Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Вакуум ё реп мехонем:

29 сентябр 2012, 05:20

Бархӯрди аҷибе! Бегоҳӣ аз кор баргашта, дар мошине, ки ҷониби деҳа ҳаракат мекунад, савор мешавам. Ҳанӯз пур нашудааст аз одамон. Дар нишастгоҳи қафо як зани миёнсол, ки муаллимаи мактаб аст ва се ҷавони дигар, ки тақрибан 15-16 солаанд, нишастаанд. Аз телефонии ҳамроҳи кадоме аз ин ҷавонон овози хирросии ба ном ҳофизе баланд мегардаду баланд мегардад. Хайр чӣ, хондан бигирад ин ҳофизи кӯчагӣ, ҳаволааш ба Худо! Чун дар давлати демократӣ зиндагӣ ба сар мебарем, ин вазъ ҳеҷ ҷойи нигароние надорад. Бошад, ки бошад. Аммо…

("мезанем - бо чаллаву бо калла")

Шумо боре бипурсед, ки чӣ суруде мехонад он марғулаовоз? Чӣ моҳияте дорад он суруда? Лаҳни сароидонаш чӣ таъсире ба мусофирон мерасонад? Хиррос мезанаду хиррос мезанад ҳофизи ҷавони кӯчагӣ.
Чун хирсе, ки дар беша роҳ гум кардааст ё шабеҳи гурги пире, ки дар дами марг аст, ё зайли калзоғест, ки аз селаи худ ҷудо мондааст, ё…
Дар тасаввури ман валлоҳ, ки бад-ин сурату ҳол ҷилва мекунад он ҳофизи "модний". Ҷавонон механданду завқ мебаранд, баландтар мекунанд овози ҳофизро.
Гӯшҳо ба қомат омада, сарҳо кандуи замбӯри асал гардида… хаставу лакотанд мусофирони дигар, билхоса он бону, ки муаллима аст.
- Эй бачаҳо, илтимос, ҳамон тилфонатона пасттар кунед,-хоҳиш дар миён меандозад марди сарсафеде, ки Зоир ном дорад ва шиноси дерин аз солҳои донишҷӯиям мебошад. Худамон аз саҳар то бегоҳ дар бозор нишаста, сахт монда шудаем, боз шумо ба "болои сӯхта намакоб" ин ҷо як ҳофизиеро "пешкаш" мекунед, ки ҷони касро ба лаб меорад. Илтимос…

Ҷавонон сари мӯе аз ин пешниҳод парво надоранд. Механданд, чун доираи ақлу тафаккурашон то бад-ин ғоят аст, на зиёду на кам.
- Эй бачаҳо,-ғазабаш омада, хитоб мекунад ба онҳо ҳамон муаллима. Ҳамин овози ҳофизатона паст не, балки тамоман хомӯш кунед. Ин мардуми бечора мазоҳу масхараи шумоянд? Кошки боз ягон суруди бамаънӣ бихонад. Ин чӣ хел ҳофизист? Гапҳои фаҳш, беадабона… доду ғавғо, ростӣ аз сӯҳбати сари кӯча фарқаш намекунӣ. Хомӯш кунед, тезтар…

- Ин ҳофизира реп меган, хола, реп,-мефаҳмонад ба таври худ яке аз ҷавонҳо, ки худро донову фозил мегирад.
- Нафоридтон? Хай, ина "куштемша". Шумо қаноат кардед? Қадри репа чӣ медонед…
Сукунате ба амал омад. Ва пас -он муаллима ранҷидахотир ҳасрат кард, ки "замонҳои пеш ҳофизон сурудҳои бомаънӣ мехонданд, одам гӯш намуда кайфияту ҳаловат мебурд. Барно Исҳоқова, Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳанифа Мавлонова… эҳ, бисёр буданд. Чӣ хел ширин, самимиву пуртаъсир месароиданд. Ҳоло чӣ? Ана, бубин маймунбозира. Аз қавли мардум "хара биёр, хандара харсавор кун…"

…Рост, ҳамин тавр буд. Ҳоло бошад, "реп" месароянд. Вале ҳоло танҳо сухан сари мавзӯи "реп" ҳам нест. Меҳвари андешаи мо бефаросатию бефарҳангии ҷавонон аст. Дар охири қарни ХХ1 як насле ба камол мерасад, ки на тафаккури фарохи созанда дорад, на ақли комилу тамом. Инҳое, ки донишҷӯи фаъоланд, дар хориҷа таҳсил мекунанд ва мутассил ҳуқуқи худро нек медонанд, фоизи хеле каманд. Ва бахши зиёди ин насл, дареғо кӯтоҳбину хомандешанд.
Эътироз накунед, бародарони меҳрубони ман. Ин ҳаракату амалҳое, ки аз кишвару билоди олам ба чашм намерасад. Дар Руссия бо ҳама серодаму серғавғо буданаш бо чунин манзараҳо дучор намеоӣ. Ин гуна рафтор беақлист, камоли аз фарҳангу адаб қафо мондан аст. Ба Худо, ки механданд ба ҳоли ин тоифае, ки як ҳофизи бозориро баланд гузошта, дар дилхоҳ маркази ҷамъиятӣ халал эҷод мекунад.

Ба як сухан, "девонаи 99" меноманд эшонро ва аз вуҷуди онҳо парҳезу дурӣ меҷӯянд. Бовар намекунед? Равед, бо ду чашми сар бубинед, бе муболиға!
Вале ҳоло нуктаи муаммобарангез он аст, ки чаро ин ҳофизони навзуҳури "репсаро" дар ҳама ҷо: ҳам кӯчаву чорроҳаи деҳа, ҳам хонадонҳои рустоиён, ҳам дар шаҳру бозор, мактабу донишгоҳҳо ва басо манзилу макон ва мақбултарин сарояндагон табдил гардидаанд?

Ҳамин "реп"-ро, ки дар дохили мусофирбар ба мусофирон тазъиқи рӯҳӣ овард, дар чорроҳаи деҳа низ аз телефони ҷавонон гӯш карда будам. Ва моҳияташ хандаовару булаҷабе. Дар ин суруд аз хусуси ҷавоне ҳикоят карда мешавад, ки донишҷӯ асту ба донишгоҳ ба дарс меравад. Баъд суханони муаллими донишгоҳ, саҳеҳтараш декани факулта, ки ӯро сиёсат мекунад, оварда мешавад. Чун аз дарс фориғ мегарданд, дар роҳ бо духтарон суханҳое аз ишқу ошиқӣ радду бадал мекунанд ва ҳамаи он суханон фаҳшу дур аз фазлу адаб ва дар ғояти бефарҳангии комил баён мешаванд. Ва воқеаҳои реп чунин ҷараён мегиранд, ки аз рӯ ба рӯи ҷавонони донишҷӯ чанд нафаре, ки ба эшон кирдору рафторашон писанд намеояд, ба пайдо меоянд. Ва байни онҳо ҷанҷол зуҳур мекунад ва инон бо корд ба бадани "ҳарифони худ" мезананд ва мисрае аз сурудаи мазкур дар хотирам мондааст, ки: "мезанем бо чаллаву бо калла" мақсаду муҳтавои инчунин таронаҳо аз чӣ иборат буда? Кӣ ба худ боре дар ин боб савол дода? Сабаб чист, ки майдони "санъатварони" нохонда ва рустоӣ бад-ин ҷойгоҳи васеву фарох расида?

Ва чаро ҷавонон маҳз дил ба ин сурудаҳо додав а дар ҳавои хирросзании  онон вақту соати умри худро барбод медиҳанд?
Посух дар ин мавзӯъ ҳеҷ мушкилие надорад. Фазои тарбияи фарҳангии мардум, хосатан насли нав холӣ монда.
Ва кунун ин холигоҳро (вакуумро) бо чӣ метавон пур кард? Бо маҷаллаи "Садои шарқ", ки ҳамаги ҳазор нусха чоп мешавад, ин ҳам дар кишваре, ки зиёда аз 7 миллион аҳолӣ дорад. Аслан ба тасдиқу таъйиди бархе аз омӯзгорон ва хонандагони деҳу шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ вақтҳои охир  ин маҷалла бо як идда осори бадеии хонданӣ таваҷҷӯҳбарангез гардида. Аммо чун теъдоди нашри он бағоят кам аст, на ба ҳамаву на ба кулли деҳоту музофот пурра мерасад. Ин як мушкил. Мушкили дигар аз мутолиа дур мондани бахши аъзами гурӯҳҳои ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин масъала зиёд ҷавононро гунаҳкору муҷрим мешуморем, ки соле ҳадди ақал як китобаке намехонанд. Вале боре касе суол ба миён намегузорад, ки чаро онон аз мутолиаи осори бадеӣ "қимобанд"?
Бархе гаронии нархи китобҳоро яке аз сабабҳо мешуморанд.

Чуноне як ҷавони муҳоҷир бо исми Билолиддин аз ноҳияи Рӯдакӣ иброз дошт, ӯ бисёр мехоҳад то китоби дуҷилдаи "Самаки айёр"-ро, ки шоҳкории насри ривоятии форсу тоҷик мебошад, мутолеа кунад. Ва чун аз дукони китобфурӯшии шаҳри Душанбе хостааст онро харидорӣ кунад, дар баҳои дандоншикании он китоб ангушти ҳайрат газидаасту лол мондааст. Баҳои дуҷилдаи мазкур 145 сомониро ташкил медода.

Як сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, ки ба сабабе ному насаби худро ошкор насохт (ҷавони 20-22 сола) аз он изҳори таассуф кард, ки ду сол боз орзуи харидану мутолиа кардани асари нодиру гаронбаҳои "Таърихи табарӣ"-ро (низ дар ду ҷилд) дорад, вале нархи он бас сангин аст: 120 сомонӣ. Ва бояд зикр кард, ки инчунин ташнагону толибони осори бадеӣ бисёранд дар байни ҷавонон.  Садову симои тоҷик дар замоне, ки тараққиёту рушди босуръат ва ҳамагири навтарин васоити электронӣ, дастгоҳҳои иттилоотиву ахборӣ ва шабакаҳои интернетӣ ва мавҷгирҳои ҷадид ҷаҳонро фаро гирифтааст, наметавонаду натавониста истодааст, ки дар тарбияи завқу маърифатбахшии мардум, ба хусус, ҷавонон нақши боризу мондагор бибозад. Дигар ҷавонони замони муосирро наметавон бо барномаву намоишҳои қолабиву якранг, таҳлилҳои маснуии дилбазан ва ситоишу мадеҳагӯиҳои беохир дар хусуси пешравию қаҳрамонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба худ ҷалб намуд. Аз анъаноту стереотипҳои қолабиву кӯҳнаи замони шӯравӣ, ки таърифу ситоишро меҳвари аслии кору фаъолияти худ қарор додааст, садову симо хусусан телевизион) бояд раҳо ёбад, вагарна аудиторияи худро, ки асосан ҷавонону наврасонанд, битамом аз даст хоҳад дод.

Дар ин замина, аз родиоҳои ба истилоҳ мустақил сурудҳое шунавонида мешаванд, ки ҷои таассуф ва нигаронӣ дорад. Родиои Имрӯз алҳол яке аз сермухлистарин расона дар байни ҷавонон ҳисоб меёбад. Аммо бисёр ҳангом аз тариқи ин радио суруду таронаҳои ба ном "ҳофизоне" садо медиҳанд, ки хандабарангезанд ҳатто. Минҷумла, рӯзе ҳофизе месарояд, ки: "эй, духтарак, ҳасти шоҳпарак, куҷо шуди ту бедарак…"

Ё дирӯз буд, ки як таронасарои ҷадид мехонд, тақрибан ин тавр: "ман ҳамонам, ки ҳамон, барои ту ҳамонам ҳамон…"
Ва ин байтро такрор-такрор то ба поён расидани суруд он ҳофиз сароид. На ҳарфе илова кард, на калимае. Намедонам, Рустами Ҷонӣ шахси донову закӣ ва рӯзноманигори ҳирфаист, аммо чаро пахш намудани чунин музахрафотро аз ҷонибони овозхонони кӯчабозорӣ дар радиои "Имрӯз" ба як раванди воқеӣ табдил додааст?
Дар интиҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки ҷомеаи ҷавононро вақт аст аз сардаргумию бебандуборӣ ва надоштани ғояву консепсияи миллии боҳадаф берун бикашем, то тавонанд дар сохтмони ормонҳои ояндасози ин Ватан нақши муҳим бозанд ва сӯву самти воқеиву саҳеҳи талошу муборизаро ба онон ҳидоят намоем.

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!