Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:49

Шабаҳи атеизм дар Тоҷикистон

13 апрел 2012, 10:27

(Ё аз кай боз Кумитаи дин "додгоҳшинос" шудааст?)

Агар гӯем, ки (ва борҳо гуфтаем ҳам!) динситезӣ, таъқиби ҳадафмандонаи муллову рӯҳониёни саршинос ва низ қаторӣ, таълими атеизми илмӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, бастани масоҷиду валангор намудани онҳо, бо иддаои "ҳуқуқи зану мардон баробар" - гуфтанҳо, ба хонуму бонувони аз муқаддасоти ислом дури фарангимаоб табдил додани дӯшизагону занони тоҷик (ва на танҳо тоҷик) ва дар маҷмӯъ, зуҳури "манкуртгарӣ" охиру оқибат сари Иттиҳоди Шӯравии абарқудратро ба боди фано дод, ҳеч ҷойи муҳоботу муболиға надорад. Аммо мақомдорони ҳукумати феълии Тоҷикистон гӯё он таҷрибаи ҳизби комунистро, ки тӯли 70 сол дақиқану сареҳан тарҳрезӣ шуда буд, ё надида мегиранд, ё аз он "фоҷиа" сабақе бохирадона набардоштанду инак намебардоранд.

Тайи 10 соли ахир дар кишвар муносибату бархӯрд бо қишри фарзонаи рӯҳониён, масҷидҳо, мактабу дабистонҳо он қадар тунду хашин ва ба истилоҳи нав "ғайридемократӣ" гардида, ки на танҳо раийяти тоҷикро ба ҳайрату шигифтӣ гирифтор бинмуд, балки созмонҳои гуногуни дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ғайраи дигарро ба нигаронӣ ва ташвиш мувоҷеҳ сохт. Моҷарои маълуму ташвишзои таҷлили ба ном "Ошуро" (гӯё), ки назорати шадиди дигарро дар нисбати масҷидҳову як идда имом-хатибон аз ҷониби ҳукумат ба дунбол дошт, ба оромӣ гароиш наёфта, дарсоат Кумитаи дин аз додситонӣ дархост намуда, ки вазъи намозгузориро дар масҷиди "Муҳаммадия"-и бародарон Тӯраҷонзодаҳо амиқан бисанҷад.

Қазияи пурсару садои ба ҷавобгарӣ кашидани муфтии мусулмонони кишвар аз ҷониби Тӯраҷонзодаҳо, ки чандин ҳафтаҳо идома ёфта буд, ба сабабҳои маълуму мафҳум бенатиҷа анҷомид ва муфтӣ Саид Мукаррамхон аз об "хушк" баромад. Ҳол он ки бо тақозо ва таъйиди Б.Ёров вакили мудофеи бародарон Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳо ба ваҷҳи тӯҳмати ошкоро ва таҳқири ин шахсиятҳои барӯманди мамлакат, ки дар изҳороти Шӯрои уламои Тоҷикистон эшонро дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ муҷрими асосӣ меҳисобанд, тибқи қонун муфтӣ ба мӯҳлати 5 сол боястӣ равонаи зиндон мегардид. Аммо...

Чуноне дар таъбири мардумӣ омада, "усул ба дасти нағорачӣ" буда ва мунтаҳо Саид Мукаррамхон эълом дошт, ки матни пахшшудаи изҳорот дуруст аст ва рад карда нахоҳад шуд. Вале ҳамакнун Кумитаи дин гӯё дигар кори муҳиме надорад, ки дафъатан даст ба домони бародарон Тӯраҷонзодаҳо мезанад ва шарму хиҷолат як сӯ биистад, арзишҳои оливу муқаддаси исломро зери по гузошта, иддао мекунад, ки Эшони Нуриддинҷон дар муддати се моҳи манъи намозгузории рӯзи ҷумъа дар масҷиди мазкур имоматӣ карда. Пурсида мешавад: аз кай боз фардеро барои имоматӣ кардан чун гунаҳкор ба додгоҳ мекашидаанд?!

Бигузор ки ин амал аз ҷониби Эшони Нуриддинҷон дар масҷиди деҳааш сурат гирифта бошад. Намоз, ибодат роз гуфтан бо Худост. Ва фарде ҷамоатеро раҳнамоӣ бисозаду то ба хотири бо Холиқи якто розу ниёз гуфтан ибодатро ба ҷо оранд, магар гуноҳ будааст, магар ҷинояти сангин будааст? Наход?!

Қаблан гуфта будем, ки ин ҳамҳамаву ҳангомае, ки перомуни дину мазҳаб амалдорон барпо намудаанд, агар имрӯз на, пас фардо дар рӯзи растохез ононро шарманда хоҳад кард. Оқибатуламр чун ҷон аз тану рӯҳ аз колбуди мо берун ҷаст, кулли моро савори тобут нахуст ба масҷид - ба ана ҳамон Хонаи Худо, ки ин қадр тафтишу санҷишҳо гузарониданиянд, мақомдорон он ҷо, хоҳанд бурд.

Ҳатман, бе ҳеч шакку тардид. Ва каси кулоҳбасару галстук ба гардан на, балки имом ва ҷамоат ба масобаи як бародари мӯъмин ҷанозаи ӯро хоҳанд хонд. Магар аз ин, аксиомаи оддиву муқаррарӣ, вале дар айни ҳол бас сабақомӯзу ибратзо муовини раиси Кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Мухторов иттилоъ ва огаҳӣ надорад? Дорад, некӯ хабар дорад, чаро ки ӯ низ фарзанди мусулмон аст.

Ва аммо ҳоло масъала танҳо сари ҷанозаи ину он ашхос набуда, балки мушкил ва печидагӣ дар амалҳои нохуш, иштибоҳангез ва барои наслҳои минбаъд нобахшидании ҳукумати кишвар нуҳуфтааст. Феълан мақомоти масъул дар муносибат бо дин ва бархе рӯҳониён аз сабку шеваҳое кор гирифта истодаанд, ки айнан дар замони бехудоии шӯравӣ ҳизби ҳокими вақт меҳвари аслии фаъолияти худ қарор дода буд. Таълими асосҳои шариат ва ислом дар макотиб билкул вуҷуд надорад.

Фанҳое бо номи "Таърихи дин" ва баъдтар "Маърифати ислом" ҷорӣ гардиду ба гунаи оҷил (ҳатто фанни "Маърифати ислом" ҳамагӣ 6 моҳ "умр" диду бас) аз байн, саҳеҳаш таълиму омӯзиш бардошта шуд. Ҳол он ки дар мактабҳои давлатҳои Аврупо, хоса Данияе, ки он ҷо суратҳои ҳаҷвӣ алайҳи пайғамбари ислом чанд соле пештар нашр гардида буд, Қуръону аҳодис ҳамчун фанни мустақил омӯзонда мешавад.

Дигар амали басо фаврии мақомдорон ба сурати ҳамчунон зуд барчин кардан ва манъ намудани дискҳои воизон, алалҷумла Эшони Нуриддинҷону Ҳоҷӣ Мирзо маҳсуб меёфт. Илло ин ҳама, аз масҷид канор задани наврасони то синни ҳаждаҳ аз як чунин "ташаббусу ибтикор"-и ҳукумат буд. Ин раванди якҷониба бағоят оқибатҳои фоҷиабор ва мӯҳлик ба бор хоҳад овард.

Суол ин тавр меистад: чаро ҳам тавассути дискҳо ва ҳам шабакаҳои телевизион ба намоишҳои консертию клипҳои ғайришаръӣ, лухту урён ва бешарафона роҳи васеъ кушодан дорему аммо боре аз панду насиҳат ва андарз кор намегирем? Чаро тӯдаи ҳангомаҷӯён аз ҳар гӯшаву канор садо баланд карда, тамомии воқеоту ҷанги маълуми кишварро ба дӯши бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳавола кардан мехоҳанд?!

Тайи 20 сол аст, ки мардуми мамлакат дар бебарқиву зулмот зиндагии ҷангалӣ ба сар мебарад. Магар ба ин вазири саноату энергетика, ширкати "Барқи тоҷик" гунаҳкор неву чанд рӯҳонӣ, бахусус Тӯраҷонзодаҳо гунаҳкоранд? Садҳо камбуду нуқсонҳо дар кишвар мавҷуданд, магар ба он ҳама ҳамин чанд нафар муҷриманд? Магар ин таъқибгароӣ ва муташанниҷ намудани авзои ҷумҳурӣ ба нафаре лозим аст? Гуноҳро сари каси дигар таҳвил додани амалдорон бо баҳонаи тафтишу тафаҳҳусҳои маснӯӣ ва дурӯғину безамина аз оини ҷавонмардӣ набуду нест. Инак, тафтиши идории дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Ислом дар шаҳру навоҳӣ шурӯъ гардидаву идома дорад. Дар дилхоҳ кишвари демократӣ ин амал роҳандозӣ мегардад ва дуруст ҳам ҳисоб меёбад.

Вале аҷоибот дар он зоҳир мегардад, ки чаро ва ба чӣ ваҷҳ бояд ва ҳатман тафтишу санҷишҳо маҳз аз Ҳизби Наҳзати Ислом оғоз карда шавад? Чаро? Чаро боре фаъолияти кории Ҳизби Халқӣ Демократии мамлакат аз ҷониби додситонӣ (дақиқан аз сӯйи Вазорати адлия) таҳти тафтиш қарор намегирад? Охир, қонун барои ҳамаи ниҳоду созмонҳо ва шаҳрвандон баробару мусовист.

Пас, ба мӯҳтавои мафҳумҳое, чун "демократӣ", "дунявӣ", "ҳуқуқбунёд" чӣ тавр баҳо метавон дод? Тафсири ин мафҳумҳо ва бобҳову моддаҳои Сарқонуни ҷумҳуриро аз кӣ бояд бипурсем? Аз Ҳукумат ё бародарон Тӯраҷонзодаҳову сарварони ҲНИТ?! Ва ё балки Кумитаи дину муфтӣ Саид Мукаррамхон? Аз кӣ???

 

Шаҳбози НУР

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!