки паси таҷҳизоти нави замонавӣ машғули  дӯхтани либос  буданд. Ҳолдонҳо мегӯянд, баъди рафтани президент, дари ин корхона низ баста гашту таҷҳизоти васлшударо канда ба Душанбе бурдаанд…

Гиреҳи кор

Яке аз масъалаҳое, ки вақтҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон ва кулли ҷомеъаи кишварро ба ташвиш овардааст, камбуд ва ё худ норасоии ҷойи кори шойиста дар ҷумҳурӣ аст. Аммо бо ҳама кӯшишу таъкидҳои ҳукуматдорон, алалхусус райисҷумҳури Тоҷикистон, ки ба масъулин супориш медиҳад, ин мушкил ҳамоно ҳалношуда боқӣ мемонад. Теъдоди бекорон дар Тоҷикистон ҳамарӯза зиёд шуда истода, қувваи қобили кор марзи кишварро ба хотири дарёфти ҷойи кори муносиб ва таъмини маишати хонавода тарк мекунад. Зимнан, шаҳрвандони мо ё рӯ ба бозори дохила меоранд ва ё умуман бекор мемонанд.

Аммо масъулини шаҳру навоҳӣ ҳамоно ҳисоботҳои бардурӯғ ба боло пешниҳод мекунанд. Агар ба маълумоту ҳисоботи раисони шаҳру навоҳӣ бовар намоем, гӯё масъалаи бекорӣ дар ҷумҳурӣ пурра ҳалли худро ёфтаасту қисмати бештари шаҳрвандон ба кори доимӣ таъмин будаанд. Дар нишастҳои матбуотӣ дар ҳар 3-моҳа раисони навоҳӣ бе ягон азоби виҷдон барои журналистон маълумот медоданд, ки  даҳҳо ярмаркаҳои ҷойи корӣ эҷод кардаанду садҳо нафарро ба кор таъмин намудаанд. Аммо ҳақиқат он аст, ки тақрибан нафаре аз ин ярмаркаҳо соҳиби кор нагаштаасту низ ба гумон аст, ки шавад. Зеро дар аксари маврид ҷойи кори пешниҳодмешуда ё умуман нест ва ё бошад ҳам, бо маоши камтар аз як халта орд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, маоши миёна дар Тоҷикистон гӯё ба «100-доллар»-и амрикоӣ баробар будааст.

Бе пул суханат асар надорад…

Гузашта аз ин, аксари ба истилоҳ, ҷойҳои кории эҷодшуда дар самти хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, ки баъди Қонун дар бораи таҷдиди замин рӯйи кор омадаанд, будаанд. Яъне, заминро ба саҳмдорон тақсим кардаву бо ҳамин гуё пеши роҳи бекориро гирифта бошанд. Дигар саҳмдорон ин заминро чӣ гуна ва дар кадом самт истифода мебаранд, касеро парвое нест. Муҳим он будааст, ки супориши президент дар мавриди таҷдиди замин иҷро гардад. Ҳол он ки дигар ҳамин замингирифтагон бо ҷурми надоштани маблағи муайян ва донишу малакаи заминдорӣ ба ҷуз кишти ғалладонагӣ дигар кореро ба анҷом расонда наметавонанд. Руйирост бояд гуфт, ки дар дилхоҳ шаҳру навоҳӣ бахшҳои бонкҳо, ки муваззаф гаштаанд, то барои соҳибкорону кишоварзҳо қарзҳои имтиёзнок барои пешбурди соҳа диҳанд, барои деҳқону соҳибкори ба истилоҳ, бесоҳибу бетағо, бо овардани садҳо баҳона қарз додан намехоҳанд ва ҳам намедиҳанд. Гузашта аз ин, «соҳиби аслии замин», ки дар гузашта обмону даҳмардаву подабон, ронандаву муаллиму иқтисодчиву муҳандису… дигар соҳаи ғайридеҳқонӣ буд, бо надоштани саводи казоӣ дар мавриди истифодаи замин ва ба болои ин, надоштани маблағи кофӣ барои коркарду кишти замин, ҳайрону саргардон мемонанд.

Оби дари хона тира

Воқеан, ҷойи корӣ дар Тоҷикистон ҳаст. Вале мутаасифона, на барои шаҳрвандони ин диёр. Мисол, кадом ширкати хориҷие дар бунёди кадом иншооте тендерро мегузарад ва мебурад, ҳатман сохтмончиҳои худиро аз мамлакати худаш барои кор ба Тоҷикистон меорад. Бубинед, барои хориҷиёни мамолики дуру наздик дар Тоҷикистони ҷои кор кор ёфт мешаваду барои тоҷикон не. Чӣ, магар роҳсозони тоҷик наметавонанд дар ҳамон техникаҳои роҳсозӣ, грейдеру экскватору каток ва автомашинаҳо кор кунанд? Метавонанд, балки беҳтар аз ҳамон механизаторҳои аҷнабӣ. Сари ин масъала андеша мебояд, зеро дар ҳолати ба кор таъмин гаштани тоҷикон дар ин иншоотҳои бузург, ҳам эшон соҳиби ҷойи кори сердаромад мешаванд ва низ буҷаи ватанӣ аз ҳисоби даромади андоз ғанитар мегардад. Муҳимтар аз ҳама, қувваи корӣ аз дохил берун намеравад. Воқеан, дар ҳамаи кишварҳо, дар ҳама шарту шароит аввал шаҳрвандони муқимиро ба кор таъмин мекунанду баъдан, дар ҳолати нарасидани қувваи корӣ, «гастрабайтер»-ҳоро даъват мекунанд.

Чаро президентро фиреб мекунанд?

Бо ҳамин  агар ба маълумоти масъулин дар мавриди бакортаъминкунӣ бовар намоем, бекормондагон дар кишвар умуман бояд набошанд. Вале тавре гуфтем, масъулин ба ҳукумат ва ба хусус ба президент маълумоти нодуруст пешниҳод мекунанд. Ба унвони мисол, дар сафари охирини райисиҷумҳур ба навоҳии минтақаи Кӯлоб дар моҳи августи ҳамин сол, дар ноҳияи Мӯъминобод як корхонаи мурғпарвариро бо номи «Якарча»  ба истифода доданд (ҳол он  ки ҳамин фабрика ҳанӯз соле пештар ба фаъолият оғоз карда буду дар як муддати кӯтоҳтарин бекору муфлис шуда буд). Райиси ноҳия Сафаралӣ Зокиров ва  роҳбари корхона Давлат Юсуфов дар назди президент ҳисобот доданд, ки дар корхонаи нав 50 нафар аз мардуми бумӣ ба  кор фарогир гаштаанду аз 500 то 600-сомонӣ маош мегиранд. Ҳоло бошад дар ин корхона ягон нафар кору фаъолият намекунад ва худи корхона ҳам аз кор бозмондааст ва ҷуз чанд сар мурғу 3-4-нафар коргар  дигар касеву чизе дар он нест.

Ё дар шаҳри Кӯлоб низ ба ифтихори омадани Эмомалӣ Раҳмон корхонаи пойафзолбарории кайҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро аз нав эҳё карданду президент аз он дидан карда, шоҳиди кори 300-нафар аз бонувон гашт, ки паси таҷҳизоти нави замонавӣ машғули  дӯхтани либос  будаанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, баъди рафтани президент, дари ин корхона низ баста гашту таҷҳизоти васлшударо канда ба Душанбе бурдаанд ва 300 бонуи «бакортаъминшуда» боз бекор мондаанд. Аммо ин аввалу охири кор нест. Ба гуфтаи шоҳидон, ин амали фиребу дурӯғ барои шод намудани президент дар зиёд иншооту корхонаҳои бунёдгашта дар аксари навоҳӣ ба мушоҳида мерасад.

Ва боз ҳам  бино ба иттилои омор, музди миёнаи маош дар навоҳӣ на бештар аз 200-сомонӣ будааст, ки мутаасифона ин маблағ барои оилаи тоҷикӣ, ки камаш 5-6 нонхӯр дорад, басанда нест. Гузашта аз ин, аксари ҷойҳои кор мавсимӣ ва ё муваққатӣ мебошанд. Дар дилхоҳ навоҳӣ 30-40-фисади қувваи қобили кор ба кор таъминанду бас. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки 60-фисади дигар аз куҷо ва чӣ гуна ба сар мебурда бошанд? Бояд гуфт, ки бо гузашти солҳо вазъият агарчӣ рӯ ба беҳбудӣ меравад, вале хеле оҳиста,  балки бо тақозо бо ҷаҳони таррақирафта, нохубтар аст. Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнат ба чӣ кор меояд, агар аз вазъи бекорӣ, ки вазифаи ҷониашон будааст, ҷилавгирӣ карда натавонад? Раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо чӣ?

Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аҳолии Тоҷикистон барои рӯзгузаронӣ, аммо на зиндагонии инсонвор- ҳамагон, мардону бонувон, пирону ҷавонон ва… кӯдакон илоҷи воқеаро дар бозор дидаанд.  Аммо ба назари некбинон, ин амалиёт ҳеч вақт натиҷаи дилхоҳ надодааст ва ҳам намедиҳад…

Аслиддин Достиев{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!