Бахшҳо
29 сен 2012 06:16Гузориш

Зарифӣ аз СММ бо чӣ бармегардад?

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар иҷлоси 67-уми Маҷмааи Умуми СММ ҳузур дорад ва қарор аст, дар мавриди истифодаи оқилонаи захоири об пешниҳодотеро ироа намояд, ки ҳанӯз касе аз он хабар надорад. Дар ҳоле ки дар гузашта пешниҳодҳои президенти Тоҷикистон бо вуҷуди мавриди пазириш қарор гирифтан, амалӣ нагардид, оё пешниҳоди Зарифӣ метавонад чизеро тағйир диҳад?

«Об барои ҳаёт» дастоварди бузурги Тоҷикистон?
Ҳайати давлати Тоҷикистон дар раъси Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷа ба манзури ширкат дар иҷлоси Маҷмааи Умумии СММ (МУ СММ) дар Ню-Йорк қарор дорад ва Тоҷикистон тасмим гирифта дар МУ СММ ташаббуси наве дар мавриди истифодаи оқилона аз захираҳои обӣ матраҳ намояд. Сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов гуфтааст, ки ин ташаббус рӯзи шанбе дар паёми Ҳамрохон Зарифӣ эълон хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, қаблан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар СММ дар заминаҳои обу муҳити зист пешниҳодоти худро ироа карда буд, ки аз ҷониби СММ пазируфта шудаанд. Чунончи бо пешинҳоди райисҷумҳури Тоҷикистон МУ СММ тарҳи даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт-2005 -2015»-ро тасвиб кард ва моҳи июни соли 2010 дар Душанбе конфаронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» баргузор шуд. Дар кори он коршиносони зиёде аз хориҷи мамлакат ширкат намуданд. Аммо суол ин ҷост ки оё чунин пешниҳодоте аз сӯи Тоҷикистон дар СММ чӣ бурде барои кишвар дошт ва оё тавонист мушкилоти ҷойдошта миёни кишварҳои Осиёи Марказиро дар хусуси об ҳал намояд?

Коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов бар ин назар аст, ки барои пурра амалӣ намудани пешниҳодҳо сармоягузории зиёд лозим аст ва чун Тоҷикистон чунин захоире надорад, чунин менамояд, ки таъсир камтар аст: «Дар соири кишварҳое, ки доро ҳастанду захоири моддии зиёд ва имконоти кишоварзӣ доранд, чунин тарҳҳои хеле бузургу гаронро амалӣ карда метавонанд. Аммо дар Тоҷикистон чунин имконият вуҷуд надорад».       
Аммо Ҳикматуллоҳи Саидиён, раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Ваҳдат» дар ин бора назари дигар дорад. Номбурда мегӯяд, ки бардоштани масъалаи об кайҳо боз кӯҳна гаштаасту ба ҷони дигар аъзои СММ «задааст»:
-Шояд дар аввал ин масъала аз бузургтарин дастовардҳо буд. Дигар чӣ масъаларо бардоштаанд, ки қобил гуфтан бошад? Ҳоло дар ҷаҳон масъалаи об дигар матраҳ нест. Чун ки ҳоло имкони истифодаи оби баҳрҳо бо роҳи тоза кардан вуҷуд дорад».

Пешниҳоди Зарифӣ мушкилотро ҳал мекунад?
Пешниҳоди Зарифӣ то куҷо ҷиддӣ хоҳад буд ва хоҳад тавонист мушкилоти марбут ба об дар минтақа, ба вижа байни Тоҷикистону Ӯзбакистонро ҳал намояд?  
Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, пешниҳоди Зарифӣ натиҷа хоҳад дод, вале ҳоло масоили муҳимтаре ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб мекунад. Маслан ба ҳаводиси ҷанги Сурия ва Ховари Миёна бартарият медиҳанд. Ин масъалаҳо хеле муҳиманд, ки диққати зиёдеро ба худ ҷалб мекунанд».     
Ҳикматуллоҳи Саидиён ҳам бо тақвияти ин ҳарфҳо мегӯяд, барои Тоҷикистон масъалаҳое ҳаст, ки бардоштани он беҳтару хубтар аз масъалаи об мебошад: «Аз ҳама асосӣ ҳоло барои Тоҷикистон масъалаи Толибон дар Афғонистон мебошад, ки дар ҳолати хурӯҷи нерӯҳои Амрико тамоми минтақа зери суол қарор мегирад. Зеро ин ҳолат метавонад оромиро дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна ва ҳатто дар ҷаҳон барҳам занад».

Дар ҳамин ҳол бархе коршиносон «пешниҳоди оби»-и Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунанд. Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, захоири хуби нушокӣ дорад камтар мешаваду теъдоди аҳолӣ зиёд ва истифодаи об ҳам дар ҳоли фузӯншавист: «Ин албатта мушкил эҷод мекунад ва истифодаи оқилона ин аст, ки аз об ҳар чи камтар истифода бурдан лозим асту самаранокияшро бештар бояд гардонид. Ин як чизи хуб аст, хусусан барои кишварҳое, ки бо пахтакориву ғайра машғуланду ҳаҷми зиёди обро масраф мекунанд. Дар Исроил об кам аст, вале онро тавре истифода мебаранд, ки ҳосилнокии пахтазорҳояшон аз Осиёи Марказӣ дар ҳамин вақту соат 4 маротиба бештар аст. Аз ин рӯ бояд коре кард, то нарасидани об барои омма мушкил наофарад. Албатта дар Осиёи Марказӣ давлатҳои ҳамсоя ба оби зиёде эҳтиёҷ доранд, аммо истифодаашон ба дараҷаи матлуб ҳам нест. Вале таври маълум, оне, ки қавитар аст, сухани заъифтареро чандон гуш намекунад. Мутаасифона барои минтақаи мо, ки аҳамияти зиёде дорад, як принсипи чунин муносибатҳо роиҷ аст. Оне, ки қавитар аст, ба пешниҳоду сухани оне, ки аз имконоти камтаре бархурдор аст, таваҷҷӯҳ намекунад. Дар сатҳи минтақа пешниҳодоти Тоҷикистон бештар бо ҳамин гуна воқеият бархӯрд мекунад ва агар хоҳем пешниҳоди мо дар чӣ мавриде, ки набошад, дастгирӣ ёбад, худамонро бояд тавонотар гардонем ва вақте муқтадиртар гашетм, он вақт пешниҳодоти мо дигар мегардад».

СММ ба Тоҷикистон кумак карда наметавонад?
Пешниҳодоти Тоҷикистон дар мавриди истифодаи оқилона аз захоири об мавриди қабулу тасдиқи СММ мегардад, пас чаро ин созмон барои иҷроиши ин тарҳҳо кишвари моро ҳимояи сиёсиву молӣ намекунад?      
Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар ин маврид мегӯяд: «Албатта пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ амри хуб аст, вале бояд эътироф кард, ки дар 10-15 соли ахир худи СММ ҳамчун созмоне, ки қаблан аз як обрӯи казоӣ бархурдор буд, акнун дар он сатҳ нест ва ҳар як абарқудрат ба гуфтаҳояшу ба қарорҳояш эҳтироми чандон намегузораду имрӯз мутаасифона чунин шудааст, ки қарорҳои пазируфтаи СММ барои дигарон як сармашқи амал намегардад. Ин ҳам як воқеият аст. Дар пешниҳоди обу ғайра агар абарқудратҳо дурусттар дастгирӣ мекарданду аз паси тадбиқи он мешуданд, ин гапи дигар мебуд. СММ мутаасифона дар ҳоли ҳозир чандон созмони дорои нерӯи мустақил несту воситае гашта барои пиёда кардани ҳадафу ба амал даровардани сиёсатҳои геополитикии ин ё он абарқудрат».

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мӯътақид аст, ки дар асоси барномаи рушди «USDIE» созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳои Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳанд кард ва дар чорчуби ҳамин барномаҳо ин тарҳҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна вуҷуд дораду амалӣ мегардад: «Ин тарҳҳо ба ин роҳ пиёда мешаванд, вале барои ҳалли он кӯмакҳое, ки ҳоло вуҷуд доранд, нокофиянд».     

Аз он ки пештар президент дар хусуси об пешниҳодотеро матраҳ карду аммо он ба таври воқеӣ амалӣ нагардид ва натавонист ихтилофоти кишварҳои болооби Осиёи Миёна ва поёнобро рафъ намояд, оё ин дафъа пешниҳоди Зарифӣ ҷуз пазириш аз сӯи СММ иҷро ҳам хоҳад шуд?

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, амалӣ кардани пешниҳодоте, ки аз сӯи Тоҷикистон мешаванд, дар Осиёи Миёна хеле мушкил аст, чун на Ӯзбакистон на Қазоқистон ва на дигар кишварҳо ба таври пурра ин принсипро истифода намебаранд. Зеро барои ҷорӣ кардани таҷҳизоти нав маблағи хеле зиёд зарур аст.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ мегӯяд, модоме, ки ин чизҳо дар чорчуби пешниҳоди бузургтар аз ҷониби президент матраҳ шуда буд, ин ҳам албатта пазируфта мешавад, вале амалигардонии он як мавзӯи дигар аст: «Ба гумон аст, ки ҳатто ҳамон чизҳои пазируфта шуда ба таври бояду шояд амалӣ гарданд. Албатта пешниҳод кардану аз пайи он шудан лозим, вале воқеият ҳамин аст, ки то абарқудратҳо пешниҳодро ҷиддӣ напазиранд, шонси ба куллӣ амалӣ гаштани онҳо чандон зиёд нест».

Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)