Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:31

Адолати додгоҳӣ барқарор шуд

24 декабр 2011, 08:01

Суди конститутсионии Тоҷикистон ба муроҷиати ширкати «Вавилон-Мобайл» расидагӣ кард.


Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабр баррасии парванда аз рӯйи дархости сарвари кулли Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» дар хусуси муайян кардани мутобиқати банди 28 боби 58-уми Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2009-ум ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 3-апрели соли 2007 ба моддаи 45-и Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор гардид.

 

Дар баррасӣ намояндаи ваколатдори президенти Тоҷикистон дар суди конститутсионӣ, намояндагони суди олӣ, прокурори генералӣ, вазорати адлия, шӯрои адлия, хадамоти алоқа ва кумитаи андоз, инчунин кумитаи давлатии сарморягузорӣ ва идораи амволи  назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Суди конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳодгардидаро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳаматарафа баррасӣ карда, бо қарори худ банди 28 боби 58-и низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва банди 2-и қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-апрели соли 2007 ба моддаи 45-и конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ҳисоб намуд.

Суди конститутсионӣ инчунин қайд кард, ки вақти мавриди амал қарор гирифтани қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2009-ум таҳти № 472-аз тарафи Кумитаи андоз в баъдан аз ҷониби судии Олии иқтисодӣ нодуруст муайян карда шуда, боиси татбиқи нодурусти қарори зикршудаи ҳукумат ва вайрон шудани муқаррароти моддаи 45-и конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Бинобар ин Суди конститутсионӣ Кумитаи андоз ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани зарари молиявии ба ширкати«Вавилон Мабайл» дар натиҷаи татбиқи нодурусти қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2009 таҳти рақами 472 расонидаашон чораҳои дахлдор андешида, санадҳои ҳуқуқии худро дар ин масъала бо қарори мазкури суди конститутсионӣ мутобиқ намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати «Вавилон Мобайл» дар хусуси поймол гардидани ҳуқуқи конститутсионӣ ба зинаҳои поёнии судӣ муроҷиат карда даъво намуда буд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2009 сол № 472 « Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти № 172» оиди тағйир додани ҳаҷми хироҷи иҷозатномавӣ аз 1% то ба 2,5% (зиёд намудан), баъд аз нашри расмӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз санаи 20 ноябри соли 2009 мавриди амал қарор мегирад».

Ҳамаи мақомоти ваколатдори давлатӣ низ вобаста ба ин мавзӯъ ба муроҷиати хаттии ширкати «Вавилон-Мобайл» ба таври хаттӣ посух гуфта буданд, ки «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2009 сол № 472 аз санаи нашри расмии аввалини он, яъне аз 20 ноябри соли 2009 мавриди амал қарор дода шуда, хироҷи иҷозатномавӣ то санаи 20 ноябри соли 2009 дар ҳаҷми 1% ва баъди 20 ноябри соли 2009 бошад дар ҳаҷми 2,5% аз тарафи андозсупорандагон пардохт карда мешавад». Вале дар зинаҳои гуногуни судӣ ин бахши қонунро ба инобат нагирифта буданд. Ин аст, ки ширкати «Вавилон-Мобайл» барои барқарор намудани адолати судӣ ба зинаи ниҳоии судӣ- Суди конститутсионӣ барои барқарор намудани адолат муроҷиат карда буд ва муваффақ шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!