Бахшҳо
23 авг 2012 11:28Сиёсат

Афғонистон: Аз шикасти англис то хуруҷи НАТО

Рӯзи 19 августи соли равон Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷашни истиқлоли худротаҷлил кард. Мавриди ба зикр аст, ки 93 сол қабл, дар ҳамин рӯз қудрати давр, Англияи подшоҳӣ, баъди се ҷанги пай дар пай маҷбур шуд, ки истиқлолияти Афғонистонро эътироф кунад. Тавре таърих гувоҳ аст Афғонистон аз ин ба баъд ҳам гирифтори кашмакашиҳои дохилӣ ва таъаррузи кишварҳои хориҷӣ будааст. Иттиҳоди Шӯравӣ бо тамоми тавоноияш тайи 10 сол хост идеологияи коммунистиро дар ин кишвари мусулмонӣ пояндозӣ кунад, вале он ҳам ночор дар соли 1989 шармандавор бозпас гашт ва он ҳукумати сохтааш баъди се сол моҳи апрели соли 1992 суқут кард. Пас чаро Афғонистон маҳз соли 1919-ро рӯзи истиқлоли кишвар таҷлил мекунад? Ин рӯз чаро барои афғонҳо муҳимтар аз таҷовузи коммунистҳо аст?

Абдулғафури Орзу сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар он замон баъди ҷанги дуввуми инглис, шартномае байни Афғонистон ва Англия баста шуда буд, ки тибқи он тамоми умури хориҷии кишвари моро Англия дар даст дошт. Аммо замони таарузи русҳо ба Афғонистон як лаҳза ҳам мардуми шуҷоъи ин сарзамин худро тобеъи режими коммунистӣ нахонда буданд. Агар чи дар замони Англис қисмате аз он шартнома бо англис тарафдор буданду баъдан бо мардуми зиддианглисӣ пайвастанд ва ба истиқлол расиданд, дар солҳои ҷиҳод алайҳи шуравӣ ҳама мардум дар як тараф буду танҳо нируҳои шуравӣ ва чанд нафаре дар ҳукумати вақт дар дигар паҳлӯ. Яъне аз нахустин рӯзи вурурди онҳо то ба охирин рӯз мардум лаҳзае ором набуданд ва муқовимат мекарданд. Мо истиқлолият доштем ва танҳо дар ҷанг будем, вале тавре баён кардам барои ҳамин он аҳамияти бештареро дорост.

Таърихчаи истиқлоли Афғонистон

Афғонистон се дафъа бо имперотурии Анлия ҷангидааст ва бо додани ҳазорон нафар аз мардуми мубориз ва харобу валангор шудани шаҳрҳояш онро ба даст овардаст:
Дар соли 1838 артиши  англис ба генерал Кина ба Афғонистон ҳамла кард. Соли 1839 тамоми қушунҳои зидди афғонӣ дар Кветта ба ҳам омаданд, ки онро лашкари беш 40 ҳазора, ки раҳбарии онро Вилям Макнотан, ки ҳамроҳи Шоҳ Шуҷоъ буду вазифаи сафири ва вазириро иҷро мекард ба дӯш дошт.  Ҳамин тавр аз моҳи апрели соли 1939 то онҳо Кандаҳорро ишғол кардан ва бо пуштибониии чанде аз сарони қабоили паштун Шоҳ Шуҷоъро ба тахт шинонданд. 7 майи соли 1839 шартномае иборат аз 8 банд баста шуд, ки тибқи он аз қисмате аз заминҳои Афғонистон гузашт кардаву ба маҳкам кардани Афғонистон ба ҷаҳон розӣ шуд. Ва тибқи он бояд нируҳои Англия дар ду кишвар боз мемонданд. Тайи ҳамлаҳои густарда ва нирӯи пурқуват ва бешумор 7 августи соли 1839 Дуст Муҳаммад шоҳи Афғонистон  ба шимоли кишвар фирор кард ва шоҳ Шуҷоъ бе ягон муқовимат Кобулро ишғол кард. Англисҳо гумон карданд, ки дар ин кишвар тулонӣ хоҳанд монд. Мардум даст ба ҷангҳои чирикӣ зада зидди англисҳо меҷангиданд. Аммо Дуст Муҳаммадхон омада худро ба ҳукумат таслим кард ва ба Ҳиндустон интиқол дода шуд.
2 ноябри ҳамон сол дар Паврон нируҳои англис шикасти сахтро муваҷҷеҳ шуданд ва бозпас гаштанд. Мардуми афғон рӯзи 2 ноябри соли 1841 дар Кобул шӯриш бардоштанд ва резиденти бритониявӣ  дар Кобулро муҳосира карданд. Александр Бернс резиденти англис дар либоси занона фирор кард ва дастгир шуду кушта шуд. Муқовиммати сахти мардумӣ ва зимистони хунуки он сол лашкари англисро аз по афтонд ва Англия ночор ин сарзаминро тарк гуфт.
Дар ҷанги аввали англо-афғон  аз соли 1838-1842 анҷом ёфт ва дар дy ҷанг беш аз 16 ҳазор аскари англис кушта шуд. Тавре муарихин меоваранд аз лашкари 16 ҳазора танҳо як нафар ҷон ба саломат бурдааст.
Соли 1843 Дуст Муҳаммад боз баргашт ва англисҳо аз шикасти худ дар ин мулк эътироф карданд.

Ҷанги дуввум

Соли 1878 боз нируҳои англияву ҳинду бо сардории Фредрик Робердсон ба Афғонистон ҳамла карданд ва Ҷалолобод, Кандаҳор ва Кобулро ғасб карданд. Амири афғон Шералӣ кишваррро ба Яқубхон супорида худ ба тарафи Осиё фирор кард. Яқубхон амири нави Афғонистон соли 1879 бо Англия шартономае баста тибқи он қисмате аз заминҳои худро ба Англия бахшид. Аммо баъди чанд моҳ резиденти навтаъини Англис Луи Каваняри бо ҳамроҳии атрофиёнаш кушта шуд, ки ба ҷанги дувввуми афғон ибтидо бахшид.  Соли 1879 беш аз 100 ҳазор мардуми афғон ба по бархостанд. Нируҳои Аюбхон соли 1879 Ҳирот ва Кандаҳоро аз англисҳо озод карданд аммо дар наздикии Кобул аз ҷониби нируҳои Робертс шикаст хӯрданд. Соли 1881 ӯ ба Форс фирор кард.
Дар ин замон Абдурраҳмонхон, ки аз дасти Шералӣ ба назди генерал Абрамов ба Самарқанд гурехта буд, соли 1880 ба Афғонистон бозпас омад ва тарафдорони худро ҷамъ кард.
Барои музокира ба назди ӯ Лепел Гриффин намояндаи Англия фиристода шуд ва ӯро раҳбари тамоми Афғонистон пазируфтанд.  22 июли соли 1880 англисҳо бори дуюм Афғонистонро тарк карданд.

Ҷанги саввум

Соли 1919 мардуми Афғонистон барои ба даст овардани истиқлолияти пурраи худ аз фишори беруна ба по бархостанд. Кӯшишҳои бо зурӣ тобеъ кардани Афғонистон аз тарафи англис барор нагирифт.
Соли 1919 Амонуллохон таҳти амирии Афғонистонро соҳиб шуд. ӯ кумаки артиш ва ҳизби "ҷавонафғонҳо" пурра ба даст овардани истиқлоли пурраи сиёсии худ аз Англияро эълон кард. Бори саввум  3 май нируҳои англисӣ-ҳиндӣ ба Афғонистон ҳамла карданд. Дар муқобили он Амонуллохон эълони ҷиҳод кард ва беш аз 50 ҳазор нафар нируҳо ба ҷанг бархостанд ва аммо ба зуди аз тарафи англисҳо торумор шуданд. Баъди ин  Англия бар зидди Афғонистон ҷанг эълон карда Кобул, Ҷалолобод ва чандин шаҳри дигарро бомбаборон кард. Дар ин замон дар Ҳиндустон низ ҳаракатҳои озодихоҳӣ сар баланд карданд, ки Англия маҷбур шуд бо Афғонистон сулҳ кунад. Ҳамин тариқ 8 августи соли 1919 шартномаи сулҳ байни Англия ва Афғонистон баста шуд, ки тибқи он истиқлолияти худро дар сиёсати хориҷӣ Афғонистон ба даст овард.

Истиқлолият ба Афғонистон чӣ дод?

Афғонистон дар тӯли 93 соли истиқлолият ҳамеша даргири кашмакашиҳои дохилии худ буд. Дар тули таърих қариб тамоми амирон ва раҳаброни ин кишвар  бо роҳи осоишта ба сари қудрат наомадаанд, балки ҳама дар натиҷаи табадуллот ва инқилобҳо ҳукуматро соҳиб шудаанд.
Танҳо дар замони Зоҳиршоҳ аз соли 1933 то 1973 ин сарзамин каме нафаси ором кашидааст. Солҳои шоҳро бештари коршиносон солҳои "тилоӣ" номидаанд. Дар тули ин солҳо ба Афғонистон мутахассисони бешуморе аз хориҷа оварда шуданд.
Ба занон иҷозати таълим гирифтан дар интихобот ширкат кардан дода шуд. Аъзои оилаи шоҳӣ ҳаққи гирифтани ягон вазифаи давлатиро надоштанд. Дар ин давра матбуоти озод, ва парлумони интихобӣ рӯи кор омад.  Хулоса танҳо як давраи кутаҳе буд, ки мардуми ин кишвар ором буданду тавонистанд кишвари худро каме обод кунанд, аммо боз бо кудатои Довудхон, писарамаки Зоиршоҳ боз фирқабозиҳо ва парокандагӣ дар ин кишвар сар зад, ки ахиран соли 1979 шуравиҳо ворид шуданду ин кишвар барои солҳои тулонӣ оғуштаи хун монд.
Соли 2001 лашкари  беш аз садҳазораи Амрико ва ҳампаймонаш бо баҳонаи барҳам задании терроризми байналмиллӣ ва аз байн бурдани Бин Лодин  бо тонку тайёра ва бомбҳои 5 тоннаву рокитҳои Томогавка ба сари мардуми ин кишвар рехтанд ва инак 11 сол аст, ки ба мардуми афғон "оромӣ ва демократия" меоваранд. Аммо то ҳанӯз вазъ дар кишвар ноором аст, мардум  дар фақру нодорӣ қарор доранд ва маводи мухаддир ҳамон аст, ки кишт мешаваду ҳеч не ки осудагиеро мардум интизор бошанд…

Афғонистон ва Тоҷикистон

Афғонистон дар раванди сиёсии кишварҳои ОМ ҳамеша таъсиргузор будааст. Махсусан дар садсолаи ахир дар тамоми таҳаввулотҳои ин минтақа нақши он пурра ҳувайдост. Нахустин кишваре, ки Афғонистонро ба расмият шинохт Иттиҳоди шуравӣ буд ки соли 1919 ҳамкориҳои худро ба ин кишвар роҳандозӣ кард. Ба назари бархе аз коршиносон ҳамин "наздики"-и Кобул бо Кремлин буд, ки ҳаракатҳои миллӣ озодихоҳии мардуми ОМ бар зидди комунистон натавонист муваффақ шавад.
Дар эҳёи ҳаракатҳои рушанфикрии солҳои 80-90 низ Афғонистон таъсири бевоситае дошт. Агар нируҳои истиқлолхоҳ ва озодандеши он замонро нигарем дар раъси ҳамаи онҳо дар собиқ шуравӣ ва маҳз Тоҷикистон ашхосе меистонданд, ки дар замони таҷовузи шуравӣ ба Афғонистон дар он ҷо адои вазифа мекарданд. Ҳамчунин дар бедории миллӣ низ. Ҳамаро ном бурдан шояд замоне фурсат шавад ва танҳо бо Тоҳири Абдуҷаббор меъмори истиқлоли Точикистон иктифо мекунем, ки дар таҳаввулоти фикрии ӯ Афғонистон бе таъсир набуда ааст.
Ҳамчунин ҷанги таҳмилӣ ва фирори беш аз 160 ҳазор тоҷик ба Афғонистон, Ҳаракати исломии Тоҷикистон ва баъдан ИНОТ дар ин кишвар таъсис ёфтанд.

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)