Бахшҳо
29 июн 2012 05:13Сиёсат

Тоҷики аслӣ кист?

Имрӯз дар ҷомеаи мо ба ҷуз вусъати падидаи маҳалпарастӣ тамоюлҳои миллатгаройиву тарҷеҳ додани волояти нажодӣ (ориёнигаройӣ) эҳсос мешавад. Аммо нахуст бояд назаре ба ҳоли худ дошта бошем, ки дар замони ҳозир чигуна мақому манзалаеро соҳиб ҳастем ва ин зуҳурот бароямон чӣ суду зиёне эҳдо хоҳанд  дошт.

Чанд сухане аз гузаштаи тоҷик

Баъзе аз уламо мӯътақиданд, ки вожаи "тоҷик" аз номи "тотҳо" як халқияти эронитабори маскуни Қафқоз гирифта шудааст. Аммо ағлаби муҳаққиқин ба ин ақида розӣ набуда, бархе онро аз номи қабилаи арабии "тай" ахзшуда меҳисобанд, ки баъдан ба халқияти эронитабор мутааллиқ гаштааст. Иддаи дигаре аз донишмандон пайдоиши онро аз калимаи "тоҷ" мегӯянд, аммо ин ақида низ аз ҷониби дигарон рад шудааст. Дигар гурӯҳҳои муҳаққиқон пайдоиши онро аз калимаҳои  "тохар" (ё тахор),  "Тарғитос"(номи  пешвои қабилаи сакоиҳо) медонанд. Аз ҷиҳати оне, ки вожаи тоҷик дар шаклҳои "тазик" ва "тезик" низ дучор омадааст, гурӯҳе аз уламои таҳқиқгар онро ба вожаи "тозӣ", яъне арабӣ рабт дода, хулоса намудаанд, ки тоҷикҳо арабҳои забони форсиро гирифта мебошанд. Аммо ин ақида далели равшан надошта, аз ҷониби дигарон мардуд гаштааст. Аксари муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки ин вожа аз ҷониби туркҳо барои ифодаи номи халқҳои мусулмоншуда истифода  шудааст. Дар осори адабии гузаштаи мо ҳам вожаи "тоҷик" ба ҳайси муқобилгузорӣ дар баробари вожаи "турк" ва ифодаи сустиву нармиву мазлумӣ дар баробари чустиву тундиву зурдастии туркӣ омадааст. Лозим ба зикр аст, ки аз рӯи чанд маъхаз дигарон ин мардумро ҳамчун "тезик", "тазик", "тажик", "тоҷик" ном бурдаанд ва аммо маъхази мавҷуд нест, ки касе аз ин мардум то асри бист худро тоҷик ном бурда бошад. Ҳатто мафҳуми миллат ба маънои имрӯзааш барои мардуми мо ноошно буд. Чуноне ки фавқан зикр гардид, туркҳо (туркҳои Мовароуннаҳр дар назар аст)  вожаи тоҷикро барои  ифодаи номи мардуми мусулмони маҳалӣ истифода мебурданд ва ин дар замони вохӯрии нахусти онҳо бо ин мардум сурат гирифта буд. Чун онҳо бо мардуми маҳалӣ омехтанду худ мусулмон гаштанду забонашонро пазируфтанд, хешро ба ҳайси миллате муаррифӣ нанамуда, тавъам бо ҳам зистанд ва барои эшон мафҳумоте ба мисли нажоду миллат бегона буд, агарчанде тафовути на танҳо миллӣ, балки нажодӣ ҳам доштанд. Ҳамаи ин мардум новобаста аз мансубияти қавмию милливу нажодӣ худро табааи ин ё он хонгариву аморат ва миллаташонро мусулмон меҳисобиданд. Ҳар қавм лаҳҷаву гӯйиши хешро дошт ва забони тоҷикӣ ба ҳайси забони дарӣ (яъне дарборӣ - забони расмии давлатӣ) хизмат менамуд.

Ин ҳама таносубу тавозун то замони ташрифи ҷанобони урупоӣ пойдор монда, онҳо тавассути услуби маъруфи хеш "тафриқаандозӣ ба хотири ҳукмфармоӣ" дар байни ин мардум тамоюлоти қавмпарастиву миллатгаройиро фаъол намуданд. Дар натиҷа ин ақвом хешро ба сифати миллат шинохта, барои тақсими қаламрав алайҳи якдигар ба мубориза бархостанд. Мардуми муқими аслии ин сарзамин, ки дар тӯли садсолаҳо аз ҳама гуна қудрату ҳукумат маҳрум гашта буданд, барои нигоҳдошти асли насабу нажод ва касби қаламраве талош намуда, худро бо истилоҳи шартии "тоҷик" муаррифӣ карданд. Мурод аз истилоҳи шартӣ он аст, ки дар боби аслу пайдоиши он уламо ихтилофи назар намуда, ақидаи мубраме дар ин бахш арзи вуҷуд нанамудааст, ки то ин баҳсро анҷом ҳусни анҷом бахшад. Дигар далели шартияти ин истилоҳ он аст, ки касе аз ин мардум насаби хешро "тоҷик" нахондаву касеро ба он мутаваҷҷеҳ нанамудаву онро мояи ифтихори насабии хеш қарор надодааст. Масалан, мисли касе, ки хешро рос, франк, инк, дойч, турк, араб ва ғайра номида, ҳамқавмони худро дар гирди он муттаҳид  карда, аз мутаалиқият ба он ифтихор намудаанд. Дар осори адабии гузаштаи оламшумули мо низ аҳаде ғояи тоҷикияту фахру бартарияти тоҷикии хешро пеш нагзоштааст, ҳол он, ки адабиёт муҳимтарин воситаи ташвиқу тарғиби ақоид аст ва мардуми мазкур аз он хуб истифода намуданд. Рақибони мардуми мо асосан миллатгароёни понтуркист даъво доштанд, ки ин мардум таҳҷоӣ набуда, ирониёни омада мебошанд ва забонашон низ форсӣ мебошад, аз ин ҷиҳат ҳақи доштани давлати мустақилро дар ин минтақа надоранд. Аммо ашхоси ба ору нанг барои ҳифозати насабу забону фарҳанги хеш аз адам вожаи "тоҷикро" ба ҳайси номи миллати худ (барои исботи тафовут аз иронӣ) арз намуда, забонашро "тоҷикӣ" (барои исботи фарқият аз форсӣ) номид. Аммо дар асл ин мардум яке аз ақвоми иронӣ ё худ ориёнӣ буда, дар асл забонаш ҳамон форсист.

Тоҷик дар замони нав

Бо ранҷу талошҳои абармардонаш тоҷикон дар қисмати кӯҳсоре аз қаламрави густурдаи пешин ватан ёфтанду давлат сохтанд. Агарчанде дар ин замон тоҷикон хату ойину дигар арзишоти миллии хешро аз даст додаву қисмати бештари он барои кори саҳро муваззаф гардидаву асосан дар хидмати хоҷагон қарор дошт, бо шарофати кору эҷоди уламову удабои он замону осори удабои клосикаш ҳамчун миллати соҳиби фарҳангу тамаддун эътироф ва эҳтиром мегардид. Аммо бо касби озодиву мустақилият ин миллат аз обрӯву эътибор орӣ гашт. Кишвари Русистон дар давраи нав (баъдишӯравӣ) макони кӯчишу ҷамъойии миллали зиёд буда, ҳамчун ойина таҷаллигари фарҳангу тафаккури мардумони ба он ҷо ҳузуроварда аст. Шахсан бо намояндагони миллали зиёде, ки аз бархе танҳо номашонро шунидаву аз мавҷудияти бархе аз худи намояндагонашон хабардор гаштам, муомила намуда, ба қадре бо расму ойину фарҳангу тафаккурашон ошно гаштам. Оммаи тоҷикистониеро, ки асосан шуғлаш аз саҳар то шом дар замин каландзанӣ буда, аз касби тахассусу донишу маданият маҳрум монда буд, баъди пошхӯрди давлати азиму тахриби ин кишвар баҳри барпо доштани рӯзгор ва раҳоии хонадон аз ҷӯъ роҳи ин кишварро пеш гирифт.

Маҳз ҳамин омма бо "донишу фарҳанги волояш"  "шиноснома" - и ин миллат дар хориҷ, дар байни мардуми ғайр гашт. Дар натиҷа вожаи "тоҷик" ифодагари мафҳумоти "коргари кироя", "мардикор", "кундфаҳм", "нашъаҷаллоб" ва ғайра гардид, то ба ҳадде, ки густохона аз кору рӯзгораш барномаи махсуси телевизионӣ созмон доданд. Калимаи "таджик" бо вожаи "наркотик" ҳаммаъно (синоним) гашт. Дар ҳар мавриде, ки вожаи "наркотик" садо медод, ба он калимаи "таджик" насб буд. Хусусан, бо ҳар мулоқоти бо пулис нахустсуоли "тоҷик наркотик дорӣ?" мисли зарби корде ба баданам таъсир мекард. Дигар чизи аҷибе, ки ба назар мерасад, истилоҳи "таджик" ифодагари "чиркиниву" мардуми "сиёҳҷурда" мебошад. Чуноне ки мушоҳида мешавад, ағлаби мардуми маҳалӣ номи ҳама миллатҳоро намедонанд ва ҳар сиёҳеро мутаалиқ ба кадом миллате набошад, тоҷик меноманд. Ҳатто ин вожа ба ҳамин маънӣ чандин бор дар парлумони ин кишвар садо додааст. Ин вожа дар ин кишвар нақши калимаи "нигр" - и замоне дар Амрико маъруфро мебозад. Ин ҳама "эътибору маъруфиятро" ин калима албатта, ба "туфайли хизмати шойистаи" барномаи "Наша Раша" соҳиб гардидааст. Боре бо полисмени хукбашарае баҳс намуда будам ва ӯ иброз дошт, ки тоҷик дар ин ватан ҳамон "нигр" аст. Як вақт дар Маскав ба намози ҷумъа мерафтам ва дар роҳ ҷавонмарде дар куҷо будани масҷидро пурсид ва ҳарду ҳамроҳ сӯҳбаткунон ба роҳ афтодем. Аз рӯи одоби муошират миллаташро напурсидам ва чун ба назди масҷид расидем, роҳрави тангро аз ду тараф ҷӯгиҳо зану марду кӯдак бо либосҳои ҷандаву чиркин  иҳота карда, бо зорӣ дастонашонро ба роҳгузарон мерасонданд ва ҷавонмард бо асабоният эътироз намуд, ки дар ин ҷо чӣ қадар тоҷик зиёд аст. Ба ӯ эзоҳ додам, ки ин мардум ҷӯгиёнанд, шабаҳи сиганҳои аврупоӣ ва тоҷик фулону фулон аст. Пас ӯ арз намуд, ки бо тоҷик боре муносибат надошта аст, танҳо "тавсифашро" дар "Наша Раша" дидаву  худи тоҷикро ҷандапӯши халтабардӯш тасаввур менамудааст.

Алқисса дар замони нав мардуми мо худро бо номи тоҷик ҳамчун миллати мазлуму соҳиби донишу маданияти пасту мискину мардикору хидматгори дигарон муаррифӣ намуда, имрӯз ниёз ба эҳёву таҷаддуд дошта, зарурати дар асоси ин миллат "тарҳи дигар миллат барандохтан" пеш омадааст. Ба фикри банда беҳ он буд, ки тоҷикро ба "ориёнӣ" ва Тоҷикистонро ба кишвари "Ориён", забони тоҷикиро бо номи аслияш "забони форсӣ" иваз намуд ва муҳимтарин соҳа - маорифро таҷдид, танзим, тасҳеҳ, муассир карда, насли нави соҳиби илму маърифату фарҳанги баланд парварид, ки бо шунидани исми он ба ёди дигаре номи Саъдиву Ҳофизу Хайёму Ҷомӣ ояд на "мардикор" - у "хидматгор". Чуноне ки касе фарангӣ шунавад, ошноёни хайёлияш Балзаку Дидрову Дюма, ё инглис Шекспиру Дикенс, ё испонӣ Сервантесу Агилераву Пикасо, агар итолёвӣ Давинчию Данте, ё олмонӣ Гётеву Нитшею Вагнер ва рус Толстою Достоевский беихтиёрона ба хотираш меоянд. Аммо боре дар як сохтмони канори шаҳри Маскав як ҳунарманди тиётур, ки дар он ҷо кор мекард, дар сӯҳбати фароғатии баъди кор (дар дохили сохтмон мехобидем) чанд расми ҳунарнамоии Ҳошим Гадои ҷавону миёнасолро  дар саҳнаҳои калон ба хотири тавсифи ҳунари тоҷикиву шогирди чунин шахсе буданаш оварда, ба коргарони гурҷиву укроинӣ намоиш дод ва онҳо ӯро тамасхур намуданд, ки ин суратҳои ҳунарманди итолёвиеро аз кадом маҷаллае бурида ҷамъ намудаӣ.

Дигар чизе, ки мӯҷиби таҳайюри банда аст, ин васфу ситоиши бардурӯғи миллати тоҷик аз ҷониби олиму шоиру ходиму омӣ аст. Дар телевизиёну дигар васоит аз олитаборию бофарҳангиву бомаърифативу пешрафтагии тоҷик бо овози баланд ҷор мезананд. Аммо дар асл магар "олитабор" хидматгори хонаву рӯбандаи роҳраву мардикори "дунтабор"-и дигар аст? Он тоҷики бофарҳангу бо маърифатро дар куҷо бояд ҷуст? Дар миёни муҳоҷирони бесаводу камсаводу бефарҳанг? Дар кӯчаву бозорҳои шаҳрҳо, ки фаҳшсуханиву беодобиро дар ҳар қадаме мешунавию мебинӣ? Дар идораву муассисоте, ки баъди мулоқот бо ходимонашон аз "маданияти муомилаи" эшон муддате бо хотири озурда мегардӣ?  Чунин маддоҳӣ ё аз тангназарист, зеро кас наметавонад аз зери бинияш дуртар нигарад ё аз рӯи тамаллуқ. Аммо аҷиб, тамаллуқ барои чӣ, ба хотири кӣ? Ин худфиребист ва падидаи нодире дар ҷаҳон. Ин тоифаи мардумро дур на, то сарҳад, то мавзеи Сариосиёи кишвари ҳамсоя бояд бурд то бо гӯшҳои хеш бишнаванд, ки тоҷик дар назари дигарон кисту то чӣ андоза аз фарҳангу эътибораш эътироф доранд. Инчунин ин мардум бояд андешанд, ки аъмолашон мӯҷиби мазаммату кароҳати наслҳои оянда хоҳад гашт ва баръакс ҳама гуна каму костагиҳоро имрӯз рӯшан намудаву дар ислоҳашон бояд талош варзанд то дар роҳи беҳбуди ҳоли пасояндагон саҳме дошта бошанд, шоистаи таҳсин, на нафрини онҳо бошанд. Инро мебояд донист, ки бофарҳангиву бомаърифатии миллат аз рӯи оммаи он баҳогузорӣ мешавад, мисоли миллатҳои бузург, ки зиёда аз 95% мардумашон соҳиби маърифати баланду фарҳанганд, на монанди миллали қафомонда, ки баръакс, дараҷаи бемаърифатию бефарҳангии мардумашон аз 95% зиёда аст.

Тоҷики аслӣ, тоҷики нав ва тоҷиктарош

Маҷмӯи одамоне, ки ирқияту забону расму одоту тафаккури муштарак дошта, бо риояи ҳамаи ин дар ҳамзистӣ дар маконе миллат номида мешаванд. Нуфузи забону фарҳангу иқтидори миллат ба ҳиммати мардумаш вобаст аст.  Тоҷик низ бо соҳибияти ҳамаи ин ба ҳайси миллат зуҳур намудаст. Аммо ҳамаи падидаҳое, ки имрӯз дар байни мардуми тоҷик роиҷ аст, на хос ба менталитети тоҷикист. Тоҷики аслӣ онест, ки дар чорчӯбаи расму одоту одоби тоҷикӣ зиста, дар кору рӯзгораш забони миллии хешро ба кор мебарад. Маҳз бо риоя ва корбурди  ҳама муқаррароти "тоҷикӣ" тоҷик  тоҷик аст. Аммо бархе русуми ғайритоҷикиро бо тоҷикӣ махлут намуда, қоидаи ҳаётии хеш қарор додаанд. Агарчанде шаклану ҳуҷҷатан тоҷик бошанд, тарзи ҳаёташон бештар урупоист.

Азбаски тарзи ҳаёти ин мардум аз тоҷики аслӣ мутафовит аст, эшонро метавон "тоҷики нав" номгузорӣ кард. Дар хонадону ҳаёти рӯзмарраашон аз забони русӣ истифода намуда, тарзи ҳаёташон тақлид аз урупост. Бо ин тариқ мутамаддиниву ҳозирзамонии худро собит месозанд. Бар канор гузоштани арзишоти миллии хешу пазируфтани тарзи ҳаёту фарҳанги бегона нишонаи бешарафист. Сергей як дӯсти русам дар Маскав доим шиква дошт, ки мехоҳам барои зистан ба кишвари Суис ба пеши наздиконам биравам, аммо менталитети русиям намегузорад, ки тасмими қатъӣ бигирам. Бубинед ору номуси миллии  мардумеро, ки ними ҷаҳонро мусаххар намудаанд! Мо бошем дар ватани хеш номуси миллиямонро бо ҳар чизи муфидтаре ба суҳулат бадал месозем! Тарзи ҳаёту расму атвору одобу ахлоқи урупоӣ барои мо ҷуз гумроҳӣ самари дигареро ба бор нахоҳад дод. Мо танҳо ба илму фани эшон ниёз дорем. Дар кӯчаҳо духтароне вомехӯранд, ки бо тани нимбараҳнаву бо русӣ намоишкорона сӯҳбат намудаву бовиқорона роҳ мераванд. Аммо бояд инро хуб дониста бошанд, ки агар тамоми бадани сиёҳи хешро урён намудаву бо забонашон булбулвор низ сухан гӯянд, барои онҳо аз "сиёҳбашараву" "сиёҳдунба" беш нестанд.

Дар Русия бо нафароне сар ба сар омадам, ки тоҷик буданро барояшон ор медонистанд. Сабабашро дар "пастиву" "беқурбии" тоҷик маънидод намуда, арз намуданд, ки намехоҳанд намояндаи чунин миллате бошанд. Пас ман онҳоро "тоҷиктарош" (лжетаджик) номидам. Дар расонаҳо аз тоҷикдухтаре "хушхабарҳо" интишор доданд, ки дар Ҳолливуд нақш офаридаст. Бо вуҷуди тани нимбараҳнаву намуди ғайритоҷикиву дар бағали мардони қавипайкар нишастанаш (дар расмҳое, ки нашр намудаанд) боз фахр намудаанд, ки ӯ номашро амрикоӣ - "Мадисон" намудааст. Пас кадом баномус ӯро тоҷикдухтар мехонад. Аслан ин духтар аз доираи тоҷикӣ хориҷ гаштааст. Чуноне ки кас рукнеро аз муқаррароти динӣ инкор намояд, дар баробари он куфр варзидааст.

Тоҷикӣ ва мусулмонӣ

Мафҳуми миллат бо маънои имрӯзааш дар гузашта дар байни мардуми мусулмон маъмул набуд. Ба халқҳо  "фалон қавм" ё "фалон тоифа" ишора карда мешуд ва мафҳуми миллат мусулмониро ифода мекард, яъне "миллати мусулмон" ё "миллати исломӣ". Мардуми иронитабор аз ибтидо худопараст буда, ҳамеша динро нисбати миллат муқаддам медонистаанд. Тоҷикон низ ҷузъе аз ин мардум тамоюлоти қавму нажодгаройиро зоҳир нанамудаанд ва динро аз ҳама чиз авло медонистанд. Аз ин рӯ дин ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ин мардумро фаро гирифтааст ва диндорӣ яке аз хусусиёти ин мардум аст. Агар хусусиёти миллати тоҷик аз қиёфаи тоҷикӣ доштану бо забони тоҷикӣ ҳарф задану бо расму анъаноти тоҷикӣ зистан иборат бошад, дигаре аз хусусиёти муҳиммаш ин мусулмон будани ӯст. Муҳимияти ин хусусияти тоҷикӣ ба ҳадде аст, ки масалан, агар тоҷике сурати хешро бадал созаду аз забони тоҷикӣ парҳезаду русуми ғайрро пазирад (ҳоло чунинҳо кам нестанд), аҷобати муассире надорад, аммо агар тоҷике мусулмон буданро рад кунад, атрофиён аз ӯ рӯ метобанд. Пеш аз оне, ки мо расман тоҷик номида шавем, моро миллат ва мардуми мусалмон ном мебурданд.

Ашраф Акрам
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)