Бахшҳо
17 авг 2012 05:33Гузориш

Сиёсати оқилона, Оқил Оқилов ва «Tethys Petroleum»

Гастарбайтерҳои русро пулиси тоҷик бо виқору тамасхур тафтиш дорад. Дафтардорону менеҷерони дирӯза, дар таҳхонаҳои биноҳои 20-у 40 ошёнаии Тоҷикистон барои кор дар Хадамоти коммуналӣ 12 нафар навбат истода зиндагӣ ба сар дорад.

Ҷавонҳои хушбахти олигархи тоҷик дар мошинҳои қимматбаҳои ҷаҳонӣ дар кӯчаҳои Душанбеву Кӯлоб, Қӯрғонтеппаву Хуҷанд, Данғараву Панҷакент, Хоруғу Ванҷ аз ин тарабхона ба он тарабхона «сайр» доранду дарза-дарза долларҳои шараққосиро садқаи раққосаҳои клубҳо мекунанд.
Сарварони кишвар дар ҳайати давлатҳои ҳаштгонаву 20-гонаи ҷаҳонӣ ҳаққи гап доранду аксаран дар тасмимгириҳо овози гузаро.

Қурби 1 сомонӣ қариб баробари 1 доллар буда, рубли русро назари мардуми тоҷик дигар намегирад. Фоизи бонкҳо дигар аз 1% баланд нест. Гурӯҳ-гурӯҳ барои дастгирии мунтахаби кишвар ба бозии 1/8 финаливу 1/4 финалӣ ба сабқати ҷаҳонӣ мераванд. Рейтинги ҷумҳурӣ дар ҳисоби умумии нишонҳои олимпӣ дар ҳайати 6 дастаи аввал ҷой мегирад...
Шояд хонанда давоми ин матлабро нахонаду бигӯяд, ки муаллиф девона шудааст.
Аммо ман мегӯям, ки ин гуна ояндаи дурахшонро барои мо тоҷикон пешгӯӣ кардаанд. Медонед киҳо? Не, ман ваъдаҳои бистсолаи роҳбарияти кишварро дар хусуси «ояндаи дурахшон» дар назар надорам. Аммо изҳороти ширкати нафтии Канада «Tethys Petroleum» дар хусуси ошкор кардани конҳои беинтиҳои нафт дар Тоҷикистон моро бовар мекунонад, ки ба зудӣ чунин беҳшавии вазъро дар кишвар интизор бошем. Аммо чаро мақомоти расмии Тоҷикистон ин хабарро аз мардум пинҳон мекунанд, суоли матраҳ аст.

Хабар дар бораи Тоҷикистон, аммо аз хориҷ

Хабари ошкор шудани кони беинтиҳои нафту газ дар Тоҷикистон ҳанӯз миёнаҳои июл расонаӣ шуд. Он замон ин иттилоъ баҳсбарангез менамуд, вале ҳоло ширкати канадагӣ таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дорои конҳои беинтиҳост. Мақомоти расмии кишвар ҳанӯз ҳам хомӯшанду ин хабарро таъид ё такзиб накардаанд.
Дэвид Робсон, сарвари ширкати канадагии «Tethys Petroleum» нахуст изҳор дошт, ки миқдори газу нафте, ки дар Тоҷикистон ошкор шудааст, шояд аз захоире, ки дар қисмати баҳри шимолӣ ҷойгир аст, чанд маротиб бештар бошад. Аммо ӯ миқдори аслии ин захоири нафту газро номбар накарду танҳо гуфт: «онро ҳисоб нест»!

Дертар арқоми дурустро ҳамин ширкат ба расонаҳо манзур кард. Бино ба маълумоти «Tethys Petroleum» захоири камтарини нафту гази Тоҷикистон беш аз 27, 5 миллиард баррел будааст, ки 69%-и он ба газ ва 31%-аш ба нафт рост меомадааст.
«Ин рақами аз тахминҳои пешинаи мо оид ба захоири нафти Тоҷикистон ба чанд маротиб бештар ба тарҳи дурнамои фаъолияти мо дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ворид мекунад.  Таҳқиқотҳои геологиву геофизикӣ нишон доданд, ки  ширкати «Tethys Petroleum» дар коркарди баҳри захоири ҷаҳонии нафт даст дорад. Қитъаҳои махсусе, ки дар Тоҷикистон барои он кори худро равона кардаем, имкониятҳои «бузург»-ро доро мебошанд ва вазъи ширкат ва ин кишварро ба сӯи мусбат кулан тағйир мекунанд. Маълумоти иловагии қаърсанҷӣ дақиқтар барои боз кардани кони аввалини миқдори фавқулода бузурги нафт дар Тоҷикистон замина хоҳанд гузошт»,- гуфтааст Дэвид Робсон.

Хабари муҳим, аммо на барои ҳама
Коркарди кони нафт, ки «Tethys Petroleum» соли 2013 шурӯъ хоҳад кард, на фақат вазъи ин ширкат, балки тамоми Осиёи марказиро тағйир хоҳад дод. Таври маълум, то ин замон Тоҷикистон то 90 дар сади маҳсулоти нафтро аз Русия ворид мекунад ва шурӯъ аз соли 1995 то ин замон ин воридот бидуни  андозбандии гумрукӣ сурат мегирифт. Акнун шурӯъ аз 1-уми майи соли 2010 Русия барои Тоҷикистон боҷи гумрукӣ барои воридоти маҳсулоти нафтӣ аз кишварашро ҷорӣ кард, ки бар асари он дар кишвар қимати маводи сӯхт ба чанд маротиб боло рафт.
Тоҷикистон маҷбур шуд, ки худ ба қарз фурӯ равад, аммо боҷи гумрукиро барои Русия пардохт намояд. Ба назар чунин мерасид, ки ин гуна бозёфтро дар дохили Ҳукумати Тоҷикистон бо вал-валаву қарсзаниҳо, ҳам-ҳамаву дам-дама таҷлил мекарданд ва дар сиёсат бо ҳамсоякишварҳое, ки солҳо ба ин сӯ Тоҷикистонро дар вазъи шадиди бӯҳрони иқтисодӣ қарор дода меоянд, истифода мекарданд. Аммо аҷиб, ки ин навбат ё Раҳмон аз амалҳояш дар мавриди сохтмони НБО «Роғун» ва тарҳи роҳи оҳан бо Эрон сабақ бардошт ва ё мушовиронаш ӯро ба таҳаммул таҳрик доданд, ки дар ин хусус расман чизе ифшо намекунанд. Ё аз ҳарос ва ё аз эҳтиёт.

Аммо баъзе коршиносон ин амали Раҳмонро «сабри махсус» меноманд. Соли 2013 интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон доир хоҳад гашт ва албатта, ки дар ғолибияти Раҳмон, агар ин дафъа бо 90 фисади овози мардум набошад ҳам, шаке нест. «Ин муждаро Раҳмон махсус барои ана ҳамин рӯз «пинҳон» доштааст»,-андеша доранд онҳо
Аммо шояд «отчиска»-и Бадахшонро ба ин хабар рабте бошад, чун баъди расонаӣ шудани ин хабар нерӯҳои ҳукуматӣ ба «тоза» кардани Бадахшон аз нерӯҳои сарҳангӣ оҷилан шурӯъ карданд. Аммо ин танҳо як тахмини мо аст, аммо мантиқист, чун агар ки нафту газ ҳаст, пас аниқ, ки дар минтақаҳои кӯҳист ва Бадахшон минтақаи асосӣ тахмин мешавад.
Акнун барои мо таваҷҷӯҳи ба якбораи Амрико ба Тоҷикистон ва эътирозу шартгузориҳои Тоҷикистон барои идомаи будубоши пойгоҳи низомии Русия маълум мешаванд, ки аз куҷо маншаъ мегиранд.

Як чизи дигаро низ хотиррасон карданием, ки доштани захоири нафту газ, агар чи он бениҳоят бузург бошад ҳам, Тоҷикистонро ба якбор бою сарватманд намекунад, агар барои истифодаи он сиёсати оқилона (инҷо сиёсати Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон дар назар нест) роҳандозӣ нашавад. Воқеан, дар ҷаҳон кишвари африқоие арзи вуҷуд дорад бо номи Гвинеяи Екваторӣ. Захоири нафти ин кишвар ММД-и онро бар сари аҳолӣ баробар ба 36 ҳазор доллар гардонидааст, ки кишварҳои африқоӣ ун тараф истад, баъзе давлатҳои аврупоӣ низ инро дар хоб ҳам намебинанд. Аммо сабади истеъмолии мардуми ин кишвар бар асари он ки ҳаёти оддиро роҳандозӣ кардаанд, ба ин захира имрӯз ҳиҷ рабте надорад.
Инаш барои андеша буд, албатта…

(Дар мавод далелҳое аз интрнет истифода шудаанд)
Муҳаммад Рашод

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)