Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

Президент мегӯяд, депутатҳо баръаксашро анҷом медиҳанд

14 апрел 2012, 05:03

Президент ҳамеша дар мавриди афзоиши ҷойҳои нави корӣ сухан мекунад, аммо депутатҳо қонунҳоеро қабул менамоянд, ки монеаи рушди бахши хусусӣ гашта, сафи бекоронро зиёд месозад. Баръакси гуфтаи президентро анҷом медиҳанд.

Ҷои кори холӣ: маоши муаллим 280 аз духтур 250 сомонӣ!

Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холие, ки рӯзи 13-уми апрел дар назди бинои Сирк баргузор шуд, даъвати муаллиму духтур ба кор бештар ба назар мерасид. Дар аксари ярмаркаҳои ҷои кори холӣ талабот ба пизишкон ва омӯзгорон зиёдтар аст. Вале маоше, ки барои мутахассиони варзида пешниҳод гардидааст, хеле ночиз буд. Масалан, маркази ташхиси миллии Вазорати тандурустӣ (Диагностический сентр) ба духтури сутунмӯҳрашинос ниёз доштааст ва барои чунин мутахассис 253 сомонӣ маош пешниҳод кардааст. Ё ин ки шӯъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ба муаллимони химия, физика, математика ва технологияи информатсионӣ эҳтиёҷ доштааст, ки барои онҳо 280 сомонӣ моҳона ваъда мешавад.
Ба қавли Ниёзбек Қурбонов, сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ натиҷаи таҳлили ҷойҳои кории холии пешниҳодшуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 28,4 фоизи он ба соҳаи тандурустӣ, 17,4 фоиз ба соҳаҳои маорифу фарҳанг ва 16,2 фоиз ба соҳаи саноат тааллуқ доранд.
Тибқи омори расмӣ дар соли 2011 аз ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда 2025 адад ба соҳаи саноат бо музди миёнаи меҳнати 388 сомонӣ, 934 ба соҳаи сохтмон бо музди миёнаи 487 сомонӣ, 2179 ба бахши маориф ва фарҳанг бо музди миёнаи 226 сомонӣ, 3551 ба соҳаи тандурустӣ бо музди миёнаи 185 сомонӣ ва 639 ба соҳаи манзилию коммуналӣ бо музди миёнаи 192 сомонӣ рост меомад.

«Бигзор муаллими мактаб аз устоди донишгоҳ 10 баробар зиёд маош гирад»

Ба назар мерасад, корфармоён аз ҳама бештар ба муаллиму духтур ниёз доранд. Аммо  бо маоше, ки пешниҳод мекунанд, ихтисосмандони ин соҳа хоҳиши кор кардан надорад. Дар шароити имрӯз бо 226 сомонӣ зистан ғайриимкон аст. Муаллиму духтурон маҷбур мешаванд, ки ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ё чашм ба кисаи донишҷӯву бемор дӯзанд. Коршиноси масоили иқтисодӣ, профессор Георгий Кашлаков аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи илму маориф аҳамияти ночиз дода мешавад, дар ҳоле, ки ояндаи миллат аз насли соҳибмаърифат вобаста аст. Вай аз ҷумла гуфт: «Феълан 49 дар сади хароҷоти буҷети давлатӣ ба бахши мудофиа, суд, прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст. Танҳо 0, 49 фисад ба соҳаи илм сарф мешавад. Биёед ин хароҷотро камтар кунем ва маблағро ба муассисаҳои таълимӣ ҷудо намоем. Ба донишгоҳҳо не, балки ба макотиби миёна. Бигзор муаллимони мактабҳои миёна 10 баробар аз устоди донишгоҳ маоши баландтар гиранд. Дар он сурат мо метавонем насли соҳибмаърифат тарбия кунем, ки дар оянда тавонанд соҳиби касбу кор гарданд».
Вале дар ҳар сурат ниёзи бештар доштани муассисаҳо ба муаллиму духтур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бештари маврид мутахассисони ин соҳа ба дигар корҳо машғуланд ва норасоии кадрӣ дар бахши тандурустиву маориф ҳанӯз зиёд аст. Ба қавли Ниёзбек Қурбонов сабаби аслии банд нашудани ин ҷойҳои кории холӣ музди меҳнати паст мебошад.
Дар ҳоле, ки барои мутахассисони хуб ин қадар маоши ночиз пешниҳод мегардад, пас он нафароне, ки маълумот ё касб надоранд чӣ гуна умеди пайдо кардани ҷои корро дошта бошанд? Насли замони истиқлол ҳатто забони русиро намедонад, чӣ ҷои гап аз соҳиби ин ё он касб будан.

Замин- ҷои кори аҳолии деҳот

Агар дар шаҳру марказҳои навоҳӣ даъват ба кор дар соҳаи маорифу тандурустӣ бешар бошад, дар деҳот ва атрофи шаҳрҳо пешниҳоди кор дар бахши кишоварзӣ зиёдтар ба назар мерасад. Дар семоҳаи аввали соли 2012 дар бахши кишоварзӣ 9402 ҷои корӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо тибқи маълумоти раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ соли 2011 музди миёнаи меҳнат барои кормандон дар соҳаи кишоварзӣ 213 сомониро ташкил додааст. Кор дар бахши кишоварзӣ зиёд аст, аммо боз ҳам сабаби норасоии қувваи корӣ дар он аст, ки музди меҳнат ночиз аст ва бештари сокинон маҷбуранд рӯ ба муҳоҷират оранд, ки дар натиҷа ҷои корӣ зиёд мегардаду коргар ёфт намешавад.

Дар ярмаркаи 13-уми апрел хабарнигоре аз шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» хост дар мавриди намоишгоҳ назари одамонро пурсад ва аз яке хоҳиш кард, ки дар назди камера дар ин бора ибрози назар кунад. Он нафар изҳор дошт, ки вазъ маълум аст, маоше, ки корфармоён пешниҳод кардаанд хеле кам аст ва ҳоҷат ба гуфтани он нест.
Саъдулло Шамсов, як корҷӯ, ки ихтисосаш филология будааст дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодагон гуфт, ки ягон кори табъи дилашро наёфтааст. Зеро маоши муаллимон ва кормандони маориф ночиз аст ва аз он ки муаллим шуда кор кунад, бекор буданаш беҳтар аст. Вай гуфт аз ин намоишгоҳ танҳо ба ҷои коре номнавис кардааст, он ҳам дар Русия ба ҳайси корманди оддӣ дар сохтмон. “Маоши устои хиштчин дар Русия 35 000 ва коргари оддӣ аз 15 то 20 ҳазор дар моҳ навишта шудааст ва арзиши кор карданро дорад. Бо он маоше, ки дар муассисаҳои кишвар пешниҳод мегардад рӯзгузаронӣ мушкил аст”-афзуд номбурда.


Бахши хусусӣ метавонад бо кор таъмин кунад, аммо...

Мувофиқи омори расмӣ 56,1 дар сади ҷойҳои нави корӣ дар бахши хусусӣ таъсис шудаанд. Аз рӯи таҳлилҳо корҷӯён дар бахши хусусӣ музди меҳнати то андозае беҳтар мегиранд. Музди меҳнате, ки дар бахши хусусӣ пешниҳод мегардад, нисбат ба маоши муассисаву корхонаҳои давлатӣ балантар аст. Масалан, дар ярмаркаи мазкур ҶДММ «Ромсар» барои муҳосиб 900 сомонӣ музди меҳнат пешниҳод карда буд. Ё ҶДММ «Автовокзали Душанбе» барои занҳои ронанда тариқи озмун аз 1000 сомонӣ боло моҳонаваъда мекард.

Назаррас будани саҳми бахши хусусӣ барои бо ҷои кор таъмин кардани аҳолӣ дар ҳолест, ки соли 2010 вакилон бо ворид кардани тағйирот дар Кодекси андоз ба рушди ин бахш зарба заданд ва проблемаи афзоиши бекориро ба вуҷуд оварданд. Тибқи тағйироте, ки соли 2010 ба моддаҳои 161 ва 259-и Кодекси андоз ворид шуд, аз оғози моҳи январи соли 2011 ҳамаи ташкилотҳои хусусӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайритиҷоратӣ низ дар баробари дигар шахсони ҳуқуқӣ аз музди номиналӣ андоз месупоранд. Аз ин пас соҳибкорон ва ширкатҳои хусусие, ки гардиши молиявиашон солона ба 200 ҳазор сомонӣ мерасад, муваззаф шудаанд, ки аз даромади ба даст оварда 18 фоиз андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд. Қаблан пардохти 18 фисади андоз аз арзиши иловашуда барои ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкороне пешбинӣ шуда буд, ки солона гардиши молиявиашон беш аз 800 ҳазор сомониро ташкил медод. Инчунин зимни ситонидани андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ҳамаи корхонаҳои хусусӣ бояд маоши кормандонашонро аз маоши миёнаи номиналӣ (муайяншуда) набояд кам нишон диҳанд, ки тибқи иттилои Кумитаи андоз ин нишондиҳанда дар шаҳри Душанбе 562 сомониро ташкил медодааст.


Минбаъд сафи бекорон афзоиш меёбад

Муовини директори ҷамъияти саҳҳомии «Нафиса» Абдулло Муҳаммадиев мегӯяд, ки президент ҳамеша дар мавриди афзоиши ҷойҳои нави корӣ сухан мекунад, аммо депутатҳо қонунҳоеро қабул менамоянд, ки монеаи рушди бахши хусусӣ гашта, сафи бекоронро зиёд месозад. Вай иброз медорад, ки маоши миёнаи коргарони онҳо 400 сомонӣ буд ва аз рӯи он андоз месупориданд. Акнун андоз аз даромадро аз 700 сомонӣ ва андози иҷтимоиро аз 560 сомонӣ пардохт мекунанд. “Минбаъд сафи бекорон афзудан мегирад ва Кумитаи андоз бо чунин мавқеъгириаш дар оянда нақшаро иҷро карда наметавонад. Соҳибкор бо кадом ақл баъди ин тағйирот сафи коргаронашро зиёд мекунад? Ҳама хуб медонанд, ки баъди ин тағйирот бизнесмен чӣ кор мекунад? Коргаронашро меронад ва иқтисоди пинҳонӣ рушд мекунад”-илова кард ӯ.

Соли 2012 аз рӯи барнома дар ҷумҳурӣ бояд беш аз 120 ҳазор ҷои корӣ ташкил карда шавад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки ин ҳама ҷои кори бемузд барои кӣ лозим аст? Бо 185 сомонӣ маоше, ки дар ин ҷойҳои корӣ пешниҳод мешавад агар як моҳ ҳеч чиз нахурӣ ҳам ҳатто ба пардохти барқу обу роҳкиро ва хизматрасонии коммуналӣ намерасад. Барои ҳамин масъулин ба аҳолӣ дар Русия ҳам ҷои кор пешниҳод мекунанд. Бештари ба намоишгоҳ омадагон ҳам ба ҷои кор дар Русия таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Мақомот бояд иқрор шаванд, ки шаҳрвандонро дар дохил бо ҷои кор таъмин карда наметавонанд ва худашон аҳолиро муҳоҷир месозанд. Зеро аробакаши муҳоҷир дар Русия аз муаллими дар Тоҷикистон буда чанд маротиба даромади бештар дорад.



Исфандиёр Халилӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!