Бахшҳо
04 сен 2012 09:03Гузориш

Шаҳрванди амрикоӣ бо хуни фаластинӣ

28 aвгусти 2012 ва ин бор пас аз гузашти 10 сол, дунё шоҳиди зулмe дигар аз режими ҷинояткори Исроил буд. Ин бор мардуми ҷаҳон ва расонаҳои дунё нaзорагари поймол кардани ҳуқуқи фарде дар додгоҳҳои ҷинояткори исроилӣ буданд, ки на танҳо рангу бӯе аз адолат дар он ҷо дида намешавад, балки қозӣ танҳо маъное ки намедонад; адолат асту бас.

Расонаҳои ҷаҳон шоҳиди ҳукми сафедшавии қотили исроилии духтари амрикоӣ ба номи Рошел Кури буданд. Духтаре аз табори Вашингтони Амрико, ки ин бор абарқудратҳои aмрикоӣ ва исроилии ҳампаймон бо якдигар, бофарёди озодихоҳӣ, қотили фардеро сафед карданд, ки танҳо сади роҳи булдузери  исроилӣ барои пешгирӣ аз вайронкунии хонаҳои фаластиниён шуда буд.
Шаби якшанбeи 16-3-2003 Рошел Курии 24-сола, тарафдори сулҳ, шаҳрванди aмрикоӣ ва аз аҳолии иёлати Вашингтони Амрико, ба ҳамроҳи 8 тан  аз дӯстони худ дар ҷунбиши ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин "ISM" - 5 тан амрикоӣ ва 3 тан  аз Англия- дар маҳаллаи Алислом, воқeъ дар ҷануби шаҳри Рафaҳ, дар Навори Ғазза, саъй мекунанд, ки аз иқдоми як дастгоҳ булдузери низомии режими саҳюнистӣ дар вайрон кардани яке аз хонаҳои фаластинӣ, дар наздикии навори марзии Фаластин бо Миср,  воқeъ дар дар ҷануби шаҳри Рафaҳ, пешгирӣ кунанд.

Муқовимати Кури бо булдозери тахрибкор

Кури дар баробари булдозер истод ва аз сарнишини булдозер хост, ки василаашро мутаваққиф созад. Вай як пироҳани зардранге пӯшида буд, ки аз дур қобили ташхис буд. Ин сулҳталаб бо баландгӯи худ бо ронанда сӯҳбат мекунад ва бақияи дӯстонаш низ дар фосилаи 15 то 20 метрии Кури бо фарёд аз ронанда мехоҳанд, таваққуф кунад.
Дар ҳоле ки булдозер ҳамчунон ба сӯи вай ҳаракат мекард, бар рӯи як тeппаи хокӣ рафт, вақте ки хост аз булдoзер дур шавад, бар замин афтод ва дар натиҷа булдoзер ӯро дар хок дафн кард. Дар ҳамин замон дӯстони Кури фарёд мекашиданд ва ба ронандаи булдoзер ишора мекарданд, ки таваққуф кунад, ки дар ин ҳол булдозер чанд метр пештар истод ва теғаро боло бурд, сипас онро поин овард ва ба ақиб ҳаракат кард.
Пас аз ин ҷиноят низомиёни ишғолгар ҳеч гуна кӯмакеро ба Кури накарданд ва пас аз чанд дақиқа як мошини ёрии таъҷилии фаластинӣ ба макони ҳодиса расид ва Куриро ба бемористони шаҳид Муҳаммад Юсуфӣ наҷҷор дар Рафaҳ мунтақил кард,ки дар ҳамон ҷо эълом шуд ки вай фавт карда аст.
Додгоҳе дар Ҳанифо ронандаи булдозуре, ки Рошел Куриро зер гирифт, аз ҳар гуна иттиҳоми қатл бегуноҳ карда ва худи Куриро сабабгори марги худ хонд!

Аз нақли Жозеф Смит, дӯсти Рошел:

...Яке аз аҳоли Рафaҳ пизишке буд, ки аз Рошел ва дигар дӯстони мо ағлаб дар хонаи ӯ иқомат мекрданд. Булдозер ба самти хонаи у омад. Рошел сари роҳи нишаста буд, аз руй баландӣ ба хубӣ метавонистем давру барамонро бубинем Рошел куртаи норинҷии барроқе ба тан дошт ва дар фосилаи ҳудуди 15 метрии булдозер руи замин нишаcта буд, дар ин aсно мисли бақияи ҳамқаторонамон, ки тавониста буданд булдузерҳоро ба ақибнашинӣ водор кунанд, шуруь ба ҷунбишу ҷушу фарёд кард.
Булдoзер ҳамчунон пеш меомад ва дар наздикии Рошел хокро зеру ру мекард. Тепае аз хоки бо бели булдозер канда шуда, шакл гирифт. Агар  булдозер ҳамон ҷо тормуз карда буд, шояд дар ниҳоят пои Рошелро мешикаст. Аммо булдозер бо пешравии худ Рошелро ба зер кашид.
Ба тарафи булдозер давидем доду фарёдро андохтем, яке аз дӯстон  бо балангу фарёд мекашид, аммо ронанда ҳамчунон беэътино ба доду фаёди мо ба пеш ронд ва Рошеллро комилан зер гирифт,сипас бидуни он ки белро баланд кунад, ба қафо ҳаракат кард ва ҳамин тавр ки ба хати марзи боз мегашт, Рошелро руи замин маҷақ ва мисли хамир кард.

Се нафар ба тарафи Рошел давиданд ва бе диранг кумакҳои аввалияро шуруь карданд, баданаш ошу лош , сураташ хунин ва пусташ кабуд шуда буд, бо садоиу заиф гуфт: камаарам шикаст! Дигар аз у чизе нашунидем, уро ба паҳлу хобонидем, то дар сурати истифроқ ё хунрезӣ хафа нашавад. Нишонаҳои хунрезии мағзиро ташхис додем, сарашро боло гирифтем, то ҳушёриаш ҳифз шавад. Булдозерe, ки дар фосилаи се метрии мо кор мекард, даст кашид ва ба самти марз ақиб нишаст ва дар наздикии булдозер қотил таваққуф кард. Танк ба мо наздик шуд, то авзоро баррасӣ кунад. Наъразанон гуфтем булдозер аз руи дустамон убур карда ва у мемирад, аммо дареғ аз каломе, ки аз даҳони сарбозон берун биёяд, на кумаке карданд ва на саволе пурсиданд, бо бисим паёмҳое радду бадал карданд ва бидуни ақибнишинӣ, миёни ду булдозер таваққуф карданд.
Яке аз ҳамқатаронам ба хонаи духтур давид, то уро барои  кумак биёварад ва ёрии таъҷилӣ хабар кунад. Мо бо телефони худ наметавонистем шумораи ёрии таъҷилиро бигирем, ба сарбозон иттилоь додем, ки амбулонси Фаластини дар роҳ аст, то ба суяш тирзндозӣ накунанд.

Ёрии таъҷилӣ расид, имдодгарон  бо ба хатар андохтани ҷонашон аз амбулонс берун омаданд ва барои интиқоли Рошел,  давон давон ба навори марзӣ рафтанд, мо низ ҳамчун сипари инсонӣ, нагузоштем тирандозони танк ба имдодгарон осеб бирасонанд( қаблан борҳо муртакиби ин амал шуда буданд).
Аз булдозерҳо акс гирифтем, аммо тасвирбардори аз ронанда ба хотири шишаҳои дудии утоқаки булдозер мумкин нашуд. Рошелро ба амбулонс расонданд. Чашмонаш боз буд ва ҳануз нафас мекашид, аммо осори дарди шадид аз симояш пайдо буд. Чаҳор ҳамқаторам Рошелро то бемористони Ал-Наҷҷор ҳамроҳи карданд. Ҷасади Рошелро ки рӯяш малофаи сафеде буд, аз бемористон хориҷ карда, марги уро ба ҳамa эьлон карданд.

Рӯзи баде барои башарият

Ба гузориши хабаргузории Форс ва ба нақл аз рӯзномаи «Дейли телеграф» имрӯз додгоҳи расидагӣ ба парвандаи қатли Рошел Кури, ки дар Ҳайфои Исроил баргузор шуд ва бар хилофи далелҳо ва санадҳои  марбут бар ин парванда, дар ин додгоҳ райь ба бароати режими саҳюнистӣ дода шуд.
Судури ин ҳуком он ҳам бо вуҷуди далелҳои ошкоре ки дар заминаи қатли Рошел вуҷуд дорад, муҷиби этирозоти гуистардае шудааст. Дар ин миён Синди Кури, модари Рошел Кури, ки ба ҳамроҳи 50 нафар аз ҳомиёни вай барои ширкат дар додгоҳ ба Исроил сафар карда буд, пас аз эьломи ҳукм, нороҳатии худ аз ҳукми содираро эьлом карда ва имрузро рузе бад барои башарият ва ҳуқуқи башар донистааст.

Вай пас аз зудури ин ҳукм гуфтааст: «Қатьан мо аз он чӣ ки имруз шунидем ва он чи ки қозӣ эьлом кард, амиқан ғамгин шудем, нороҳат шудем, фикр мекунам, ки имрӯз рӯзи баде буд, на танҳо барои хонавода, балки рӯзе бад барои ҳуқуқи башар, барои башарият, барои ҳокимияти қонун ва ҳамчунин барои Исроил.
Вай ҳамчунин афзудааст ки аз ҳамон ибтидо мушаххас буд, ки раванди бозрасӣ ба наҳве аст, ки битавонад аз низомиёни Исроил ва аз сарбозоне, ки аъмоли ғайринсонӣ анҷом медиҳанд, ҳимоят карда ва ба онҳо дахлнопазирӣ бахшанд.
Илова бар Синди Кури, Ҳусейн Абу Ҳусейн, вакили хонаводаи Кури низ бо интишори баёнияе, ба интиқод аз ҳукми содиршуда пардохта ва ин ҳукмро мӯҳри тасдиқе бар амалкарди нодуруст ва ғайриқонунии режими саҳюнистӣ донистааст.
Умедворем, марги Рошел таваҷҷуҳи дунёроба хушунатҳои дадманишонаи Исроил ҷалб кунад, зеро чигунагии қатл далели мaҳкам бар куштани ғайринизомиён ва афроди бесилоҳ ба дасти исроилиҳо аст.
Дар ин миён фаластиниён бо посдоштани хотираи Рошел мегӯянд; ту хориҷӣ будӣ, акнун аз моӣ!




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)