Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Чаро оппозитсия аз байн рафт?

29 июн 2012, 05:35

"Имрӯз дар ҷомеаи мо калимаи опозитсия, мухолифин дигар қариб ки аз байн рафтааст", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Номбурда дар ҷамъомаде бахшида ба 15-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ афзуд, ки шояд баъзеҳо гиламандӣ аз нарасидани мансаб дошта бошанд. Раисҷумҳури кишвар зикр намуд, ки ба даст овардани сулҳ барои мардуми тоҷик осон набуд ва то имзои он 21 маротиба бо нерӯҳои мухолифин музокирот анҷом додааст. Ҳарчанд мулоқот бо мухолифин соддаву ҳамвор набуд, зеро бархе аз гурӯҳҳо зидди ба ҳам омадани миллати тоҷик буданд. Президент дар чунин шакл ба даст овардани сулҳро ҳодисаи камназири таърихӣ унвон намуд. Эмомалӣ Раҳмон дар зимн ба аъзои Комисияи оштии миллӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ки дар истиқрори сулҳ саҳм доштанд, сипосгузорӣ намуд.  Дар идома ҷаноби Раҳмон гуфт, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлоли кишвар умед ба "хоҷагони хориҷӣ" набояд баст. "Ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед, камбудии худамонро худамон беҳтар медонем ва худамон ислоҳ мекунем",- гуфт президент. Вай дар ҳузури намояндагони ҳукумат ва ниҳодҳои байналмилалӣ суханронӣ дошт.

"Рӯ" гардондан аз хориҷиҳо бо 2 милиард қарз?

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ як кишвари истеъмолкунанда ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин иқтисодиёти кишвар устувор нест. Фасоди давлатӣ вуҷуд дорад. Аз 7,6 миллион ҷамъият ҳудуди 2 млн.  нафар дар муҳоҷирати корӣ буда, ҳамасола маблағи баробар ба буҷаи давлатро ба кишвар равон мекунанд. Илова бар ин ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз дошта, дар ҳар вохӯриҳои расмӣ барои рушди бахшҳои гуногуни давлатдорӣ аз дигар кишварҳо дархости кӯмак мекунад.

Дар робита ба ин ишораи президенти кишвар Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки Тоҷикистон агар имрӯз як пешрафте дорад, он ҳам дар бастагӣ бо кӯмакҳои хориҷӣ. Ба андешаи номбурда Тоҷикистон чӣ гунаи метавонад фаъолияти худро бидуни ҳамкори бо Русия, Эрон ва Аврупо пеш бубарад. Гузашта аз ин қарзи берунаи давлатӣ имрӯз бештар аз 2 миллиардро ташкил медиҳад.
"Барои ҳамин тасаввур кардани ояндаи Тоҷикистон бидуни ёриҳои хориҷӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистон ба кӯмакҳои кишварҳои хориҷӣ зарурат ва эҳтиёҷ дорад. Чунин суханронии Эмомалӣ Раҳмон танҳо як таблиғоти қабл аз интихоботӣ асту халос",- мегӯяд Маҳмадалӣ Ҳайит.

Мухолифони Тоҷикистон зиёд мешаванд?!

Муовини раҳбари ҲНИТ ҳамзамон аз нуктаи дигари суханронии президент изҳори нигаронӣ намуд.  Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфт, ки дар ин авохир вожаҳои "опозитсия" ва "мухолифин" дар кишвар қариб, ки аз байн рафтааст. Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, ки ҳукумати феълӣ бо сиёсати душманситезии худ аксари мухолифинро аз байн бурд.

Маврид ба зикр аст, давоми 4 соли охир ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф дар шарқи кишвар амалиёти мусалаҳона баргузор намуд. "Кукнор 2009", боздошти маҳбусони фирорӣ  сабабҳои аслии баргузории амалиёти мусалаҳона дар шарқи Тоҷикистон арзёбӣ гардида буданд.
Дар ҳамин робита Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, ки ба назари ҳукумати "худкома" дар Тоҷикистон мухолифин вуҷуд надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумат имрӯзҳо бо дасти худ дар дохили кишвар мухолифинро ташкил кардааст. Вазъи ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоии имрӯза боиси рушди мухолифин аст.
"Воқеан қаблан шунидани шикояте аз фаъолияти ҳукумат имконнопазир буд. Аммо ин рӯзҳо дар ҳар куҷо- роҳ, нақлиёт, хиёбон мардум норозигии худро аз амалҳои ҳукумати феълӣ иброз мекунад",- илова намуд муовини раҳбари ҲНИТ. Ба андешаи номбурда таваҷҷӯҳ зоҳир накардан ба вазъ ва суханони имрӯзаи мардум иштибоҳе беш нест.

Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, ки барои бартараф кардани ин мушкилот ҳукумат қабл аз ҳама талош варзад то ваҳдати воқеии миллатро таъмин намояд. Зеро дар Тоҷикистон миллат вуҷуд надошта, мардум ба қавму маҳал ҷудо шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст то чунин нофаҳмиҳоро аз байн бурда, сиёсати кадрии худро бо такя бар тавоноӣ ва дониш ба роҳ бимонад. Дар сурати ғайр аз ваҳдати миллӣ сухан кардани иштибоҳе беш нест, гуфт Маҳмадалӣ Ҳайит. Ин гуфтаҳоро таҳлилгари сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов тақвият бахшида мегӯяд, ки худи ваҳдат ба мардуми тоҷик бо кӯмаки модӣ ва фаннии нерӯҳои хориҷӣ даст додааст. Аз ин хотир ҷаноби Раҳмон бо таъкиди ибороти "ба хоҷагони хориҷӣ умед мабандед" шояд онро дар назар дошт, ки баъзе аз мухолифат дар дохил ҳали худро пайдо намояд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо таъсири нерӯҳои хориҷӣ оғоз ва анҷом ёфт. Ин падидаро инкор кардан ғайри имкон аст.

"Ваҳдати миллии тоҷикон" обективона тадрис мешавад?

Ногуфта намонад, ҳамасола ҷаноби Раҳмон бо таъкид дар робита ба барқарор кардани сулҳ, барои фаромӯш накардани мардум аз ин ҳодиса  пешниҳодҳое ҳам ироа мекунад. Дар соли равон раиси ҷумҳур пешниҳод намуд, ки дар тамоми муасисаҳои омӯзишӣ дарси махсуси "Ваҳдати миллии тоҷикон" ҷорӣ карда шавад. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллатгароӣ ҳадафи аслии ҷорӣ намудани ин дарс дар макотиб унвон шуд. Дар ҳамин маврид Парвиз Муллоҷонов гуфт, ки қабл аз ҷорӣ кардани ин дарс беҳтар мебуд агар масъулин китобҳои мавҷудаи таърихиро бо забони дурусти тоҷикӣ баргардон карда ба донишомӯзон тақдим мекарданд.

"Китобҳои таърихӣ кам нестанд. Аммо онҳо забони мушкили тоҷикӣ доранд. Ман афродеро мешиносам, ки онҳо қабл аз хондани китобҳои таърихӣ ба забони тоҷикӣ, нахуст онро ба забони русӣ мехонанд. Барои ҳамин масъулини маорифро лозим аст, то ҳамин китобҳои таърихии нашрҳои охиринро бори дигар баргардон намояд", мегӯяд Парвиз Муллоҷонов. Дар робита Маҳмудҷон ном ҷавоне аз пешниҳоди навбатии президент истиқбол намуд. Аммо мегӯяд номбурда, раванди таҳсили ин дарс бояд холисона ба роҳ монда шавад. На он гунае, ки имрӯз дар расонаҳои давлатӣ ба мушоҳида мерасад. Наврасону ҷавонон бояд раванди истиқрори сулҳор ба пуррагӣ омӯзанд.  

Дар ҳоле дарси "Ваҳдати миллии тоҷикон"-ро дар мактабҳо ба роҳ монданианд, ки як гурӯҳи мардум мавҷудияти ваҳдати миллиро эътироф намекунанд. Ҷомеашинос Муҳаммади Амин мегӯяд,  мо дар кадом асос аз ваҳдати миллӣ ҳарф мезанем, ки масъулин дар вақти таъини кадрҳои калидии ҳукумат манфиати дӯстону наздикони худро аз манфиати миллат ва ҳатто аз худи миллат болотар мегузоранд. Масалан наход ин миллат дар баробари Шарифхон Самиев барин кадрҳо алтернатива надошта бошад? Гузашта аз ин имрӯз кадоме аз намояндагони мухолифинро дар ҳукумати Тоҷикистон мебинед? Ҳукумат оҳиста-оҳиста аз баҳри ҳамаи онҳо баромад.   Як гурӯҳи хурд имрӯз аз номи тамоми миллат ҳарф мезананд. Ҳамаи қудрат ва ҳамаи неъматҳои моддӣ ба эшон тааллуқ дорад. Онҳо бар замми ин усул ва арзишҳои худро мехоҳанд иҷборан ба мардум таҳмил кунанд, яъне ҷомеа он тарзе, зиндагӣ намояд, ки ба эшон мақбул аст.

Ҳумайрои Бахтиёр


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!