Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 22 май 2017, 20:21

Тоҷикистон раёсати Шӯроро ба Қазоқистон вогузор кард

28 июн 2011, 06:56

Ҷаласаи 38-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ имрӯз дар шаҳри Остона ба кори худ шурӯъ кард.


Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар рафти нишасти навбатӣ кишварҳои аъзои ин ташкилот масоили марбут  ба фаъолияти созмони ёдшударо мавриди арзёбӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳову усулҳои таҳкими ҳамкориҳои худ ибрози назар мекунанд. Дар кори ин Шӯро ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зоҳид Низомиддинов, муовини вазири умури  хориҷии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Маврид ба тазаккур аст, ки зимни ин ҷаласа Тоҷикистон раёсати созмонро ба мизбон – ҷумҳурии Қазоқистон супорид.{jathumbnail off}





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!