Бахшҳо
10 окт 2012 12:56Гузориш

Эътирози мусофирони «Тоҷик-эйр» дар фурудгоҳи Душанбе

Аз соати 6-и субҳи имрӯз, то соати 17-10-и бегоҳ беш аз 100 мусофирони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-эйр» дар интизори хатсайри Душанбе-Истамбул буданд.

Аз интизории зиёд мардум асабонӣ шуда, даст ба эътироз заданд. Роҳатой Мӯъминова тоҷирзане, ки ба Туркия мебоист парвоз мекард, ба хабарнигори Озодагон гуфт:  «Мо аз соати 6-и субҳ интизорем, ин ширкат моро хеле асабонӣ кард ягон нафар барои фаҳмондани мушкил ба назди мо наомад. Аз субҳ то ҳол бо баъзеҳо бо кўдакон гушнаю ташна шиштаем. Чанд маротиба ба назди утоқи маълумотдиҳии фурудгоҳ  рафтем, мегўянд, ки баъди ним соат парвоз мешавад, аммо ним соат-ним соат  10 соат шуду то ҳол парвоз накардаем. Ман баъди бозгашт албатта ба ҷои зарурӣ шикоят мекунам».  

Як модар, ки фарзандашро гусел мекард, ба мо ибрози назар карда афзуд, ки онҳо аз  Қўрғонтеппа соати 2-и шаб баромадаанд то ба сабти ногм ва ба қайдгирӣ дер накунанд: «Писарам донишҷў аст, дар донишгоҳи Истамбул таҳсил мекунад, барои гуселаш омадам, то ҳол интизор шиштаем».
Ҳамзамон, Исмоил Ғафуров, директори тиҷоратии ширкати «Тоҷик-эйр» сабаби сари вақт парвоз накардани ҳавопайморо дар мушкили фаннӣ мебинад: «Аснои ташхиси техникӣ маълум гардид, ки тайёра нуқс дорад, аз ҳамин сабаб ҳавопаймо парвоз карда натавонист. Мусофирон дар ҳар тараф буданд, мо намефаҳмем, ки кӣ мусофири мо аст. Се нафар менеҷерҳои мо дар байни мусофирон кор карда фаҳмонданд, ки чунин мушкилӣ шудаст, баъди бартараф кардани мушкили ҳавопаймо парвоз мекунад».

Нилуфари КАРИМ

Аз идора: Чанд лаҳза қабл аз нашри матлаб, аз  ширкати Тоҷик-эйр ба Озодагон иттилоъ расид, ки саворшавии мусофирон ба ҳавопаймои хатсайри Душанбе- Истамбул шурӯъ шудааст     


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)