Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:23

Ғарб ҷаҳонро дубора ба бӯҳрон мекашад?

3 феврал 2012, 07:49

Эҳтимол меравад, ки таҳримҳо алайҳи Эрон ба бӯҳрон оварда расонад.

Аз ҳама баландтарин нишондиҳандаҳои иқтисодиро Тоҷикистон дар соли 2008 соҳиб гашта буд. Сипас бӯҳрони иқтисодӣ таъсир кард ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо тамоюли пастшавиро касб намуданд. Се сол сипарӣ мешавад, вале то ҳол нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои соли 2008 нарасидааст. Коршиносон мегӯянд, ки таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар охирҳои соли 2008 нахуст дар бахши сармоягузорӣ эҳсос шуда буд. Сармоягузороне, ки аз кишварҳои хориҷӣ, ба вижа бахши хусусӣ меомаданд, кам шуданд. Зеро аксари сармоягузорон шикаст хӯрдаанд ё ин ки зарар диданд. Ҳоло низ дар бахши сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамин гуна як вазъият эҳсос мешавад. Сармоягузорони эронӣ аз сабаби таҳримҳои эълонкардаи Ғарб алайҳи Эрон имкони интиқоли маблағ тавассути бонкҳоро надоранд ва ба Тоҷикистон пул ворид карда наметавонанд.

Ғарб бо Эрон "ҷанг" мекунад, аммо Тоҷикистон зарар мебинад

Таҳримҳои Ғарб алайҳи нафти Эрон ва қатъи доду гирифти бонкӣ бо ин кишвар боиси коҳиши теъдоди сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ва коҳиш ётани сармояи хориҷӣ хоҳад шуд. Ба қавли вазири иқтисод ва савдои ҶТ, Шариф Раҳимзода аллакай дар натиҷаи таҳримҳо алайҳи Эрон роҳҳои вуруди сармоя ба Тоҷикистон баста шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло бонкҳои эронии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта маблағ ворид карда наметавонанд. Интиқоли маблағҳо, аз ҷумла доллар тавассути Амрико ва евро тариқи Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад, ки онҳо барои интиқоли пул аз Эрон ва ба Эрон иҷоза намедиҳанд. Тибқи маълумотҳо Эрон ҳудуди 20 дар сади нафти Аврупоро таъмин мекард, ки ҳоло Иттиҳоди Аврупо аз харидани он худдорӣ кард ва Арабистони Саудӣ ваъда додааст, ки ин ниёзи кишварҳои Аврупоиро аз ҳисоби нафти худ бароварда хоҳад кард. Вале то ҳанӯз ба коркард ва содироти нафти ниёзи Аврупо комилан даст наёфтааст. Аммо Эрон иддао дорад, ки нафташро бо нархи арзон хоҳад фурӯхт, то ба бозор роҳ ёбад ва ҳамзамон ба Арабистони Саудӣ иҷоза нахоҳад дод, ки аз тариқи бандари Ҳурмуз ба Аврупо нафт содир кунад. Дар ин ҳол Амрико ва Англия киштиҳои худро бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар бандари Ҳурмуз мустақар кардаанд то ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ диҳанд. Баҳс миёни Ғарб ва Эрон тезу тунд ба назар мерасад. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки сар задании бӯҳрон аз эҳтимол дурр нест. Аммо вазири иқтисод Шариф Раҳимзода умед мебандад, ки нофаҳмиҳои Ғарб бо Эрон ба авҷи аълояш нахоҳад расид. Зеро ба ин на Эрон манфиатдор аст ва на кишварҳои арабӣ. Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як нишаст изҳор доштанд, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон чандон таъсири манфӣ надорад. Зеро Эрон танҳо ҳудуди 20 дар сади Аврупоро бо нафт таъмин мекунад ва дар Осиё нафти Эрон харидори зиёд дорад. Вале ба ҳар ҳол дар оғози таҳримҳо таъсири манфии он ба иқтисоди Тоҷикистон эҳсос мегардад.

Ба гуфтаи вазири тозатаъйини иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода Эрон солҳои ахир дар қатори панҷгонаи сармоягузорони бузурги Тоҷикистон шомил гашта, интизор мерафт, тайи 5 соли оянда ҳудуди 1 миллиард евро ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Дар 9 моҳи соли 2011 танҳо сармоягузории бахши хусусии Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон 15 миллион долларро ташкил додааст.

Фирори сармоягузорони тоҷик

Аз ҷои кор маҳрум шудани тоҷирон ва танг гаштани мавқеи соҳибкорону сармоягузорон дар дохили кишвар дар ҳоле ба назар мерасад, ки солҳои ахир сармоягузории тоҷикон дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишварҳои хориҷӣ бештар мешавад. Ҳоло сармоягузорони тоҷикистонӣ дар Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Қатар ва дигар кишварҳо сармоягузорӣ мекунанд. Соли 2011 сармоядорони тоҷик ба иқтисоди вилояти Новосибирски Федератсияи Русия 18 миллион доллар маблағгузорӣ кардаанд. Дар ҳоле тоҷикон дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мекунанд, ки иншоотҳо ва бахшҳои зиёде дар Тоҷикистон бесарпараст мемонанд ва ниёз ба сармоягузорӣ доранд.

Дастаи футболи "Равшан" ҳам бесарпараст монд

Ба андешаи коршиносон дар Тоҷикистон соҳаҳои зиёд ба сармоягузорӣ ниёз дорад, аммо бо сабабҳои гуногун ҷалби сармоягузорон мушкил аст. Коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бисёр корхонаҳо ҳастанд, ки танҳо бо иваз кардани дастгоҳҳои он ба кор даровардан имкон дорад. Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои саноати хуроквориро ба кор андохтан ва пеш бурдани фаъолият мумкин аст. Зеро маҳсулоти коркарди чунин корхонаҳо дар дохил вуҷуд дорад ва дар сурати коркард аз ҷиҳати сифату нарх нисбати маҳсулоти хӯроквории хориҷӣ бартарӣ хоҳад дошт. Он вақт қиёми помидори эронӣ ва кетчупи русӣ дар кишвар харидорони зиёд пайдо нахоҳанд кард.

Ҳамчунин соҳаи саноати кӯҳиву канданиҳои зеризаминии Тоҷикистон ба сармоягузорӣ ниёз доранд, аммо ба андешаи коршиносон харҷи зиёду даромади кам ё монеаҳои қонунӣ барои ҷалби сармоя имкон намедиҳанд. Ҳоло тақрибан тамоми бахшҳо дар Тоҷикистон ба маблағгузорӣ ниёз доранд, аз ҷумла бахши варзиш. Аммо ба назар мерасад, ки сармоягузорон ҳатто аз сарпарастии ин соҳа низ худдорӣ мекунанд. Ахиран "Агроинвестбонк" аз маблағгузории дастаи футболи "Равшан"- Кӯлоб даст кашид. Соли 2010 ин бонк барои бозиҳои даста 1 миллиону 32 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда буд. Ин бонк бо ирсоли як номаи расмӣ аз маблағгузории дастаи "Равшан" дар соли 2012 даст кашидааст. Коршиноси маҳаллӣ Маҳмудҷони Раҳмат дар сӯҳбате гуфтааст, ки пас аз беназмиҳо Сафармад Рустамов, соҳибкори маҳаллиро боздошт карданд ва овоза шуд, ки ӯро барои маблағгузорӣ ба мухлисон гунаҳкор медонанд. Ҳамин тавр мухлисӣ аз "Равшан" ба таври сиёсӣ баҳо дода шуд. Шояд маҳз ҳамин омил аст, ки "Агроинвестбонк"  намехоҳад дастаро маблағгузорӣ кунад. Аммо масъулини "Агроинвестбонк" дар Кӯлоб мегӯянд, маблағгузорӣ накардани дастаи "Равшан" ҳеч омили сиёсӣ надорад. Ба гуфтаи онҳо, як қисми саҳмияҳои ин бонкро Бонки Аврупоии рушд харидорӣ кардааст, ки дигар бе розигии саҳмдорон ин бонк ҳеч коре карда наметавонанд.

Сармоягузорони хориҷӣ зиёд шуданд ё кам?

Дар ҳоле, ки фирори сармоягузорони дохилӣ ба назар мерасад, аз ҷониби дигар ба андешаи масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва афзун намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар соли сипаришуда як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар давоми 9 моҳи соли гузашта 187,1 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 85,0 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим ва боқимонда 102,1 млн. доллари ИМА дигар намуди сармоягузориҳоро ташкил медиҳад. Дар доираи маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дар давоми соли 2011 азхудкунии маблағҳо зиёда аз 1,3 млрд. сомониро (274,71 млн. доллари ИМА) ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2010  8,3 дарсад зиёд аст.

Дар ҳоле аз афзоиши сармояи мустақими хориҷӣ ва таваҷҷӯҳи сармоягузорони беруна гуфта мешавад, ки дар як соли ахир баҳсҳои судиву лафзии сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Масалан, Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт ширкати эронии "Метро"-ро барои иҷро накардани созишнома муттаҳам намуд. Ба гуфтаи ӯ ин ширкати эронӣ омӯзишҳои пешакии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани байналмилалии "Кошғар-Ҳирот"-ро бояд то моҳи декабри соли гузашта ба анҷом мерасонд, аммо корро ҳамеша ба "имрӯзу пагоҳ" мепартофтааст. Баҳси ширкати тоҷику қирғизон "Таком Голд" бо ширкати чинӣ дар Тоҷикистон барои норозигӣ аз шароити кор дар коркарди сангҳои қиматбаҳо ва надодани маош аз ҷониби чиниҳо тӯли чанд моҳ ахиран расонаӣ шуд. Ширкати "Вавилон мобайл" бо Кумитаи андоз баҳси судиро давом дод ва баранда шуд. Ахиран ширкати русии "Gazprom International" иҷозатномаи маъдани Ренганро тамдид накардааст.

Азим Иброҳим, раиси саридораи Геология дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки рӯзи 17 декабри соли гузашта муддати истифодаи муҷаввизи ширкати "Gazprom International", бахши ширкати бузурги "Газпром"-и Русия дар ин маъдан поён ёфт ва ин ширкат аз тамдиди муддати муҷаввиз худдорӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки ин ширкат кӯҳистонӣ будани ин маъданро далели ин амр арзёб? карда, гуфтааст, ки барои анҷоми корҳои иктишофӣ бояд аз таҷҳизоти иловагӣ, аз ҷумла, ҳавопаймо истифода шавад ва харҷи зиёдро талаб мекунад.

Нуқсонҳои қонунгузорӣ

Коршиносон бар ин боваранд, ки яке аз мушкилоти асосии рушд накардани соҳибкорӣ дар Тоҷикистон фароҳам набудани муҳити сармоягузорӣ аст, ки омилҳои ба он таъсиррасон ноамнии минтақа, ба хусус Афғонистони ҳамсоя, нобовариву ҳароси сармоягузорон аз хавфи зиёд ва сатҳи баланди коррупсия дар ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Бо чунин далелҳо ҷалби сармояи хориҷӣ мушкил гаштааст. Коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин мешуморад, ки дар дохили Тоҷикистон як тартиботи муайяни муҳити сармоягузорӣ ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. Дар сурати ба вуҷуд омадани ин тартибот Тоҷикистон ба сармоягузории давлатҳо неву бахши хусусӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳад ва онҳоро ҳавасманд созад. Мо метавонем, ки бештар ба бахши хусусӣ такя кунем. Иншоотҳое ба монанди "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанак" ё ин ки хати барқгузаронии "Ҷануб-шимол" сармояҳои давлатӣ мебошанд ва ҳамаи ин сармояҳо хусусияти геопалитикӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол  иддае аз коршиносон аз фароҳам набудани заминаи қонунгузории кишвар баҳри ҷалби сармоягузорӣ нигаронӣ мекунанд. Ба андешаи раиси Консорсиуми юрдикии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бошад ҳанӯз қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ комил нестанд ва баъзе бандҳо ба ҳамдигар мухолифат мекунанд. Вале аз ҳама мушкили асосӣ андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ дониста мешавад. Ба қавли Раҳматилло Зойиров корхонаҳое, ки пул кор карда метавонанд ба проблемаҳои зиёд мувоҷеҳ мешаванд. Зеро қонунгузории андоз имрӯз имкони хуб фаъолият карданро намедиҳад ва соҳибкорон ноилоҷ пешниҳодҳои барояшон судоварро, ки ғайриқонунӣ аст қабул менамоянд ва аз супоридани андоз саркашӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов мегӯяд, ки бо мақсади рушди соҳаи истифодаи замин, фароҳам овардани шароити мусоиду шаффоф барои ҷалби сармоягузорон ва бартараф намудани нуқсонҳои қонунгузории амалкунанда бо вазорату  идораҳои дахлдор вазъи воқеӣ ва таҷрибаи давлатҳои хориҷиро омӯхта, оид ба беҳтарсозии ҷолибии сармоягузорӣ пешниҳодҳо кардаанд.

Бо ин ҳама таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон нишон медиҳанд, ки таъсири манфӣ ба бахши сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон эҳсос мешавад. Мабод он рӯз, вале агар дар натиҷаи ин таҳримҳо нархи нафт боло рафта, ба бӯҳрони иқтисодӣ боис гардад, пешниҳоду барномаҳои ҷалби сармоя ҳам ба кор намеоянд.

Исфандиёр Халилӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!