Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Роҳи пулакӣ фаромӯш нашудааст

13 апрел 2012, 09:57

Мегӯянд, дар Ғарб ситораҳои олами шоу бизнес барои аз забони мардум дур нашудан ҳар гуна сару садоҳои бофтаву сохтаро расонаӣ мекунанд.  Аммо дар мо…

Бархе аъзои ҳукумати Тоҷикистон барои расонаӣ шудан ба овозаҳо эҳтиёҷ надоранд. Онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мардум ва ВАО қарор доранд.

Дар ин миён аз ниҳодҳое хело кам ном мебаранд. Масалан чанд муддат буд, ки аз вазорати нақлиёт чизи кофие намешунидем. Аммо ахиран як ҳарфи роҳбари ин ниҳод онро хабарсоз кард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки шикоятҳо аз фаъолияи IRS камтар шудаанд. Дар сӯҳбат ба хабарнигори "Озодӣ" Низом Ҳакимов сабаби коҳиш ёфтани шикоятҳоро ба 50 дар сад кам шудани маблағи "тарозуҳо" унвон кардааст. "Як-ду сол пеш дар матбуоту интернет танқидҳо дар бораи ширкати IRS пур буд. Яъне, роҳи пулакӣ. Имрӯз ин гуна танқидҳову шикоятҳо аз роҳи пулакӣ ва ширкати IRS аз байн рафтааст. Барои он ки агар пештар як гурӯҳи мардум барои гузаштан аз тарозуҳо се сомонӣ месупориданд, ҳоло 50 фоизи онро месупоранд. Дигар ин ки ҳоло маблағ барои мардум муҳим нест. Муҳим ин аст, ки онҳо ҳарчӣ зудтар ва хубтар ба манзилу ҷои худ бирасанд".

Ман низ ба дурустии комили ин ҳарфҳо шубҳа дорам. Зеро танқиду шикоятҳо аз роҳи пулакӣ ва ширкати IRS аз байн нарафтааст. Воқеан, иқрор бояд кард, ки чанд вақти ахир дар ВАО аз IRS бо шиддате, ки қаблан дошт, интиқод намекунанд. Аммо фикр накунам   сабабаш он аст, ки ҷаноби вазир гуфт. Яъне ба 50 дар сад коҳиш ёфтани арзиши гузаштан аз дарвозаҳо. Гузашта аз ин расонаҳое, ки аз рӯзҳои нахуст ин мавзӯъро дунбол карда буданд, ҳанӯз ҳам онро канор нагузоштаанд. Ҳатто баъди як "сайру саёҳат"-и роҳҳои таҳти идораи IRS ва тақдими ручкаву майкаву кепкаву истакон низ аксари рӯзноманигорон ба таърифи дурустии идеяи пулакӣ шудани ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахт бо шимоли кишвар напардохтанд. Қариб дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳое, ки аз аввал мегуфтанд, пулакӣ шудани роҳ бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ муғойир ба қонунҳои байналмилалӣ ва ҷабри иловагӣ ба кисаи мардуми бечора аст, ҳоло низ матлабҳо таҳия мешавад. Ҳанӯз ҳам ин расонаҳо мепурсанд, ки роҳбарияти ширкати IRS кист? Ҳанӯз ҳам тааҷҷуб мешавад, ки чаро масъулияти пулчинӣ ба ихтиёри ширкати хориҷие гузошта шудааст… Шояд вазир фурсати мутолиаи расонаҳоро надорад.   

Дар мавриди ин ки "…ҳоло маблағ барои мардум муҳим нест". Дар вазъияти кунунӣ мардум ҳар сомонии доштаашонро ба нақша мегиранд. Мардум пули бедарди миёне надорад, ки ба IRS таслим кунад. Шояд аз эътирозу шикоятҳои зиёди бе посух "ба тақдир тан додаанд", ки ба ҳеч ваҷҳ на бояд ба маънии барояшон муҳим набудани маблағ таъриф шавад.

Шараф, ҷавоне, ки ҳар рӯз ба ноҳияи Варзоб меравад, мегӯяд дар дилхоҳ таксӣ биншинад бо наздик шудан ба дарвозаи пулчинии IRS "навозиш"-ҳои ронанда баланд мешавад. "Ҳатто кирокашҳои солманд ҳам, ки давоми роҳ танҳо зикри Худову Расул мекунанд, дарвозаҳои пулчиниро бе дашном намегузаранд",-мегӯяд вай. Ба ин монанд, нафаре гуфт, ки ҳар вақт ба нозирони дарвозаҳои IRS пул медиҳад хитоб мекунад, ки "ҳаром аст".
Зимнан, аз чанд ҳамкасбам, ки дар ҷараёни воқеоту ҳодисаҳо қарор доранд, пурсидам, ки оё кам шудани таваҷҷӯҳи расонаҳо ва шикояти мардум ба ширкати IRS-ро эҳсос кардаанд?

УМАРАЛИИ САФАРАЛӣ: Шикоятҳо он қадар кам ҳам нест. Танҳо дар зимистон, ки мушкили дигар - банд шудани роҳ бо барфу тарма пеш омад, пулакӣ будани роҳ каме дуюмдараҷа шуд. Дигар мардум чӣ ҳам гӯянд? Кӣ будани соҳиби ширкат қариб ба ҳама маълум шуд, дигар мардум ҳам фикр мекунанд, гап задан бефоида аст.

МУҲАЙЁ НОЗИМОВА: Ба фикри ман ин як ҳиллаи худсафедкунӣ ва ба чашми мардум хок пошидани масуълин аст. Ман ба ҷаноби вазир савол дорам: Оё худаш ба ҳамин ҳарфҳояш бовар дорад?

ЗАВҚИБЕК СОЛИЕВ: Бале, дар ҳақиқат кам шудаст, вале ин маънои онро надорад, ки акнун халқ аз роҳи пулакӣ розӣ аст.
Мардум ягона ҷойе, ки арзашонро ба гӯши ҳукуматдорон аз пулакӣ шудани ин минтақаи роҳ мерасониданд ВАО буд. Чун мардум ҳам дид, ки гапашон ба гӯши касе нарасид ,дигар "хомӯш" монд. Шояд ширкати IRS ягона корхонаест, ки мақолаҳои танқидӣ зиёд алайҳаш  чоп шуд. Ман фикр мекунам кам шудани танқидҳо аз дилмондагии мардум аст.

МЕҲРАНГЕЗ ТУРСУНЗОДА: Ростӣ, ман бо ин роҳ ҳаракат намекунам, аммо тибқи баъзе маълумотҳо пулчинакҳои ширкат қариб ҳар моҳ иваз мешаванд. Ба суоли барои чӣ, ҷавоб медиҳанд, ки эътирозу шикояти мардум ба ҷонашон задааст. Ҳар нафари аз роҳ гузашта мегӯяд, ки онҳо маблағи мардумро мехӯранд аз ин рӯ асабҳояшон хаста шуда, дигар кор кардан намехоҳанд.
Фикр мекунам, мардум ҳеч вақт аз шикоят бознамеистад, то замоне, ки роҳи пулакӣ барҳам зада нашавад   

САФАРБЕК КАБИРОВ: Бале, сару садо дар мавриди ин ширкат то ҳаде кам гардида, вале сабаб ин нест, ки мардум аллакай бо амали пулситонии ширкат одат кардаанд. Омили паст гардидани ин сару садо зимистони тӯлонӣ буд, ки мардум тавассути қатор ё ҳавопаймо ба Душанбе ё баръакс аз Душанбе ба Суғд мерафтанд. Фаъолияти ширкати IRS ҳеч гоҳ аз ҷониби мардум истиқбол нашуда буд ва нахоҳад шуд.

АЪЗАМ: Бале, мардум қариб дар ин бора шикояте намебарад, зеро аз арзу шикояти зиёд ба ҳеч натиҷае нарасиданд: пулгирӣ буд, ҳаст ва мемонад. Рӯзҳои аввал барои мардум як падидаи нав буд ва хело сахт мерасид, ки барои гузаштан аз роҳ маблағ меситонанд, ҳоло ба он одат кардаанд. Аммо ҳоло низ ҳангоми гузаштан аз мавзеи пулдиҳӣ изҳори норозигӣ мекунанд, аммо арзу шикоят карданро бе фоида медонанд.

ФАРИДУНИ РАҲНАВАРД: Кам шудани шикоятро аз IRS дар расонаҳо ба фикрам набояд аломати ризо пазируфт. Агар гӯянд, ки мардум аз шикоят - шикояти хаттиву оммавӣ ба ҳукумат, президент, раиси "номаълум"-и ин ширкат, вакилони мардумбезори парламент хаставу дилмонда шудааст, ман бовар мекунам. Лекин шикоятро аз забони ҳар ронанда, ҳар мусофир то ҳол шунидан мумкин аст.
Барои то куҷо воқеият доштани ҳарфҳои вазири нақлиёт ба суҳбати коршиносон нарафтам, балки андешаи чанд ҳамсол ва ҳамкасби худро пурсидам. Шояд бо онҳо мувофиқед ва шояд ҳам аз ҷаноби вазир пуштибонӣ мекунед. Ҳар чӣ ҳам ҳаст ихтиёр дасти шумост…


Абдулазизи ВОСЕЪ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!