Бахшҳо
20 июл 2012 06:19Фарҳангу адаб

Кори ҳар кас нест хирман кӯфтан

(Дар ҳошияи як "фарҳанг"-и ҳангканда)

Мушкилии дарки назми Мавлоно, хусусан "Маснавии маънавӣ"-и ӯ, ду сабаби асосӣ дорад.

1. Бо ҳама содабаёнӣ, маъниҳои баланд, амиқ ва мушкилфаҳм аст.

2. Саршор истифода бурдан аз калима, ибора, истилоҳот, таъбироту таркиботи махсуси забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии тоҷикӣ, ки бештари онҳоро аз ҳеч як фарҳанг пайдо карда наметавонед, аммо ҳамаи онҳо дар забони мардум бо ҳамон тобишҳои маъноие, ки Мавлоно ба кор бурдааст, зиндаву васеъ истифода карда мешаванд.

Ҳамчунин, Мавлоно, ба тобишҳои маъноии калимаҳо эътибори махсус медиҳад, ки ин тобишҳои маъноии калимаҳоро на танҳо аз дигар фарҳангҳо, ҳатто аз "Фарҳанги забони тоҷикӣ" низ пайдо карда наметавонед.

Он маъниҳою тобишҳои маъноӣ, шакли калимаву ибора ва ифодаҳои махсуси забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии тоҷикӣ, ки дар фарҳангҳо оварда нашудаанду Мавлоно фаровон истифода кардааст, аз хазинаи забони зиндаи гуфтугӯии халқ гирифта шуда, ба гузаштани чандин садсолаҳо нигоҳ накарда, имрӯз ҳам зиндаву дар истифодаи мардум аст.

Оид ба ҳамин хусусияти забони Мавлоно, устод Абулҳусайни Зарринкӯб дар мақолаи худ, ки чун дебочаи савум дар "Девони ҷомеъи Шамси Табрезӣ" оварда шудааст, чунин менависад: "...беҳуда нест, ки дар ин ғазалҳои ӯ алфози номаънус (нофаҳм) ва хилофи қиёс дида мешавад, таъбироти ғарибу ҳатто ноҳинҷор ба чашм мехӯрад".

Ба ҳамаи ин мушкилиҳо дар дарки назми Мавлоно, хусусан "Маснавии маънавӣ"-и ӯ нигоҳ накарда, сол ба сол сафи муҳаққиқони назми ӯ меафзояд ва таълифоти бисёре оид ба самтҳои мухталифи назми ӯ ба табъ мерасанд.

Мутаассифона, ашхосе пайдо мешаванд, ки шояд барои ҳамчун "мавлавишинос" ном баровардан, тонам-натонам ё донам-надонам, ба кори аз дасташон намеомада даст мезананду таълифоти пурғалат ба табъ мерасонанд.

Яке аз ҳамин гуна таълифот, китоби "Фарҳанги "Маснавии маънавӣ" (дафтари аввал), мураттиб Рашиди Қодириён аст, ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик соли 2011 ба табъ расидааст.

Рашиди Қодириён бехабар аз хусусияти забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии халқӣ ва фарқияти он аз забони адабӣ, ба тобишҳои маъноии халқӣ, ки оварда нашудаанду Мавлоно нодиракорона, саршор ба кор бурдааст, сарфаҳм нарафта, воҳидҳои луғавиро ба маъниҳои дар фарҳангҳо оварда шуда маънидод карда, саропо ба хатоҳои ҷиддӣ ва ҳатто масхараомезу хандахариш роҳ додааст.

Ҷуз ин, бар хилофи қоидаи сохти фарҳангсозӣ, калимаҳои мураккабро ба қисмҳо ҷудо карда, як қисми ҷудогонаи онҳоро шарҳ додааст. Биёед, суханро дароз накарда, ба мақсад гузараму як қисми онҳоро ба диққати мухлисони назми Мавлоно бирасонам (дар қавсайн шумораи байт).

1. саҳ.13. Азб:

Андароед, эй мусулмонон, ҳама,
Ғайри азби дин азоб аст он ҳама.

(801)

Аз мисраи дувуми ин байт калимаи "азб" ба маънии "форам, гуворо" шарҳ шудааст. Аммо, дар ин ҷо калимаи мазкур мухаффафи "азоб" аст. Мазмуни мисраъ: Ҳар азобе, ки инсон дар роҳи дин мекашад, азоб нест, имтиҳон аст, аммо дигар азобҳо дар ҳақиқат азоб аст.

2. саҳ.14. Айн:

Ҳар ки меҳроби намозаш гашт айн,
Сӯи имон рафтанаш медон шайн.

(1705)

Аз байти мазкур калимаи "айн" ба маънии "зар (зари сурх) ва мол" шарҳ шудааст, ки маънии дурусташ "аён" аст.

3. саҳ.20. Арз:

Пас, қиёмат рӯзи арзи акбар аст,
Арз ӯ хоҳад, ки бозебу фарр аст.

(2917)

Аз ин байт калимаи "арз" ба тарзи: 1) мурод, мақсад; 2) баҳо, нарх, арзиш, қадр, мартаба" шарҳ шудааст, ки маънии дурусташ: "рӯзи арз - рӯзи пурсиш" аст. Мураттиб дар шарҳи маънӣ калимаҳои ҳамовози "арз" -и арабиро бо "арз" -и тоҷикӣ махлут кардааст.

4. саҳ.21. Асар:

Аз Худо бӯе на ӯро, на асар,
Даъвияш афзун зи Шису Булбашар.

(2272)

Аз байти мазкур калимаи "асар" ба тарзи "самара, натиҷа, таъсир" шарҳ шудааст, ки маънии дурусташ "нишон" аст.

5. саҳ.25. Бадсавдоӣ:

Ҳар кӣ чун ҳиндуи бад савдоӣ аст,
Рӯзи арзаш навбати расвоӣ аст.

(2918)

Аз ин байт, мураттиб, аз ду калимаи ҷудогона "бад" ва "савдоӣ", ихтирокорона як калимаи мураккаб "бадсавдоӣ" сохта, онро ба тарзи "дар тиҷорат ва харидуфурӯш бадмуомила ва мумсик будан, сахтсавдоӣ" шарҳ додааст. Шарҳи дурусти калимаи "савдоӣ" девона, хомхаёл аст.

6. саҳ.26. Банон:

Бас бикун, дунҳиммати кӯтаҳбанон,
То каят бошад ҳаёти ҷон ба нон?

(3877)

Аз байти мазкур, мураттиб, аз калимаи мураккаби "кӯтаҳбанон" қисми дуюмаш "банон"-ро ҷудо карда, онро ба тарзи "ангуштон, сарҳои ангуштон" шарҳ додааст. Аммо, дар ин байт калимаи "кӯтаҳбанон" ба маънии "тиҳидаст, дасткӯтаҳ, мумсик" омадааст.

7. саҳ.28. Бемаънӣ:

Чанд сурат, охир, эй суратпараст?
Ҷони бемаънит аз сурат нараст!

(1018)

Аз ин байт калимаи "бемаънӣ" ба тарзи "холӣ аз мундариҷа ва мазмуни саҳеҳ, беҳуда" шарҳ шудааст. Аммо, дар ин ҷо калимаи "бемаънӣ" ба маънии "нодон, гӯл" омадааст. Чунончи мегӯянд "Ҷони нодон дар азоб!". Калимаи мазкур ба ин маънӣ дар ҳеч як фарҳанг оварда нашудааст.

8. саҳ.28. Бинӣ макун:

Шукр кун, ғарра машав, бинӣ макун,
Гӯш дору ҳеч худбинӣ макун.

(3257)

Мувофиқи талаботи сохти фарҳанг, дар овардани таъбирот, таркиботу истилоҳот, феъли ёридиҳанда бояд ба тарзи номуайян оварда шавад. Аммо, мураттиб қоидаи сохти фарҳангро вайрон карда, ба ҷои "бинӣ кардан", ба тарзи муайян, яъне ба тарзе, ки дар матн омадааст, овардааст. Дар байти мазкур, Мавлоно, таъбири "бинӣ кардан"-ро ҳамчун муродифи "ғарра шудан, худбинӣ, яъне ба маънии ҳавобаландӣ, такаббурӣ" овардааст, аммо мураттиб таъбири мазкурро нодуруст, ба тарзи "инкор макун, бинӣ халондан, ба ҳар ош қатиқ шудан" овардааст.

Мавлоно дар байти 944 дафтари аввал, ба маънии "инкор кардан" таъбири "бинӣ задан"-ро меоварад: В-ар ишоратҳошро бинӣ занӣ...

9. саҳ.37. Гурм:

Гармдоронат туро гӯре кананд,
Туъмаи мӯрону моронат кунанд.

(3270)

Аз байти мазкур, мураттиб, аз калимаи мураккаби "гармдоронат" қисми якуми он "гарм"-ро ҷудо карда, онро ба шакли "гурм" ва ба тарзи "ғам, андӯҳ" овардааст. Дар ин байт, Мавлоно, "гармдорон"-ро ба маънии дӯстдорон, наздикон, хешон истифода карда, дар байти сонӣ муродифи "гармдорон" мисраи "К-ӯ ба пеши ту ҳамемурдӣ басе" - овардааст.

10. саҳ.42. Диққ:

Моҳ, к-ӯ афзуд з-ахтар дар ҷамол,
Шуд зи ранҷу диққ ӯ ҳамчун хаёл.

(1280)

Аз байти мазкур, калимаи "диққ" ба тарзи "борикӣ" шарҳ шудааст, ки шарҳи дурусташ "зиқ, дилтанг" аст. Мавлоно, дар байтҳои 180 дафтари чаҳорум (Марди диққ бошад чу ях ҳар лаҳза кам) ва 1337 дафтари шашум (Халқ ранҷуру диқу бечораанд) низ калимаи "диққ"-ро ба маънии зиқ, дилтанг овардааст. Калимаи мазкур ба ин маънии махсуси забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии тоҷикӣ дар фарҳангҳо, аз ҷумла, дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" оварда нашудааст.

11. саҳ.45. Забар:

Андар ин олам ҳазорон ҷонвар
Мезияд хушайш бе зеру забар.

(2291)

Аз ин байт, мураттиб, аз истилоҳи яклухти "зеру забар" "зер" ва "забар"-ро аз ҳам ҷудо дониста, қисми дуюми онро ҷудо карда, ба тарзи "болопӯш" шаҳр донистааст (ба андешаи мураттиб щояд қисми якуми он "зер" бистар бошад? Вой бар ҳоли Мавлонову вой бар ҳоли "Маснавӣ"!).

Дар забони зиндаву гуфтугӯии адабии тоҷикӣ, истилоҳи мазкур ба маънии ҷангу ситез, хархаша ва бештар ба маънии чаппа-роста кардан, парешон кардан ба кор бурда мешавад. Дар байти мазкур, Мавлоно, истилоҳи "зеру забар"-ро "ҷангу ситез, хархаша" овардааст. Мазмуни байт: Дар олам ҳазорон ҷонвар бо ҳам хушайшу беҷангу ситезу хархаша зиндагӣ мекунанд. Ва ҳамчун идомаи ин, дар байти 2579 чунин меоварад:

Мавҷҳои ҷанг бар шакли дигар,
Меҳрҳоро мекунад зеру забар.

(яъне, меҳрҳоро аз ҳама меканад)

12. саҳ.56. Иснод:

Мабдаъ аст ӯ, тобеи устод не,
Маснади ҷумла варо иснод не!

(1630)

Аз ин байт, калимаи "иснод" ба тарзи "такя додани чизе ба чизе; нисбат додани чизе ба касе ё чизе" шарҳ шудааст. Аммо, мазмуни мисраи дуввум: Маснади Худоро ҷурму доғ нест, поку беолоиш аст. Дар забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии тоҷикӣ мегӯянд: Фалонӣ бо рафтори бадаш иснод овард, яъне доғ овард! Калимаи мазкур ба ин маъние, ки Мавлоно овардаасту махсуси забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии тоҷикӣ аст, дар ҳеч як фарҳанг оварда нашудааст.

13. саҳ.59. Ишкол:

Гар туро ишкол ояд дар назар,
Пас, ту шакк дорӣ дар ин шаққулқамар.

(1077)

Аз байти мазкур, ки калимаи "ишкол" ба тарзи "банд, завлона, расан" шарҳ шудааст. Дар ин байт, Мавлоно калимаи "ишкол"-ро ба маънии "нуқсон" овардааст, ки ба ин маънии махсуси забони зиндаи гуфтугӯии тоҷикӣ дар фарҳангҳо, аз ҷумла, дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" оварда нашудааст.

14. саҳ.72. Қут:

Он раҳе, ки зар биёбад қут аз ӯ,
В-он раҳе, ки санг шуд ёқут аз ӯ.

(3780)

Аз байти мазкур, калимаи "қут" ба тарзи "хӯрданӣ, ғизои ба қадри зарурат, таом" шарҳ шудааст (Аҷабо, зар ҳам меъда доштаасту таом мехӯрдааст!). Маънии дурусти ин калима "нур, ҷило" аст. Дар забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии тоҷикӣ бо истифодаи ин маънӣ мегӯянд: Фалониро аз тарс қуташ парид! Ё рангу қуташ канда шуд! Калимаи мазкур ба ин маънии махсуси забони зиндаи гуфтугӯиву шевагии тоҷикӣ, дар фарҳангҳо, аз ҷумла, дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" оварда нашудааст.

15. саҳ.100. Навбатӣ:

Ҳин, ба мулки навбатӣ шодӣ макун!
Эй, ту баста(и) навбат, озодӣ макун!

(1369)

Аз ин байт, калимаи "навбатӣ" ба тарзи "посбони нақоразан, ки дар вақтҳои муайян нақора мезанад, нақоразан, нақорачӣ; лаҳзаи давронӣ, ҳукмронӣ" шарҳ шудааст. Дар байти мазкур истилоҳи "мулки навбатӣ" ба маънии "мулке, ки кай омаданаш, кай навбат расиданаш маълум нест, мулки нася" оварда шудааст.

16. саҳ.106. Нордонг:

Он чи ширин аст, он шуд нордонг,
В-он ки пӯсидаст, набвад ғайри донг.

(708)

Аз байти мазкур, калимаи "нордонг" ба тарзи "донаи анор, шираи анор, оби анор" шарҳ шудааст, ки маънии дурусташ "ҳар хӯрише, ки таъмаш на он қадар туруш ва на он қадар ширин бошад, нимтуруш, нимширин" аст, ки ба ин маънӣ танҳо дар луғати нимтафсилии Айнӣ омада, дар дигар фарҳангҳо оварда нашудааст.

17. саҳ.114. Раҳвор:

То ки бар раҳвори илм оӣ савор,
Баъд аз он афтад туро аз дӯш бор.

(3457)

Аз ин байт калимаи "раҳвор" ба тарзи "осон, салис, фаҳмо, возеҳ, равон" шарҳ шудааст (агар ба илм савор шудан осон мебуд, ҳама олиму донишманд мешуд). Дар ин ҷо калимаи "раҳвор" ба маънии воситаи саворӣ омадааст. Чунончӣ мегӯянд: Ба аспи илм савор шудан осон нест!

18. саҳ.122. Сарришта:

Гарчи мисбоҳу зуҷоҷа гаштаӣ,
Лек сархайли дилӣ, сарриштаӣ!

(2936)

Аз байти мазкур, калимаи "сарришта", ки Мавлоно маҷозан ба маънии "низом, сомон, пешво, роҳнамо" овардааст, ба маънии сатҳӣ "сари калова, нӯги ришта" шарҳ шудааст.

19. саҳ.126. Ситор:

Ҳар ситораш хунбаҳои сад ҳилол,
Хуни олим рехтан ӯро ҳалол.

(1749)

Аз ин байт, мураттиб, калимаи "ситораш"-ро ба маънии "сатр" фаҳмида, онро ба тарзи "парда, чодар" маънидод кардааст. Аммо, дар ин ҷо Мавлоно аз рӯи талаботи вазн "ситорааш"-ро ба тарзи мухаффаф "ситораш" овардааст.

20. саҳ.148. Фониса:

Юъминун билғайб мебояд маро,
З-он бибастам равзани фонисаро.

(3628)

Аз байти мазкур, мураттиб, аз калимаи мураккаби "фонисаро", яъне дунёи фонӣ, олами фонӣ, қисми "фониса"-ро ҷудо карда, ба тарзи муаннаси фонус, чизи қуттимонанди филизини дастадор..." шарҳ додааст (Офарин ба ин ихтирокории масхараомезу хандахариш!).

Ҷуз ин, дар шарҳи калимаҳои Айюб, халақ, бисту чаҳор, ваҳм, даллок, душманком, қосир, мирӣ, наҳор, санам, сирф ва чанде дигар ба мҳамин гуна хатоҳо роҳ дода шудааст.

Мураттиб, Рашиди Қодириён, дар пешгуфтор меоварад, ки "Дар "Маснавии маънавӣ", бо вуҷуди равониву содагӣ боз таъбиру ибораҳо ва калимаҳои бисёре вомехӯранд, ки мазмуну маънои онҳо на ба ҳамаи хонандагони он дастрас аст.

"...Бинобар ин, дар мо ҷуръате пайдо шуд, ки ба қадри тавон калима ва ибораҳои саршори маъниро аз ин асари безавол тавзеҳ диҳем".

Аммо, аз тавзеҳоти пурғалат, масхараомезу хандахариши маъниҳое, ки мураттиб кардааст, хулоса бароред, ки ба худи ӯ мазмуну маъниҳои калимаҳо то чӣ андоза дастрас шудаасту то чӣ андоза ба дарки "Маснавии маънавӣ" муяссар гаштааст.

Ҳарчанд, мураттиб ишора дорад, ки дар ин кор аз 32 мавод истифода карда, аммо аз мутолиаи "китоб"-аш маълум мешавад, ки ҷуз нусхаи бо хати кирилии "Маснавии маънавӣ" ва "Фарҳанги забони тоҷикӣ" аз дигар маводҳо истифода накардааст.

Ҳоло, мураттиб Рашиди Қодириён, аз шаш дафтари "Маснавии маънавӣ" танҳо фарҳанги дафтари аввали "Маснавӣ"-ро таълиф кардаасту мехоҳад боз ҳамин гуна панҷ китоби бесаводонаи пурғалат ба табъ расонад, ки ба ин асло роҳ додан лозим нест, зеро ин гуна таълифот ба ихлосмандони назми Мавлоно дар дарки "Маснавии маънавӣ" кӯмак накарда, баръакс ба иштибоҳ меандозад.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)