Бахшҳо
23 дек 2011 10:33Гузориш

Масҷиди «Имоми Аъзам» ва беморхонаи Кӯлоб дар хатар!

Аммо масъулин мегӯянд, чӣ даҳонӣ шикоят мекунед, ба таври расмӣ муроҷиат кунед…

Як крани борбардор ду даҳсола боз бойиси дарди сари мардуми Кӯлоб шудааст.   Гуфтанист, ин «фанноварии кӯҳнаи ҳамешапойдор» дар болои релсҳо,  дар шафати беморхонаи вилоятӣ  20 сол побарҷо истода, хатар ба беморхона ва иншооти дигари ҳамсоя эҷод мекунад.

Алишер Кабиров, сардухтури беморхонаи мазкур мегӯяд, соле пештар даҳҳо маротиба ба таври шифоҳӣ ба шаҳрдорӣ, ба кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳрӣ ва ҳам минтақавӣ муроҷиат кардаанд, вале касе дар ин мақомот ба арзашон нарасидааст. Ахиран, дар ҳукумати шаҳр гуфтаанд, ки: «Чӣ даҳонӣ шикоят мекунед, ба таври расмӣ муроҷиат кунед, баъд масъаларо ҳал мекунем».

Аввали соли равон, дар моҳи январ маъмурияти беморхона бо мактуби расмӣ ба райиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, баъдан ба сардорони кумитаҳои ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳрӣ ва минтақавӣ шикоят бурда  дархост намудаанд, то дар мавриди бардоштани «борбардор»-и хатарзо кӯмак намоянд. Кабиров мегӯяд,  баъди як ё ду моҳ кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб  мавзеи қарордоди борбардорро дида, муайян намуданд, ки дар ҳақиқат крани солҳо боз бекорхобида ба касалхона таҳдид мекунад: «Ваъда доданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин борбардорро аз шафати беморхона хоҳанд гирифт. Вале бо гузашти 1 сол дигар ягон масъул аз ин  мақомот, аз «бало»-и сари беморон овезон ёд намекунад».

«Имоми Аъзам» ҳам дар хатар

Ҳамин борбардори бузурги тақрибан 20-метраи сарбафалак моли ширкати «Кӯлобсоз» буда, аз охири солҳои 80-уми асри гузашта дар маркази шаҳр бекор «хоб» асту роҳбарони ширкат ба касе иҷозат намедиҳанд, ки  онро канда, аз хатари чаппа шудану зарар ба иншооту беморонхонаву беморон ва одамон мерасидаро пешгирӣ намоянд. Воқеан, дар беморхона ҳамарӯза садҳо беморон барои ташхис меоянду садҳо нафари дигар ин ҷо бистарӣ будаву муолиҷа мегиранд. Вале гумон меравад,  ки дар ҳукумати шаҳр ё зӯри касе ба соҳибмулк намерасад ва ё парвои беморхонаву беморон надоранд.

Табибон бошанд ба ин ақидаанд, ки то замоне роҳбарияти шаҳр ва кумитаҳои ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳриву минтақавӣ иваз нашаванд, хатари «кран» ҳамоно боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол, барои намозхонони масҷиди «Имоми Аъзам»  низ ҳамин гуна хатар таҳдид мекунад. Дар саҳни ин масҷид, ҳанӯз нимаи солҳои 80-уми асри 20, ки лоиҳакашиаш шурӯъ шуда буд, як крани дигари бузург бекор «хоб», аммо «рост» истодааст. Маврид ба ёдоварист, сохтмони масҷид на танҳо ба таъхир, балки пурра қатъ гаштааст ва крани бадвоҳима манзараи ғамангези масҷидро боз ҳам шигифттар ҷилва медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯзи ҷумъа садҳо нафар ва рӯзҳои ид ҳазорон нафар аз мӯъминон барои намозгузорӣ ба ин масҷид омада, зери ҳамин «борбардор» намоз мегузоранд. Аммо масъулин бо шумули мулло Ҳайдар Шарифзода, имом-хатиби ин масҷид ва шаҳрдорӣ низ аз ин хатар  парвое надоранд...

 

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)